Табрики форсии бонуи №1-и Амрико: "Наврӯзатон муборак!"

Мишел Обама, ҳамсари раисиҷумҳури Амрико

​Мишел Обама -- ҳамсари раисиҷумҳури Амрико бо баргузории маросими вижае дар Кохи Сафед аз ҷашни Наврӯз таҷлил кард. Вай дар ин маросим бо забони форсӣ ҳозиронро ба иди Наврӯз табрик гуфт.

Бо он ки то рӯзи аслии ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ камтар аз даҳ рӯзи дигар боқӣ мондааст, ҳамсари раисиҷумҳури Амрико бо баргузории маросими вижае дар Кохи Сафед аз ин ид таҷлил кард.

Мишел Обама рӯзи 11 март дар суханронии тақрибан шашдақиқаии худ Наврӯзро фурсате барои андешидани он чи дар соли гузашта иттифоқ уфтодааст ва барномарезӣ барои оянда донист. Ӯ дар оғози суҳбаташ ибораи “Наврӯзатон муборак”-ро бо забони форсӣ баён кард ва дар идома гуфт, "ин бино, яъне Кохи Сафед, хонаи мардум аст. Ҷое, ки танаввӯи фарҳангӣ ва суннатӣ, ки ҳувияти моро шакл медиҳад, ба намоиш мегузорад. Наврӯз яке аз ҳамин суннатҳост."

Бонуи аввали Амрико дар идома афзуд, "беш аз се ҳазор сол аст, хонаводаҳо ва ҷомеаҳо дар Ховари Миёна, Осиё ва дигар гӯшаҳои дунё, аз ҷумла Амрико Наврӯзро, ки нишонаи оғози баҳор аст, ҷашн мегиранд. Наврӯз фурсате барои аз пеши назар гузарондани он чи дар соли гузашта иттифоқ уфтодааст ва барномарезӣ барои оянда мебошад."

Баъдан ҳамсари раисиҷумҳури Амрико дар бораи ойинҳои ҷашни Наврӯз, аз ҷумла "ҳафт син" низ сӯҳбат кард. Ҳоло бархе аз корбарони тоҷик дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ин иқдоми Мишел Обама истиқбол карда, аммо иддае аз онҳо ин суолро низ матраҳ кардааст, ки оё Кохи Кремлин низ аз Наврӯзи байналмилалӣ таҷлил хоҳад кард ё на? Оё чӣ барномеҳое ҳукумати Русия барои таҷлил аз ин ид рӯи даст дорад?

​Созмони Милал дар моҳи феврали соли 2010 Наврӯзро иди ҷаҳонӣ эълон кард. Ин ид соли нави қавмҳои эронинажод аст, ки дар аввали баҳор таҷлил мешавад ва дар кишварҳои зиёде, ба монанди кишварҳои Осиёи Марказӣ, Озарбойҷон, Эрон, Покистон, Ҳинд ва Туркия бо анъанаҳои маҳаллӣ, монанди рақсу тарона пайванд гирифтааст.

Нахустин давраи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ соли 2011 дар Эрон баргузор шуд ва раҳбарони Эрон, Афғонистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ироқ ва вазири умури хориҷии Озарбойҷон ва муовини нахуствазири Туркия дар он ҳузур доштанд. Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ солӣ 2012 дар шаҳри Душанбе ва соли 2013 дар Туркманистон баргузор гардид.

Бо вуҷуди таҳдидҳои амниятӣ, дар ҷашни байналмилалии Наврӯзи соли гузашта дар Кобул, тақрибан 700 нафар раҳбарони маҳаллии Афғонистон, раҳбарони боломақоми 11 кишвари хориҷӣ, аз ҷумла Эрону Ироқ, Покистону Тоҷикистон ва Озарбойҷон иштирок доштанд.

Ҳарчанд мақомоти вазорати фарҳанги Тоҷикистон мегӯянд, имсол Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳри Хуҷанд баргузор хоҳад шуд, аммо то кунун эълон накардаанд, ки дар ин маросим кадоме аз раҳбарони дунё иштирок мекунанд. Дар ҳоле ки дар оғози моҳи январи соли ҷорӣ ҷониби Эрон гуфта буд, Тоҷикистон ба далели надоштани “имконот” Наврӯзи байналмилалиро мизбонӣ намекунад.

Зоҳиран дар Наврӯзи байналмилалии имсола дар Хуҷанд боғи навбунёди Камоли Хуҷандӣ дар канори рӯди Сайҳун ё Сир ифтитоҳ хоҳад шуд. Ин боғ дар наздикии қалъаи Темурмалик ҷойгир аст ва дар он мақомоти Суғд оромгоҳи Камоли Хуҷандиро низ сохта, дар охирҳои соли гузашта як каф хоки мазорашро аз Табрези Эрон ба Хуҷанд оварданд.