Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар мавриди пардохти ҷуброн ба наздикони Сафаралӣ Сангов ҳанӯз хомӯш аст.
Дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки ҳанӯз вазорат тасмим нагирифтааст, ки маблағи мушаххаскардаи додгоҳ дар мавриди ҷуброни зиёни маънавии хонаводаи Сафаралӣ Санговро пардозад.
Дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 8-уми май ба "Озодӣ" гуфт, вазорат ҳанӯз дар робита ба пардохти ҷуброни маънавӣ ба хонаводаи Сафаралӣ Сангов тасмим нагирифта ва пас аз омӯзиши ҳамаҷониба, назари худро баён хоҳад дошт.
Ин манбаъ афзуд, ки вазорат як моҳ қабл қарори додгоҳро ба Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Сино ирсол дошта, мунтазири посухи онҳо мебошад, зеро ҳодисаи марбут ба марги Сафаралӣ Сангов ба ҳамин идора рабт дорад.
Нигаронии хонаводаи Санговҳоро дар ин замина Гулчеҳра Холматова, вакили мудофеа ба "Озодӣ" баён кард. Вай гуфт, аз замони содир шудани қарори додгоҳ беш аз як моҳ мегузарад, вале Вазорати корҳои дохилӣ ҳанӯз хомӯш аст.
Давлатхонум, ҳамсари Сафаралӣ Сангов низ ин хабарро тасдиқ кард ва гуфт, ки ҷубронпулӣ дастрас нашудааст. Аз рӯи иттилои ӯ, пас аз марги шавҳараш ба писари калониаш, ки донишҷӯ мебошад, аз тарафи давлат дар ҳудуди 40 сомонӣ нафақа таъйин шудааст.
Дар моҳи марти соли ҷорӣ Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистонро муваззаф кард, ки ба хонаводаи Сафаралӣ Сангов, як сокини Душанбе беш аз 46 ҳазор сомонӣ ҷубронпулӣ пардохт намояд.
Ин маблағ ба унвони ҷуброни маънавии марги Сафаралӣ Сангов таъйин шудааст, ки моҳи марти соли 2011 бо ҷароҳатҳои вазнин аз шӯъбаи дувуми милисаи ноҳияи Сино ба бемористон оварда шуд, аммо ӯ баъди 4 рӯз даргузашт. Пайвандонаш марги ӯро натиҷаи шиканҷа ва латукӯб медонанд.
Дар ҳамин ҳол Ниёзбӣ Бӯриева, модари Баҳромиддин Шодиев дар авоили моҳи апрели соли равон бо ариза ба додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур муроҷиат карда, аз Вазорати корҳои дохилӣ талаби пардохти 180 ҳазор сомонӣ карда буд. Аммо ҳанӯз додгоҳ ҳалномаи худ дар мавриди аризаи хонаводаи ӯро содир накарда ва ҳаҷми ниҳоии ҷуброн мушаххас нашудааст.
Баҳромидин Шодиеви 28-сола моҳи октябри соли 2011 аз тарафи маъмурони милисаи ноҳияи Шоҳмансур бо иттиҳоми дуздӣ боздошт шуда ва пас аз даҳ рӯз дар беморхонаи Қарияи боло даргузашт.
Модари Баҳромиддин Шодие бо талаби 180 000 сомонӣ ҷубронпулӣ аз вазорати умури дохила барои марги фарзандаш ба додгоҳи Шоҳмансур даъво бурдааст. Дар маҷмӯъ, то имрӯз се мавриди аз мақомот ҷуброн хостани хонаводаҳои онҳое маълум аст, ки дар шароити боздоштгоҳ ё зиндон даргузаштаанд.
Ҳамсари Исмоил Бачаҷонов аз идораи зиндонҳои вазорати адлия 30 000 сомонӣ товон рӯянда буд. Ҳамаи ин ҳодисаҳо аз пурсарусадотарин мавридҳое буд, ки мавзӯъи шиканҷа дар ниҳодҳои интизомии Тоҷикистонро расонаӣ кард.