Додгоҳи гарнизони ҳарбии шаҳри Душанбе таҳқиқи ҳодисаи марги сарбози қисми ҳарбии Вазорати дифоъ (воқеъ дар ҷамоати Сағирдашт) Парвиз Дӯстматовро оғоз карда ва ҳамхизмати ӯ Фаррух Бозоровро ба маҳкама кашидааст.
Мукаррама Дӯстматова, модари Парвиз ба Радиои Озодӣ гуфт, додгоҳи ҳарбӣ рӯзи 5 октябр мурофиаи қатли писараш аз тарафи ҳамхизматаш Фаррух Бозоровро шурӯъ кард, ки дар куштори Парвиз муттаҳам мешавад.
Ӯ гуфт, аз рӯи гуфтаи сарбоз Фаррух Бозоров шаби 13 июл дар соати 4-и субҳ, ҳангоми аз хоб бедор шудани сарбозҳо омада ба гӯши Парвиз дод задааст, ки аз хоб хезад. Вақте ӯ дар посух мегӯяд, ки "чаро дод мезанӣ?", муноқиша мешавад. Фаррух гӯиё аз ошхона корд оварда ба
қафаси синаи Парвиз задааст. Бар тибқи хулосаҳои тафтишот, бо сабаби сари вақт нарасидани кумаки тиббӣ, сарбоз Парвиз Дӯстматов ҷон додааст.
Шоҳин Ҳофизов, фармондеҳи қисми ҳарбии Вазорати дифоъ дар ҷамоати Сағидашт рӯзи 6 октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ба далели набудани чархбол дар ин қисми низомии кӯҳӣ Парвиз Дӯстматови захмӣ сари вақт ба бемористони дорои васоили пешрафтаи тиббӣ интиқол наёфт ва ба ҳалокат расид. Сарбозро тавонистанд танҳо то бемористони маҳаллии ҷамоати Сағирдашт интиқол диҳанд, вале бо сабаби набуди шароити зарурии тиббӣ ӯ ҷон дод.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Шоҳин Ҳофизов гуфт, вай ҳеч нафарро гунаҳкор намедонад ва танҳо додгоҳ маълум хоҳад кард, ки Фаррух гунаҳкор аст, ё на.
Тавре модари Парвиз, сарбози кушташуда, мегӯяд, дар додгоҳ Фаррух Бозоров нақл кардааст, ки қасди куштан ва ё барқасдона ба ҳалокат расондани ҳамхизматашро надоштааст ва намедонад ин фалокат чӣ гуна рух додааст. Модари Парвиз мегӯяд 2 октябр қарор буд Парвиз хизмати аскариро ба анҷом расонда ба хона бармегашт.
Парвиз Дӯстматов баъд аз хатми мактаб ба Академияи милитсия ҳуҷҷат супорид, аммо аз сабаби хурд будани ҷуссааш ба академия қабул нашуд. Ба ин далел довталабона ба хизмати аскарӣ рафт ва мехост, ки пас аз адои хизмат дубора ба Академияи Вазорати корҳои дохилӣ ҳуҷҷат супорад. Парвиз пештар дар шаҳри Қӯрғонтеппа хизмат мекард, аммо бо ҳадафи таҷрибаи беҳтари низомӣ ба қушунҳои зудамал гузашт.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад