Шавкат Мирзиёев: “Нирӯгоҳи Қамбаротаро якҷоя месозем”. АКС

Амлмосбек Отамбоев ва Шавкат Мирзиёев

Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбакистон, гуфт, ки ӯву президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев мушкили оби минтақаро “ҷиддӣ” баррасӣ карданд. Ӯ гуфт, Отамбоев ризоят додааст, ки ҳеҷ сохтмони нирӯгоҳ дар ҳудуди ин кишвари болооб бе иштироки Узбакистон сурат нахоҳад гирифт. Мирзиёев рӯзи 5-уми сентябр дар Бишкек гуфт, “ман комилан бо чунин мавқеъ мувофиқам. Мо якҷоя нирӯгоҳи Қамбаротаро месозем.”

Имрӯз телевизиони Қирғизистонро тамошо кардам. Мардум мегӯянд, ки наход баъди сафари президенти Узбакистон мо тавонем мисли пешина ба Андиҷон биравем? Наход ин кор имконпазир бошад? Ман мехоҳам бигӯям, ки бале, имконпазир аст!”

Президенти Узбакистон, инчунин, хабар дод, ки тарафҳо дар бораи суръат бахшидан ба сохтмони роҳи оҳани Чин – Қирғизистон – Узбакистон ва роҳи мошингарди Ӯш – Андиҷон – Қошғар мувофиқат кардаанд. Шавкат Мирзиёев рӯзи сешанбе бо як сафари расмӣ вориди Қирғизистон шуд ва ӯву бонуи аввали Узбакистонро раиси ҷумҳур Алмосбек Отамбоев ва ҳамсараш Раиса Отамбоева истиқбол гирифтанд.

Шавкат Мирзиёев гуфт, қаробати бештар бо ҳамсояҳо аз авлавияти кори онҳост ва даъват кард, ки раисони вилоятҳо ва ҳокимони ноҳияҳои ду кишвар масоили мавриди назарашонро худ ҳал кунанд, на инки ишораи болоро интизор бошанд. Ӯ, ҳамчунин, гуфт, ҳайати онҳоро як гурӯҳи соҳибкорон ҳамроҳӣ мекунад ва афзуд, бисёр мехоҳад, тоҷирони ду кишвари бидуни кадом монеае бо якдигар дидор кунанд.

Аксҳои бештар дар инҷост:

Сафари Шавкат Мирзиёев ба Қирғизистон

“Агар мо ба онҳо халал нарасонем ва монеа нагузорем, онҳо ҳама корро худашон хоҳанд кард. Ман ба ин бовар дорам”, -афзуд ӯ. Вай дар идомаи ин суханонаш аз панҷ соли раҳбарии Алмосбек Отамбоев ҳам ситоиш кард ва гуфт, нуфузи Қирғизистон дар ин муддат дар сатҳи байналмилалӣ боло рафтааст. Ӯ гуфт, “он суботе, ки Алмосбек Отамбоев эҷод кардааст, кори бузург аст.”

Отамбоев дар навбати худ сафари Шавкат Мирзиёевро барои мардуми ду кишвари ҳамсоя дорои “аҳамияти таърихӣ” номид. Ӯ гуфт, мардуми ду кишвар ин сафарро бисту панҷ сол боз интизор буданд.

Раиси ҷумҳури Қирғизистон изҳори умед кард, ки ин сафар чандин масоилро ҳал ва саҳифаи наверо дар муносиботи ду кишвари ҳамсоя боз хоҳад кард. Баъди анҷоми мулоқот Алмосбек Отамбоев ва Шавкат Мирзиёев дар маросими имзои чанд санади ҳамкорӣ иштирок карданд. Аз ҷумла, дар ин рӯз созиши ду кишвар дар бораи марзи давлатӣ ба имзо расид.

Шавкат Мирзиёев гуфт, ки Алмосбк Отамбоев дар мулоқоти рӯзи сешанбе дар бораи гузаргоҳҳои марзӣ ҳам суҳбат кардааст. “Ман имрӯз тақрибан 20-25 дақиқа телевизиони Қирғизистонро тамошо кардам. Мардум мегӯянд, ки наход баъди сафари президенти Узбакистон мо тавонем мисли пешина ба Андиҷон биравем? Наход ин кор имконпазир бошад? Ман мехоҳам бигӯям, ки бале, имконпазир аст!” – изофа кард ӯ.

Алмосбек Отамбоев дар охир аз Шавкат Мирзиёев сипосгузорӣ кард, ки ӯро барои анҷоми як сафар ба Узбакистон даъват кардааст. Ӯ гуфт, ин даъватро бо хушҳолӣ пазируфт ва умевдор аст, моҳи октябри имсол сурат мегирад.

Отамбоев моҳи декабри соли гузашта низ бо як сафар ба шаҳри Самарқанди Узбакистон рафта, баъди гулгузорӣ дар сари қабри раиси ҷумҳури пешини ин кишвар Ислом Каримов бо Шавкат Мирзиёев мулоқот анҷом дода буд.

Ислом Каримов 2 сентябри соли 2016 бар асари сактаи мағзӣ даргузашт ва се моҳ баъдаш дар пайи интихоботи раёсатҷумҳурӣ нахуствазир Шавкат Мирзиёев пирӯз шуд. Мирзиёев дар як соли кораш ба ҳамкории наздиктар бо ҳамсояҳои Узбакистон даъват карда, талош кардааст сиёсати иқтисодии кишварро барои ҷаҳони беруна боз кунад.