Додситонӣ тафтиши парвандаи Хайрулло Мирсаидов, хабарнигор ва раҳбари КВН-и Тоҷикистонро пас аз шаши боздошт анҷом додааст. Ба қавли манобеи наздик ба тафтиши парванда, иттиҳоми "барангехтани кинаю адовати миллию мазҳабӣ" аз рӯи моддаи 189-и Кодекси ҷиноӣ алайҳи ӯ бардошта шудааст.
Айбдорӣ аз рӯи моддаи "барангехтани кинаю адовати миллию динӣ" алайҳи ӯ бинобар ба исбот нарасидани ваҷҳҳои айбдорӣ бекор шуд
Гулчеҳра Ғоибназарова, ёвари варзидаи додситони Суғд, рӯзи 17-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, тафтиши парвандаи Хайруллоев ба анҷом расида, қабл аз фиристодан ба додгоҳ, таҳти бозбинии ниҳоӣ қарор дорад. Ӯ гуфт, "баъд аз ин дар наздиктарин рӯзҳо парванда ба додгоҳ фиристода мешавад."
Мақомоти додситонӣ дар марҳалаи ниҳоии тафтиши парванда умдатан рӯи 2 модда -- "барангехтани кинаю адовати миллию динӣ" ва "расонидани хабари бардурӯғ" дар парвандаи Мирсаидов ва бардоштан ё мондани онҳо тамаркуз доштанд. Вале мақомоти додситонӣ баъд аз анҷоми тафтиши парванда низ аз сӯҳбат сари ин масъала худдорӣ меварзанд.
Аз шӯъбаи тафтиши додситонии Суғд ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки аввали ҳафтаи оянда маълумоти ниҳоӣ дар бораи парванда ва тибқи кадом моддаҳои кодекси ҷиноӣ айбдор шудани Мирсаидовро ироа хоҳанд кард. Дар ҳамин ҳол як манбаи наздик ба тафтиши парвандаи Мирсаидов гуфт, айбдорӣ аз рӯи моддаи "барангехтани кинаю адовати миллию динӣ" алайҳи ӯ бинобар ба исбот нарасидани ваҷҳҳои айбдорӣ бекор кардаанд.
Ба қавли ин манбаъ, ки нахост аз ӯ ном бурда шавад, ин қарор бар асоси хулосаи ташхиси мутахассисон гирифта шуд, ки дар саҳнаҳои ҳунарнамоии гурӯҳи КВН аломатҳои "барангехтани кинаю адовати миллию динӣ"-ро ошкор накард ва бар асоси хулосаи ин ташхис моддаи мазкур аз парванда берун карда шуд.
Ҳамчунин, ба гуфтаи ин манбаъ, тафтиши додситонӣ маълум кардааст, ки Мирсаидов на беш аз 300 ҳазор сомонӣ, чунонки қаблан мақомоти додситонӣ гуфта буданд, балки ҳудуди 100 ҳазор сомонӣ маблағи аз будҷа барои гурӯҳи КВН ҷудошударо "барои харҷҳои хусусии худ ва ба таври ғайримақсаднок", истифода кардааст.
Сафири ИМА дар САҲА: Ҳабси Мирсаидов баёнгари фишор болои озодии матбуот аст
Ин дар ҳолест, ки рӯзи 17-уми май дар ҷаласаи САҲА намояндаи ИМА бори дигар нигаронии худро аз боздошти журналист Хайрулло Мирсаидов баён кард. “Ҳабси Мирсаидов баёнгари фишори афзоянда болои озодии матбуот дар Тоҷикистон аст. Бисёр журналистон водор шуданд, ки кишварро тарк кунанд”, гуфт Ҳаррӣ Камиан, раҳбари намояндаии ИМА дар САҲА дар Вена. “Фишор боиси баста шудани чандин расонаи хабарӣ шуд. Фазои ҷомеаи маданӣ дар Тоҷикистон маҳдуд мешавад ва созмонҳои ҷамъиятӣ бештар таҳти фишор қарор мегиранд”.
Иттиҳоми Мирсаидов баъди нома ба президент
Хайрулло Мирсаидов рӯзи 5 декабри соли 2017 дастгир гардид ва додситонии Суғд пас аз се рӯз Хайрулло Мирсаидовро дар нақзи моддаҳои Кодекси ҷиноӣ оид ба “азонихудкунӣ ё исрофкорӣ” (банди 245), "барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ (189, 2, "Г"), "сохтакорӣ, тайёр кардан ё ба соҳибияти каси дигар додани ҳуҷҷат, мукофоти давлатӣ, штамп, мўҳр ва бланкаҳои қалбакӣ" (340) ва “дидаю дониста расонидани хабари бардурўғ (соддаи 346)" айбдор эълон кард.
Дар робита бо боздошту баррасии қазияи Мирсаидовро аксар созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон ва инчунин кишварҳои ғарбӣ, аз ҷумла ИМА ва Иттиҳодияи Аврупо изҳори нигаронӣ карда озодии билофосилаи ӯ ва таҳқиқи одилонаи қазияи ӯро тақозо карданд.
Аз ҷумла, созмони Human Rights Watch гуфт, боздошту муттаҳам шудани журналист баъди он сурат гирифт, ки ӯ дар номаи бозе ба унвонии президент Эмомалӣ Раҳмон як мақоми ҳукумати Суғдро дар талаби пора айбдор кард. Мирсаидов дар ин номаи худ, ки моҳи ноябри соли 2017 дар саҳифааш дар Фейсбук нашр шуд, гуфт, ки гӯё як мақоми ҳукумати Суғд аз ӯ барои ихтисоси пуле, ки барои барномаи ҳозирҷавобони КВН ҷудо мешуд, як миқдор подош ё пора талаб кард. Иддаое, ки мақомот ҳамеша онро рад кардаанд.
Боздошти ин рӯзноманигор ва аз ҳама бештар омили сиёсӣ гирифтани парвандаи ӯ аз рӯи банди 189-и Кодекси ҷиноӣ мавриди нигаронии созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи инсон ва рӯзноманигорӣ қарор гирифт. Масъули САҲА дар умури озодии матбуот Ҳарлем Дезир аз мақомоти Тоҷикистон тақозо кард, ки Хайрулло Мирсаидов аз боздоштгоҳ озод шавад. Дар изҳороти дигар дар ин робита ҳайати Иттиҳодияи Аврупо дар назди САҲА ҳам аз тамдиди боздошти журналисти тоҷик изҳори нигаронӣ карда аз Тоҷикистон хост, ки мутобиқ ба ӯҳдадориҳои байналмилалиаш амал кунад.
Мақомоти Тоҷикистон дар як посух ба САҲА охири моҳи апрел гуфтанд, парвандаи Мирсаидов на сиёсӣ, балки як парвандаи қаллобист. Дар номаи намояндагии Тоҷикистон, ки нусхааш рӯзи 24-уми апрел ба дасти Радиои Озодӣ расид, гуфта шудааст, "парвандаи Мирсаидов сиёсӣ нест, балки як қазияи қаллобист."
Исми Хайрулло Мирсаидов дар Тоҷикистон бо фаъолияташ дар оҷонсии хабарии “Азия-Плюс” ва радиои "Мавҷи Олмон" ошно аст. Вай солҳои охир раҳбарии тими ҳозирҷавобони "КВН"-ро бар ӯҳда дошт ва тимаш дар барномаҳои телевизионии ҳозирҷавобони КВН дар Маскав аз Тоҷикистон намояндагӣ мекард. Дар оғоз гуфта мешуд, ки эҳтимолан боздошти Мирсаидов ба саҳнаҳои ҳазломези ин тим бастагӣ дорад, ки дар онҳо ба мушкилоти муҳоҷирони тоҷик дар Русия ҳам муроҷиат кардааст.