Мақомоти Тоҷикистон овозаҳо дар мавриди фирори маҳбусон аз зиндони шаҳри Хуҷандро рад карданд. Субҳи 3 май сокинони Хуҷандро пайдо шудани низомиёни силоҳбадаст дар роҳҳои вурудии шаҳр ва бахусус қисмати шимолии соҳили дарёи Сир, ба ҳайрат овард.
Аз қабл эълон нашудани ин амалиёт, дар байни сокинон овозаҳоеро ба миён овард, ки як ё чанд маҳбус аз зиндон фирор кардаанд ва низомиёни мусаллаҳ онҳоро ҷустуҷӯ доранд.
Масъулон дар Суғд мегӯянд, мақомоти қудратӣ дар Хуҷанд амалиёте таҳти унвони “Ҳалқа” доир мекунанд, вале қаблан эълон нашудани ин амалиёт, дар байни сокинон овозаҳое ба миён овард, ки як ё чанд маҳбус аз зиндон фирор кардаанд ва низомиёни мусаллаҳ онҳоро ҷустуҷӯ доранд.
Соати 8-и субҳи чаҳоршанбе аз маҳаллаҳои 3 то 20-уми Хуҷанд дар сари роҳҳои мошингард афсарон ва сарбозон “Калашников” дар даст ба чашм мерасиданд. Дар чанд ҷо мошинҳои “Камаз”-и пур аз низомиён ҳам дида мешуд. Вале чеҳраи онҳо орому осуда ба чашм мерасид ва осори ҳаяҷон ё изтироб хонда намешуд.
Як сокини маҳаллаи 8-уми шаҳри Хуҷанд дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар атроф ва назди даромадгоҳҳои биноҳои бисёртабақа сарбозону афсарон дида мешуданд ва аз одамону нақлиёт назорат мекарданд.
Муҳсин Юсуфов, аз масъулони бахши матбуоти Раёсати корҳои дохилии Суғд, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин амалиёт таҳти унвони “Ҳалқа” ба хотири дастгир кардани маҳбусони шартии фирорнамуда аз зиндон баргузор мешавад.
"Тибқи барномаи амалиёт, 5 “маҳбуси шартӣ”, ки нақши онҳоро кормандони пулис иҷро мекунанд, аз маҳбас фирор намуда, тамоми нерӯҳои мақомоти қудратӣ барои боздошти онҳо сафарбар шудаанд", - гуфт Муҳсин Юсуфов. Ӯ афзуд, дар ин амалиёти густурда сафсарону сарбозони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қудратӣ иштирок доранд.
Амалиёти шартӣ барои боздошти маҳбусон дар Хуҷанд аз сӯи мақомоти қудратӣ дар ҳолест, ки 17 июни соли гузашта се маҳбус – Рамзуллохон Дадохонов, Ҳабибҷон Юсуфов ва Мирзозариф Қаюмов аз зиндони рақами 3/3-и шаҳри Хуҷанд талоши фирор карда буданд. Ҳангоми фирор онҳо Ёрмамад Алимамадов, сардори бахши назорат ва тарбият дар ин маҳбасро бо корд куштанд.
Аммо аз фирориҳо Мирзозариф Қаюмов дар задухӯрд бо зиндонбонҳо ба ҳалокат расида, Ҳабибҷон Юсуфов захмӣ ва билофосила дастгир шуд. Танҳо Рамзуллохон Дадохонов тавонист аз девори бетонии симхорпечи маҳбас берун ҷаҳида, фирор кунад.
Дар пайи фирори Дадохонов дар саросари шаҳру Хуҷанду атрофи он ва ҳатто дар Душанбеву вилояти Хатлон ва минтақаи бо вилояти Суғди Тоҷикистон ҳаммарзи Бодканди Қирғизистон тадбирҳои шадиди амниятӣ ба роҳ андохта шуд ва Рамзуллохон Дадохоновро рӯзи 19 июн дар канори Хуҷанд, дар ҳудуди ҷамоати Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гирд карданд. Вазорати корҳои дохилӣ хабар дод, ки “маҳбуси фирорӣ Додохонов Рамзуллохон Ҷӯрабоевич ҳангоми муқовимати мусаллаҳона нишон додан аз силоҳи оташфишон, аз ҷониби мақомотҳои дар боло зикргардида безарар гардонида шуд."
Аз ин қабл, дар соли 2010 биступанҷ зиндонӣ аз СИЗО-и Душанбе фирор карда буданд. Аксари онҳое, ки моҳи августи соли 2010 фирор карданд, дастикам 20 сол ҳукми зиндон доштанд. Аз онҳое, ки моҳи июн аз зиндони Хуҷанд қасди фирор карданд, Рамзуллохон Додохонов, сокини 28-солаи Исфара бо иттиҳоми терроризм ба 20 соли зиндон, Ҳабибҷон Юсуфови 36-сола аз шаҳри Хуҷанд бо ҷурми роҳзанӣ низ ба 20 соли зиндон ва Мирзозариф Қаюмов, ки ҳангоми фирор кушта шуд, низ аз шаҳри Хуҷанд буда, бо ҷурми ифротгароӣ ба 14 соли зиндон маҳкум шуда буд.