Саргузашти муҳоҷирзане, ки як моҳ дар Маскав фоҳиша буд

Духтароне, ки бо роҳҳои гуногун аз Узбакистон ба Дубай¸ Ҳиндустон¸ Хитой¸ Малайзия¸ Туркия ва Русия афтода, дар ин кишварҳо бо танфурӯшӣ машғуланд, гоҳе бо Бахши узбакии Радиои Озодӣ дар тамос мешаванд.

Бархе аз онҳо дар ғояти фақр маҷбур шудаанд, ба ин роҳ раванд ва бархи дигар, ки бо фиребу дурӯғ маҷбуран фоҳиша шудаанд, мегӯянд, дар ҷустуҷӯи роҳи раҳоӣ аз ин ботлоқанд.

Баъзе аз онҳо барои он ба Радиои Озодӣ занг мезананд, то алами дили худро бароранд ва бархи дигар машварат мепурсанд, ки бояд чӣ кор кунанд. Чанде аз онҳо мехоҳанд, ин имавзӯъ расонаӣ шавад ва духтарони ҷавон ҳушманд бошанду талош кунанд, ки ба доми одамфурӯшон наафтанд ва умри худро хазон накунанд.

Рӯзи 26-уми май зани ҷавоне ба бахши узбакии Радиои Озодӣ дар Маскав тамос гирифт ва ҳикоят кард, ки бо дасти хешованди худ ба асорати як “Мама Роза”-и узбак дар Маскав афтод, аммо тавонист, баъд аз як моҳ аз ин ҳалқа худро раҳо кунад. Вай, ки номашро шартан Роҳила гузоштем, мегӯяд, воқеае, ки ба сари ӯ афтод, ҳаёташро шикаст.

“Онҳое, ки ҳаёти маро ҳам дар ин ва ҳам дар он дунё сӯзондаанд, ҳоло ҳам айни ҳамин кори худро идома медиҳанд. Духтарони содаи мисли ман ҳамоно ба доми онҳо меафтанд ва “бизнес”-и нафтаровари онҳоро мечархонанд. Мехоҳам, ба воситаи “Озодӣ” саргузашти худро ба онҳо расонам, то кошкӣ, онҳо каме ҳушёртар бошанд,” – мегӯяд Роҳилаи 23-сола, ки муддате пеш дар ҷустуҷӯи кор ва даромад аз Узбакистон ба Маскав омада, бо одамони гуногуне вохӯрдааст.

“Маро хеши худам ба дасти онҳо супурд. Вай гуфт, ба Маскав меравӣ ва он ҷо дар як фурӯшгоҳ бароят кор ҳаст. Нишонаи занеро дод, ки бояд бароям ин корро диҳад. Ман ба Маскав расидам ва хонаи он занро ёфтам. Занг задам, зан не, балки шавҳари ӯ баромад. Вай маро ба иҷорахонае бурд, ки дар он ҷо ду духтар зиндагӣ мекарданд. Маро ба онҳо ҳамроҳ намуд. Ҳуҷҷатҳоямро гирифт ва гуфт, маро сабти ном карда, бароям иҷозати кор мегирад. Ман дар он хона мондам. Рӯзи дигараш аз он ҳайрон шудам, ки духтарон то гашти рӯз хобиданд ва соатҳои 5-6-и бегоҳ сарлибос пӯшида, худро орову торо дода, ба кӯча баромаданд. Онҳо ба ман гуфтанд, “ба кор мераванд”. Ҳайрон шудам, ки кори онҳо дар ин бевақтии шом сар мешудааст.

Вақте аз духтарон пурсидам, ки чӣ кор мекунанд, ҷавоб доданд, ки “ҳеч. Ба кӯча мебароянд, чарх зада, гашта меоянд. Онҳо дар аввал ба ман нагуфтанд, ки фоҳишаанд. Нагуфтанд, ки он зани шиноси хешованди ман “Мама Роза” аст ва шавҳари он зан сутенёр аст. Инҳоро дертар фаҳмидам.

Рӯзи дигар дидам, ки духтарон соати шаши субҳ ба хона баргаштанд. Ман шубҳа пайдо кардам, ки кори онҳо аз чӣ иборат бошад. Ду рӯз гузашт, он мард назди ман омад ва гуфт, ҳуҷҷатҳоят дурустанд, метавонӣ ба кӯча бароӣ ва корро сар кунӣ. Гуфтам, дар куҷо кор мекунам. Гуфт, ҳамроҳи ҳамин духтарҳо меравӣ. Ман гуфтам, ин хел кор карда наметавонам. Ман фақат рӯзона кор кардан мехоҳам, гуфтам. Ман аллакай, ҳис карда будам, ки духтарон фоҳишагӣ мекунанд. Гуфтам, ба ватан бармегардам. Гуфтам, ман як фарзанд дорам. Гуфтам6 дар як оилаи дуруст ба воя расидаам.

Вай гуфт, одами дуруст бошӣ, ба Маскав барои чӣ омадӣ. Ин ҷо кори дигаре нест. Беҳтараш ҳамроҳи духтарҳо кор кун ва ба хонаат ҳам пул мефиристӣ.”

Аммо ин зан барои билети бозгашт пул надошт ва шиносномааш ҳам дар дасти он зану шавҳар буд. Баъд аз як ҳафта, вақте “Мама Роза” ӯро барои зиндагӣ дар хона қарздор кард ва гуфт, “каме ҳам бошад кор куну пулро баргардон ва ҳам пули билет ба даст биёр”, ҷавонзан ризоият дод.

Ҳамин гуна вай ба фоҳиша табдил ёфт. Ӯро бо ду духтари дигар ба ҷои муайян мебурданд ва аз хидмати онҳо муҳоҷирони доғистонӣ, узбак, тоҷик, қирғиз, рус ва дигарон истифода мекардаанд. Нархро “Мама Роза” муайян кардаву пулро мегирифтааст ва муштариён аз байни ин се ва ҳамчунин боз 6 духтари дигар, ки ба и н ҷо меоянд, дилхоҳашонро интихоб карда, бо худ мебурдаанд. Ин зан мегӯяд, ба сурати умум духтарон 11 нафар будаанд.

Вақте бори аввал як муҳоҷир аз Самарқанд Роҳиларо интихоб кардааст ва ҳарду вориди сауна шудаанд, Роҳила гиряро сар додааст ва он ҷавон пурсидааст, ки “нав омадаӣ?”. Духтар қиссаи худро гуфтааст ва хоҳиш кардааст, барояш кӯмак кунад, ки аз ин ҷо гурезад. Ҷавон шумораи телефонашро ба Роҳила гузошта рафтааст. Аммо қоида ин будааст, ки ҳар субҳ телефонҳоро ҷамъ оварда, “Мама Роза” шумораҳоро дар онҳо пок мекардааст.

Танҳо баъд аз як моҳи кори, ба гуфтаи Роҳила, барояш нафратангез кормандони пулиси Русия ба ин хона ҳамла карда, онҳоро боздошт намудаанд, ҷазо додаанд ва сипас раҳо кардаанд.

Ин дар ҳолест, ки муҳоҷирони узбакистонӣ дар Русия духтарони ҳамдиёри худро айбдор мекунанд ва мегӯянд, ки “ҳамаи онҳо фоҳишаанд ва бояд ҷазои онҳоро дод”. Гоҳе наворҳое дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мешаванд, ки дар онҳо ҷавононе худсарона бонувони ҳамдиёри худро бо иттиҳоми танфурӯшӣ азият медиҳанд ва латукӯб мекунанд. Ин дар ҳолест, ки ҳеч кас ба онҳо чунин ҳаққу ҳуқуқро надодааст. Онҳо намедонанд, ки тақдири духтарону заноне, ки ба Русия муҳоҷир мешаванд, чӣ қадар сангин аст.

Ҳамзамон, ба гуфтаи Роҳила сабаби густариши бозори фоҳишаҳои узбакистонӣ дар Русия ин аст, ки худи ин муҳоҷирони узбак муштариёни онҳоянд.

Вай рӯйдодҳоеро ҳикоят мекунад, ки дар охирҳои соли 2014 ба вуқӯъ пайвастаанд. Баъд аз он воқеаҳо, ки Роҳила онро давраи тира ва сангини ҳаёти худ меномад, вай бо як ҷавони узбакистоние издивоҷ кард, ки аз ин рӯйдодҳо хуб хабардор аст ва бо вуҷуди ин Роҳиларо пазируфта ва дӯст доштааст.

“Ман ҳоло ҳамроҳи шавҳарам дар Русия кор мекунам. Вай дар сохтомн кор мекунад ва ман фаррошам. Фарзандам дар дасти падару модарам аст. Шавҳарам ваъда кардааст, ки воқеаҳои як моҳи ҳаёти бадамро бароям ёдрас нашавад. Вале, хоҳу нохоҳ, вақте ки сахт ба хамш меояд, аз даҳонаш таъна ва ҳақорат берун мерезад. Он як моҳ заҳрест, ки тамоми ҳаёти маро заҳролуд кардааст,” – мегӯяд Роҳила.