Таҳқиқоте таҳти унвони “Мушкилоти муҳоҷирати корӣ ва роҳҳои ҳалли он”, ки рӯзи 27-уми май дар як нишаст дар шаҳри Душанбе муаррифӣ шуд, аз бозгашти селаи муҳоҷирон ба Тоҷикистон ва мушкили бо шуғл таъмин кардани онҳо, ҷилавгирӣ аз ҳама гуна таркишҳои иҷтимоии эҳтимолӣ ва ҳам табдили ин масъала ба таҳдидҳои амниятӣ, ҳушдор дод.
Дар мизи гирди Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва демографияи Академияи улуми Тоҷикистон гуфта шуд, сохторҳои давлатии Тоҷикистон бояд ба таври сареъ дар андешаи ҷилавгирӣ аз ҳама гуна паёмадҳои бозгашти шумори зиёди нерӯи ҷавони корӣ ба Тоҷикистон шаванд, чун дар сурати беаҳамиятӣ, паёмадҳои ин вазъ барои кишвар номатлуб буда метавонад.
Ба таври мушаххас донишмандони тоҷик ба масъалаи бозгашти иҷборӣ ва ё ихроҷу депортатсияи 200 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон аз Русия ишора мекунанд, ки барои иқтисоди кишвар як рақами қобили мулоҳиза аст. Анвар Бобоев, намояндаи Пажӯҳишгоҳи иқтисоду демография мегӯяд, фақат даъват барои бо шуғл таъмин кардани муҳоҷирон кор намедиҳад, балки пешниҳодҳои амалӣ бояд кард. Ба андешаи ӯ, аксари баргаштаҳо сокинони деҳот ва рустоҳои Тоҷикистонанд, ки ба ҷуз кори замин ва кишоварзӣ, ихтисоси дигар надоранд.
Анвар Бобоев ба хотири таъмини онҳо бо кор дар замин, аз бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон даъват кард, ки дарсадҳои қарзи бонкиро шадидан поин оваранд. Ба гуфтаи ӯ, қарзҳои бонкӣ барои корҳои кишоварзӣ, ки аз 30 то 40 %-ро ташкил медиҳанд, барои аксари муштариён хеле сангинанд ва дар ин сурат, мешавад мизони ин қарзҳоро то 10-12 дар сад поин овард. Тадбири дигар, ба гуфтаи ӯ, афзоиш додани шумори созмонҳои ҷамъиятиву ғайриҳукуматии кӯмак ба муҳоҷирон аст. Ин созмонҳо, мегӯяд ӯ, дар баробари сохторҳои давлатӣ хоҳанд тавонист мушкили муҳоҷирон, вазъи дармондаҳо ба кӯмакҳои ҳуқуқӣ ва моливу иҷтимоиро хеле сабук кунанд.
Дигар даъвати пажӯҳишарони тоҷик ин аст, ки стратегияи кӯмак ба ин бахши нирӯи кории баргашта аз Русия бояд қавӣ, миёни ҳама сохторҳои давлатии Тоҷикистон ҳамоҳангшуда ва танзимшуда бошад. Ҳанӯз маълум нест, ки то куҷо ин нигарониҳои донишмандони тоҷик ҷиддӣ гирифта мешавад, вале дар 25 соли истиқлолияти Тоҷикистон масъалаи муҳоҷирати корӣ ҳамоно яке аз мушкилоти ҷиддӣ, айни замон, аз лиҳози иқтисодӣ хеле муҳим барои кишвар шудааст.
То замони бӯҳрони иқтисодӣ дар Русия, ки дар пайи таҳримҳои Ғарб аз шурӯи низоъҳо дар Украина ба вуҷуд омад, интиқолҳои пулии муҳоҷирони тоҷик аз муҳимтарин бахши даромадҳои кишвар ба ҳисоб мерафт. Бонки марказии Русия гуфт, ки соли 2014 муҳоҷирон 3 миллиарду 831 миллион доллар маблағро ба Тоҷикистон интиқол доданд. Соли баъд, дар авҷи бӯҳрони иқтисодӣ, ҳаҷми ин пулҳо 30 дар сад коҳиш ёфт ва 1,5 миллиард долларро ташкил дод.
Иқтисодшиносон ҳоло мегӯянд, ки бо идомаи таҳримҳо, поён будани қимати нафти хом ва пастравии қурби рубли русӣ худи бозори кор дар Русия маҳдуд шудааст. Бозгашти муҳоҷирони дигар ҳам ба ватан аз эҳтимол дур нест ва ин вазъро Тоҷикистони вобастаи шадид аз даромадҳои муҳоҷирон бояд ҳамчун воқеият, як воқеияти сангин қабул кунад.