"Ҷои зиндагиву марги ман". Охирин рӯзҳои "Азовстал"

Яке аз мудофеони Мариупол дар таҳхонаҳои "Азовстал". Муаллифи акс Дмитрия Козатский

Муаллиф: Марк Крутов

Рӯзи ҷумъа, 20-уми май яке аз охирин мудофеони Мариупол ва корхонаи "Азовстал" Дмитрий Козатский (лақабаш "Орест") дар Твиттераш навишт: "То замоне, ки дар асорат ҳастам, аксҳои худро бо беҳтарин сифат дар ихтиёри шумо мегузорам. Онҳоро ба ҳама озмуну ҷоизаҳои журналистӣ фиристед. Агар баъди озод шудан аз асорат чизе ба даст овардам, шод мешавам. Ташаккур барои дастгирӣ. То дидор!"

Дмитрий Козатский дар як донишгоҳи Полша таҳсил карда, соли 2014 ба ватан баргашт. Аз соли 2015 дар Мариупол ба хидмати ҳарбӣ машғул ва соли 2017 узви полки "Азов" шуд.

Рӯзи 15 май. Дмитрий Козатский зери садои тирборон таронаи "Стефания"-ро баланд-баланд иҷро мекунад. Ин суруд ва гурӯҳи украинии Kalush Orchestra дар озмуни мусиқии "Евровидение" баранда шуданд:

Вақте муҳосираи Мариупол шиддат гирифту бисёр низомиёни зиндамонда маҷбур шуданд дар таҳхонаҳои "Азовстал" панаҳ баранд, Дмитрий Козатский ба "чашму гӯши" фоҷеаи зинда табдил шуд: ҳамарӯза ӯ рӯйдодҳову чеҳраҳои инсонҳоро наворбардорӣ мекард. Дар навору аксҳои ӯ ҳам сокинони мулкӣ ва ҳам низомиён, онҳое, ки ташнаву гурусна, сахт маҷрӯҳ шудаву бедоруву дармон дардҳои ҷонкоҳе мекашанду азоби сахте доранд, тасвир шудаанд.

Бисёр аксҳои Дмитрий Козатский дар саҳифаҳои аввали матбуоти ҷаҳонӣ нашр шуданд. Дар охирин паёми Твиттераш ӯ як бастаи охирини аксҳоро нашр кард.

Дар Мариупол ҷангҳо тахминан се моҳ давом кард. Рӯзи ҷумъа вазири дифои Русия Сергей Шойгу гуфт, ки дар рӯзҳои охир 1908 сарбози украинӣ таслим шуда, аз корхонаи "Азовстал" берун омаданд. Украина ин оморро шарҳ намедиҳад, ва берун бурдани сарбозони украиниро аз дохили корхона "эвакуатсия" меномад. Киев умед дорад, ки онҳо бо асирони рус табдил мешаванд.

17 майи соли 2022. Низомиёни украиниро аз "Азовстал" берун мебаранд

Рӯзи 20 май фармондеҳи полки "Азов" Денис Прокопенко як муроҷиатномаи видеоӣ нашр кард ва гуфт, ки раҳбарияти артиши Украина ба ӯву рафиқонаш амр дод, ки ба хотири ҳифзи ҷони сарбозон муҳорибаҳои дифоии корхонаро бас кунанд.

Прокопенко гуфт: “Сокинони мулкиро берун бурданд. Онҳое, ки сахт маҷрӯҳ шуданд, кӯмаки зарурӣ дарёфт карданд. Онҳоро бо умеди табдили баъдӣ ва интиқол ба қаламрави Украина берун бурданд. Кор дар робита бо қаҳрамонҳои фавтида идома дорад. Умедворам, ки дар фурсати наздик наздикон ва тамоми Украина метавонанд ин ҷанговаронро боэҳтиром ба хок супоранд".

"Азовстал", 16 маи соли 2022

Казатский рӯзи 3 май навишт: "Ман дигар намедонам, ки барои зинда берун шудан аз Мариупол боз чӣ бояд кард... Боз чӣ муддат бояд истодагарӣ кунем? Ба кӣ муроҷиат кунем? Владимир Зеленский, кай коре анҷом мешавад? Вақт мегузарад". Нирӯҳои украинӣ боз дуюним ҳафтаи дигар тавонистанд ба артиши Русия муқовимат нишон диҳанд ва онҳоро маҷбур кунанд, ки муҳорибаро идома диҳанд. Президенти Украина танҳо такрор мекард, ки артиш имкони аз роҳи низомӣ озод кардани Мариуполро надорад.

17 май Козатсий дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии "Громадське" гуфт: "Ман як низомӣ будаму мо ба дифои шаҳр омодагӣ медидем. Вале ман ҳеҷ интизор надоштам, ки вазъи Мариупол чунин мешавад. Фикр мекардем, ки онҳо аз қисмати шарқ, аз тарафи ба истилоҳ ДНР ё аз баҳр меоянд. Вале мо фикр намекардем, ки шаҳрро пурра нобуд мекунанд".

Ситоди кулли Украина гуфт, нирӯҳои дифоии Мариупол "нагузоштанд, ки душман 17 гурӯҳи баталйонии тактикӣ (тахминан 20 ҳазор нафар)-ро ба самтҳои дигар равона кунанд. Бо ин корашон низомиёни украинӣ ба нирӯҳои русӣ нагузоштанд, ки нақшаи ишғоли босуръати Запорожйеро амалӣ карда, ба сарҳадҳои маъмурии вилоятҳои Донетску Запорожйе роҳ ёбанд ва ҳам шароити муҳосираи Донбасс фароҳам шавад".

Ҳанӯз маълум нест, ки дар "Азовстал" боз чӣ миқдор низомиёни украинӣ боқӣ мемонанд. Дар миёни онҳо на танҳо размандагони "Азов" буданд, балки низомиёни бригадаи 12-уми Горди миллии Украина, бригадаи 36-уми баҳрӣ, сарҳадбонон, ходимони полис, ихтиёриён ва мудофеони Мариупол, ки сокинони оддӣ буда, танҳо барои ҳимояти шаҳрашон ба даст силоҳ гирифтаанд.

Рӯзи 20 май матбуоти русӣ гуфт, ки фармондеҳи бригадаи 36-ум Сергей Волинский ҳам аз "Азовстал" берун шуд, вале мақомоти украинӣ то шоми ҷумъа ин хабарро тасдиқ накарда буд.

Худи Волинский 7 май навишт: "Ман худро гӯё қаҳрамони як барномаи ваҳшатноки телевизионӣ ҳис мекунам: мо, низомиён, барои ҷони худ мубориза мебарем, ҳар як имкониятро барои наҷоти ҷонамон истифода мекунем, вале тамоми ҷаҳон тамошобин аст! Дар филму сериалҳо чунин сужаҳо зиёд истифода мешаванд. Фарқаш ҳамин ки мо дар кино нестему рӯйдодҳо сохтакоришуда нестанд! Ин як зиндагии воқеӣ аст! Дарду азоб, гуруснагӣ, азиятҳо, гиря, тарк, марг - ҳамааш воқеӣ аст". Ин охирин навиштаи Волинский дар саҳифаи Фейсбуки ӯ мебошад.

Дмирий Козатский се рӯз пеш аз ба асорат афтоданаш дар мусоҳиба бо "Громадське" гуфт: "Ман, шахсан, бо умеди ояндаи беҳтар ва пирӯзӣ зинда ҳастам. Инчунин аз он хушҳолем, ки мудофеони Мариупол ва "Азовстал" ба рамзи истодагарии на танҳо Украина, балки тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил шуданд. Умедворам, ки дигар низомиён ҳам ба мо нигоҳ карда, илҳом мегиранду мудофеаро идома медиҳанд".

15 май дар сӯҳбат бо ТВ "Настоящее время" Дмирий Козатский гуфт, ки аз миёни 600-700 маҷрӯҳшуда дар "Азовстал" 40–50 нафарашон дар ҳолати бӯҳронӣ мебошанд ва дар паноҳгоҳи онҳо захираҳои об ҳам тамом мешавад. Ӯ гуфт: "Онҳое ҳам ҳастанд, ки ноумед шудаанд ва онҳоро фаҳмида мешавад, вале онҳое ҳам кам нестанд, ки ба ояндаи беҳтар умед мебанданд".

Баъди нашри паёми хушбошии Дмирий Козатский дар Фейсбук бисёр шореҳон навиштанд: "Дуо мекунем, ки қаҳрамонҳои мо зинда бармегарданд".

Дмирий Козатский