Мирзиёев хостори гуфтугӯҳои фаврии сулҳ дар Ғазза шуд

Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев хостори оғози фаврии гуфтугӯҳои сулҳ дар навори Ғазза ва пешгирӣ аз марги ғайринизомиён дар даргириҳои Фаластину Исроил шуд.

"Оқибатҳои ҷанги хунин дар навори Ғазза, ки нуҳ моҳ мешавад идома дорад, моро сахт андуҳгин кардааст. Ин задухӯрдҳо, ки ҷони тақрибан 40 ҳазор кас, аз ҷумла занону кудаконро рабудааст, ҳеч гуна тавҷеҳе надорад. Мо даъват мекунем, ки амалҳои хушунатомез фавран қатъ ва гуфтугӯҳои сулҳ оғоз карда шавад”, - изҳор доштааст Мирзиёев 6 июл дар саммити Созмони кишварҳои туркзабон дар шаҳри Шушаи Озарбойҷон.

Президенти Узбекистон бори дигар таъкид карда, ки шарти асосии таъмини суботи стратегӣ ва сулҳ дар Шарқи Наздик таъсиси давлати мустақил ва озоди Фаластин аст.

Қаблан Мирзиёев муносибати кишварҳои ғарбӣ ба вазъ дар навори Ғаззаро меъёри дугона номида буд. Ба гуфтаи ӯ, кишварҳое, ки ба таври густарда демократия ва ҳуқуқи башарро таблиғ мекунанд, ба куштори мардуми осоишта дар Ғазза чашм мепӯшанд.