Лаҳзаҳои кору зиндагии Горбачёв дар аксҳо
Михаил Горбачёв ҳангоми муаррифии китобе дар бораи кору рӯзгораш. 29-уми феврали соли 2016
Соли 1966. Горбачёви ҷавон раҳбари Ҳизби коммунист дар Ставропол шуд
Соли 1960. Горбачёв (нафари севум аз тарафи рост) дар маъракаи бахшида ба Инқилоби Октябр дар Ставропол
Соли 1984. Михаил Горбачёв бо ҳамсараш, Раиса ва нахуствазири пешини Бритониё Маргарет Тетчер. Хонум Раиса соли 1999 даргузашт
Мулоқоти нахустинаш бо раисҷумҳури Амрико Роналд Рейган, моҳи ноябри соли 1985, Женева. Горбачёв моҳи марти ҳамон сол дабири кулли Ҳизби коммунист интихоб шуда буд
Маскав, моҳи марти 1986. Бо раиси ҷумҳури пешини Куба, Фидел Кастро
Михаил Горбачёв ва Роналд Рейган, президенти вақти Амрико, 8-уми декабри соли 1987 созишномаи маҳви мушакҳои миёна ва дурпарвозро имзо карданд
6-уми октябри соли 1989. Дидор бо раҳбари Олмони Шарқӣ Эрих Хонеккер. Пас аз як моҳ девори Берлин фурӯ рехт
Мулоқоти Михаил Горбачёв ва вазири корҳои хориҷии СССР Эдуард Шеварднадзе бо садри аъзами Олмони Ғарбӣ Ҳелмут Кол ва вазири корҳои хориҷӣ Ҳанс-Дитрих Геншер
Маскав, 26-уми феврали 1990. Горбачёв ва президенти Чехословакия Ватслав Ҳавел ҳангоми табодули аснод дар бораи хуруҷи нерӯҳои Шӯравӣ аз ин кишвар
Горбачёв ҳангоми раъйдиҳӣ дар ҳамапурсӣ. 17-уми марти соли 1991, Маскав
Михаил Горбачёв ва Ҷорҷ Буши калонӣ, 31-уми июли 1991
Ҳамроҳи Борис Елтсин, 23-юми августи соли 1991
Лаҳзаи суҳбат бо раисиҷумҳури Русия Владимир Путин. Олмон, моҳи декабри 2004
Берлин, 24-уми феврали соли 2011. Бо Ангела Меркел, садри аъзами Олмон дар намоишгоҳе, ки ба муносибати 80-солагии Горбачёв баргузор шуд.
Барандагони Ҷоизаи Сулҳи Нобел: (аз чап ба рост) Лех Валенса, Михаил Горбачёв, Фредерик Виллем де Клерк ва Ҷимми Картер. Чикаго, моҳи апрели соли 2012