Ғасби пурсарусадои Мавсил аз сӯи “Давлати исломии Ироқу Шом”

Тасарруфи пурсарусадои Мавсил - дувумин шаҳри бузурги Ироқ - аз сӯи чирикиҳо суолҳоеро дар бораи тавонмандии артишу пулиси Ироқ ва ояндаи давлатдорони кунуниаш халқ кардааст.
Ҳуҷуми ногаҳонии ҷангиёни исломӣ ба шаҳрҳои бузурги Ироқ аз бадтар шудани авзои амниятӣ дар ин кишвар дарак дод. Ҷангиёне, ки гуфта мешавад бо созмони “Давлати исломии Ироқу Шом” пайванд доранд, шоми 9-уми июн биноҳои асосиро дар дуюмин шаҳри бузурги Ироқ - Мавсил - ишғол карданд ва нерӯҳои пулисро рӯ ба гурез оварданд.

“Давлати исломии Ироқу Шом” чӣ гуна гурӯҳ аст? Дар бораи ин гурӯҳ чӣ иттилоъе мавҷуд аст ва ҳуҷуми ахир чӣ маънӣ дорад?

Давлати исломии Ироқу Шом

Аз ин гурӯҳ гоҳо ҳамчун “Давлати исломии Ироқу Сурия” низ ном мебаранд. Ин як ҷиноҳи бурида аз Ал- Қоида аст, ки дар пайи бунёди як хилофат дар манотиқи суннинишини шимоли Ироқ ва Сурия мегардад. Теъдоди ин гурӯҳ мушаххас нест, аммо коршиносон аз ҳазорон нафар сӯҳбат мекунанд. Аз поёни моҳи декабри соли гузашта то ҳол созмони “Давлати исломии Ироқу Шом” якҷо бо дигар ҷангиёни суннимазҳаб назорати бахше аз вилояти Анбор, бо шумули шаҳри Фалуҷа ва бахше аз Рамодиро ба даст оварданд. Ал-Қоида аз ин гурӯҳ баъди чанд моҳи хусуматҳо дар моҳи феврали соли равон ҷудо шуд. “Давлати исломии Ироқу Шом” дар Ироқ ба ҷаррориву бешафқатӣ, гардан задан, шаллоқу шиканҷа ва талаби риояи шадиди қавонини исломӣ ном баровардааст. Ин гурӯҳ сигоркашӣ ва ҳар навъ равобити берун аз доираи заношӯиро мамнуъ кардааст.

Чаро маҳз Мавсил ҳадаф қарор гирифт?

Мавсил бо ҳудуди 2 миллион аҳолӣ баъди пойтахт, шаҳри Бағдод дуюмин шаҳри бузурги Ироқ ба шумор меояд. Дар ҳоле ки сокинони ин шаҳр намояндагони адён ва қавмҳои мухталиф ҳастанд, вале бахши умдаи онро суннимазҳабанд. Гурӯҳи “Давлати исломии Ироқу Шом” бошад бештар аз манотиқи арабҳои суннӣ тавон мегирад, - мегӯяд Кеннет Поллак, аз пажӯҳишгоҳи Брукинг.

Мавсил аз ҷиҳати ҷуғрофӣ низ аҳамияти стратегӣ дорад. Ин шаҳр дар канори рӯдхонаи Даҷла воқеъ аст ва ин дастрасиашро ба бозорҳои тиҷоратӣ аз тариқи роҳҳои обӣ осон мекунад. Лӯлаи интиқоли газ ба Туркия низ аз ҳамин шаҳр мегузарад. Шаҳр дар фосилаи каме бештар аз 100 километр аз марзи Сурия ҷойгир аст, ки назорати сарҳадро бар ҳарду сӯи марз фароҳам меорад.


Кеннет Поллак мегӯяд: “Ин гурӯҳ мехоҳад марзҳоро аз байн бибарад ва аз Ироқу Сурия як давлат бисозад. Теъдоди чашмгири афсарони низомӣ ва сиёсатмадорони бонуфузи Ироқ дар ҳамин ҷо ба воя расидаанд.”

Майкл Найтс, коршиноси масоили амнияти Ироқ дар пажӯҳишгоҳи “Сиёсати Шарқи наздик” мегӯяд, ки гурӯҳи “Давлати исломии Ироқу Шом” фаъолиятҳои монанд ба амалкардҳои мафиозиро ба роҳ монда, бо назорат бар тамоми гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ шаҳрро ба пойгоҳи пулҷамъкунӣ табдил додааст: “Акнун онҳо мехоҳанд ба таври ошкор раҳбарӣ кунанд ва ин воқеъиятест, ки ҳеҷ фирқае дар Ироқ наметавонад онро нодида бигирад

Чаро ҳуҷуми ахир пураҳамият буд?

Майкл Найтс меафзояд: “Ҳаҷми густардаи ҳадаф ба хотири намоиши тавонманндии ин гурӯҳ (ISIL) аст. Фалуҷа, Рамодӣ - инҳо шаҳракҳои хурд нестанд, аммо чандон бузург ҳам нестанд. Мавсил дар муқоиса бо онҳо метрополис ё бузургшаҳр аст. Ин монанд ба ин аст, ки террористҳо ба Даллас ваё Филаделфия ҳуҷум кунанд. Ин аломати нерӯмандии онҳост, нерӯе ки гумон надорам, каси дигар бигӯяд, ки аз ин гуна нерӯ бархӯрдор аст.”

Найтс мегӯяд, ин далел ки гурӯҳи “Давлати исломии Ироқу Шом” идораҳои давлатӣ дар Мавсилро ишғол кард, фаротар ва болотар аз як ҳарҷу марҷи маъмулӣ дар Ироқ аст.

Чаро аскарон ва ходимони пулиси Ироқ рӯ ба фирор меоранд?

Гузоришҳо дар бораи фирори нерӯҳои амниятии Ироқ аз фишори “Давлати исломии Ироқу Шом” як воқеъияти дигарро ошкор кард, ки рӯҳияи аскарон дар низоъҳои мусаллаҳонаи кишвар аҳамияти вежа дорад. Найтс аз аксиомаи Наполеон Бонапарт мисол меорад, ки гуфтааст, “бартарии рӯҳия бар ҳолати ҷисмонӣ се бар як аст.” Найт мегӯяд, “дар Ироқ ин шаш бар як аст. 400 сарбози содиқ қудрати инро дорад, ки як артишро пароканда, бесилоҳ ва ба фирор маҷбур кунанд.” Дақиқан мисли байти маъруфи Фирдавсии бузург, ки:

Пароканда лашкар наояд ба кор,
Дусад марди ҷангӣ беҳ аз сад ҳазор.

Посухи ҳукумати Ироқ

Асил Нуҷайфӣ - волие ки бе вилоят мондааст

Нахуствазири Ироқ Нурӣ Моликӣ аз порлумони кишвар дархости эълони вазъи изтирорӣ кард ва ба навиштаи матбуоти Ироқ, ҷаласаи порлумон ба 12-уми июн барномарезӣ шудааст. Рӯзи 9-уми июн Асил Нуҷайфӣ, волии вилояти Нинева, воқеъ дар шимоли Ироқ, аз тариқи телевизион сокинони Мавсилро ба мубориза алайҳи ҷангиён даъват кард. Бародари волӣ, сухангӯи порлумони Ироқ Усома Нуҷайфӣ аз ҳукумати Ироқ ва мақомоти Курдистон хост, ки ба Мавсил нерӯ бифиристанд. Ин мақом ҳамчунин гуфт, ки аз сафири Амрико дар Ироқ Роберт Бикрофт низ дархости кӯмак кардааст.