Пулиси Маскав мегӯяд, фарди муттаҳам ба қатли як ҷавони русро боздошт кардааст, ки куштори ӯ сабаби ошӯби хушунатомез алайҳи муҳоҷирон шуд.
Ба гуфтаи пулис, Орҳан Зоҳидоғлу Зайналов, шаҳрванди Озарбойҷон дар қатли ҷавони 25 солаи маскавӣ даст дорад. Рӯзи якшанбе ба нишони эътироз аз қатли ин ҷавон, дар ноҳияи Бирюловои шаҳри Маскав тазоҳурот алайҳи муҳоҷирон аз Қафқоз ва Осиёи Марказӣ баргузор шуд, ки баъди муддате ба ошӯбу бенизомӣ печид.
Миллатгароёни рус бо истифода аз фурсат ба бозори умдафурӯшиии меваву сабзавот дар Берюлово ҳамла карданд, ки гуфта мешавад, Орҳан Зайналов онҷо кор мекардааст. Дар ошӯбҳо дар маҷмӯъ 23 нафар ба шумули 8 афсари пулис маҷрӯҳ шуданд. Мақомот гуфтанд, ки Орҳан Зайналов дар ноҳияи Коломна дар Маскав дастгир шуд. Пештар аз ин Эҳсон Зоҳидов, сухангӯи вазорати умури дохилии Озарбойҷон гуфт, мақомоти интизомии кишвараш омодаанд, дар пайдо кардани Орҳан Зайналов ба Русия кӯмак кунанд:
"Ҳеҷ амре барои боздошти шахсе бо номи Орҳан Зайналов вуҷуд надорад. Ин фард ҳеҷ гоҳ дар Озарбойҷон ба ҷинояте муттаҳам нашудааст ва амри боздошти ӯ ҳам набуд. Сардори пулиси Маскав мегӯяд, ки Русия барои кӯмак ба Озарбойҷон муроҷиат кардааст, вале бояд бигӯям, ки то имрӯз мақомоти ҳифзи қонуни Русия ҳеҷ гуна дархосте ба вазорати умури дохилии Озарбойҷон нафиристодаанд. Ҳеҷ гуна. Албатта агар онҳо дархост бифристанд, мо баррасӣ хоҳем кард.“
Алексей Пронкин, як сокини Маскав, ки Орҳан Зайналов дар хонаи ӯ иҷоранишин будааст, шоми душанбе баъди шиносоии ӯ дар телевизион ба мақомоти пулис хабар додааст, ки ин фардро мешиносад. Алексей Пронкин ба хабарнигорон гуфт, ҳамроҳ бо Орҳан Зайналов рӯзи душанбе дар телевизион хабарҳоро тамошо карда ва шӯхӣ ҳам кардааст, ки акси тираи фарди муттаҳам ба Орҳан Зайналов монанд аст. Баъди ин ба гуфтаи Алексей Пронкин, Орҳан Зайналов саросема чизу чораашро ҷамъ карда ва гуфтааст, ки ба сафари корӣ меравад. Ин сокини Маскав баъди нашри акси рӯшантари Орҳан Зайналов чанд соат баъдтар ӯро шинохтааст:
"Ман ӯро шинохтам. Жемпери кабуд ҳам дар тан дошт. Комилан чеҳраи ӯ буд."
Мақомоти Русия рӯзи душанбе дар бозори умдафурӯшии Бирюлово 1200 муҳоҷир аз Осиёи Марказӣ ва аз ҷумла тоҷиконро боздошт карданд. Бозор ҳам барои муваққат баста шудааст. Баъди ин ҳодиса, Геннадий Каверин, сардори шӯъбаи пулиси ноҳияи Бирюловоро рӯзи сешанбе аз мақомаш сабукдӯш карданд.