Қотилони Абдуваҳҳоб ба 33 соли зиндон маҳкум шуданд

Додгоҳи низомии вилояти Хатлон ду сарбози муттаҳам ба қатли ҳамхизматашон Абдуваҳҳоб Қаюмовро ба 16 ва 17 соли зиндон аз озодӣ маҳрум кард.

Додгоҳи низомии вилояти Хатлон, дар ҷануби Тоҷикистон рӯзи 2 сентябр ду сарбози Сараёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон - Шӯҳрат Ёқубов ва Исмоил Маҳмадёровро дар куштори ҳамхидматашон Абдуваҳҳоб Қаюмов гунаҳгор эълон кард. Бар тибқи ҳукми додгоҳ, ин ду сарбоз ба 17 ва 16 соли зиндони низомаш шадид маҳкум шуданд. Дар ин бора ба радиои Озодӣ Тоҳир Искандаров, раиси додгоҳи низомии вилояти Хатлон хабар дод. Вай гуфт, ҳамчунин додгоҳ прапоршик Хусрав Одинаев, як масъули қисми низомиро, ки бидуни огаҳӣ қисми ҳарбиро тарк карда ва дар натиҷа ҳодисаи лату кӯби шадиди Қаюмов рух додааст, ба 2 соли зиндон муҷозот кард.

Амириддин Қаландаров, вакили Абдувоҳид Қаюмов гуфт, ки падару модари сарбози кушташуда аз ҳукми додгоҳ қаноатманданд. Мурофиа се рӯз идома кард ва намояндагони матбуот ба он роҳ дода нашуданд. Волидони сарбозони маҳкумшуда аз ҳукм норозӣ буда, гуфтаанд, ки ба додгоҳи зинаи болоӣ шикоят мебаранд. Вокуниши прапоршик Одинаев

Абдуваҳҳоб Қаюмов

ба ин ҳукм маълум нест.

Мурофиаи додгоҳии ду сарбоз ва як фармондеҳи гумонбар дар қатли Абдуваҳҳоб Қаюмов, ки ба ҳангоми хизмат дар қисми ҳарбии марзбонии 2747, воқеъ дар шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон, ба ҳалокат расид, рӯзи 31 август дар додгоҳи гарнизони ҳарбии вилояти Хатлон дар шаҳри Қӯрғонтеппа шурӯъ шуд. Айбдоршавандаҳо се низомӣ - сарбозони қаторӣ Шӯҳрат Яъқубову Исмоил Маҳмадёров ва командири гурӯҳи онҳо, прапоршик Хисрав Одинаев - нишастаанд.

Амриддин Қаландаров, вакили дифои хонаводаи Абдуваҳҳоб Қаюмов, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ин афрод дар як ҳодисаи моҳи июли имсол Қаюмов ва чанд сарбози дигарро бо баҳонаи ин ки гӯё барои рафтан ба ошхона барои ғизои нимирӯзӣ зуд саф наоростанд, мавриди латту кӯби шадид қарор додаанд. Бар асари ин зарбу лат Абуваҳҳоб ба ҳалокат расида, 7 ҳамхидмати дигари ӯ ҳоло дар додгоҳ ба ҳайси ҷабрдида иштирок доранд.

Қаюмов ҳамагӣ ду моҳ дар артиш хизмат карду бас. Додгоҳи ҳарбии вилояти Хатлон мегӯяд, ду сарбоз - Шӯҳрат Яъқубов ва Исмоил Маҳмадёровро мутобиқи 2 банди Кодекси ҷиноии Тоҷикистон - моддаи 373, қисми 2 (вайрон кардани қоидаҳои

оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбӣ) ва 392, қисми 1 (муносибати хунукназарона ба хидмат) ва командири гурӯҳ – Хисрав Одинаев аз рӯи танҳо банди 110, қисми 3 (қасдан расондани зарари вазнин ба саломатӣ) гунаҳкор медонад.

Абдуқаюм Исматов, амаки сарбози кушташуда дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки Абдуваҳҳоб Қаюмов рӯзи 4 майи соли равон синни 18-ро пур карда, 5 май яке аз аввалинҳо буд, ки довталабона аз зодгоҳаш - ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба хидмати сарбозӣ рафт.

Баъди 2 моҳи хизмат рӯзи 6 июл ҷасади ӯро ба хонаашон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оварданд. Падари Абдуваҳҳоб деҳқони оддӣ буда, баъди марги фарзанд муддате дар ҳолати шок қарор доштааст. Вай дар як сӯҳбаташ бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки хулосаҳои ташхиси тиббиро дар даст дорад. Дар он навишта шудааст, ки бо “чизҳои сахту кунд” ба мӯҳраҳои 3 ва 4-и гардан ва сараш задаанд, ки гардан ва “пардаи ғафси мағзи сараш шадидан осеб дида, сабаби маргаш шудааст”.

Наздикони Абуваҳҳоб мегӯянд, вақти шустани ҷасадаш доғ ва нишонаҳои зарбу латро дар танаш дидаанд. Ба гуфтаи онҳо, намояндагони қисми ҳарбии 2747 низ инро тасдиқ кардаанд.

Парвандаи марги Абдуваҳҳоб Қаюмовро Сарпрокуратураии ҳарбии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе таҳқиқ карда, барои баррасӣ ба Додгоҳи ҳарбии вилояти Хатлон ирсол кардааст. Амридин Қаландаров, вакили дифои Абдуваҳҳоб Қаюмов мегӯяд, додгоҳ рӯзи 1 сентябр бо пурсиши ҷабрдидагон ва шоҳидони ҳодисаи латту кӯби сарбозон идома кард. Парвандаи марги Абдуваҳҳоб Қаюмов баъди чанд рӯзи маргаш ба расонаҳо роҳ ёфт.