Нигаронии паноҳҷӯён пас аз ҳамлаҳо дар Порис

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Паноҳандагон ва муҳоҷирон дар марзи Македония бо Сербия пас аз ҳамлаҳо дар Порис дар ҳолати тарс қарор доранд. Онҳо, ки барои пайдо кардани ҷои амн ва зиндагии беҳтар аз Ховари Миёна ва Африқо озими Аврупо шудаанд, бим доранд, ки ҳамлаҳо дар Порис ба раванди қабули онҳо ҳамчун паноҳанда таъсири манфӣ мерасонад ва онҳо мавриди табъиз қарор мегиранд.