Вазири хориҷаи Олмон Франк-Валтер Штейнмейер гуфт, масъалаи мулоқоти чоргонаи рӯзи 11 феврали сарони Олмону Фаронса ва Украинаву Русия дар шаҳри Минск, пойтахти Беларус ҳанӯз ниҳоӣ нашудааст. Штейнмейер рӯзи 9 феврал дар Брюссел гуфт, қабл аз мулоқоти ин 4 раҳбар ҳанӯз кори зиёде боқӣ мондааст, ки бояд анҷом шавад.
Дар ҳамин ҳол, нишасти вазирони хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо дар Брюссел қабл аз раъйгирӣ дар масъалаи ҷорӣ кардани таҳримоти нав алайҳи Русия, пешниҳоди таъмини нирӯҳои Украина бо силоҳро напазируфт.
Ин масъала рӯзи 9 феврал дар Вошингтон дар мулоқоти садри аъзами Олмон Ангела Меркел бо раисиҷумҳури Амрико Барак Обама баҳс мешавад. Меркел барои баҳси роҳҳалҳои бӯҳрони Украина аллакай дар Вошингтон қарор дорад.
Ин сафар дар ҳоле сурат мегирад, ки бино ба эълони ҳукумати Олмон, қарор аст, рӯзи 11 феврал сарони Олмону Фаронса ва Украинаву Русия дар Минск, пойтахти Беларус мулоқот кунанд.
Интизор меравад, Меркел дар Вошингтон мухолифати Олмон ба даъватҳо аз Амрико барои бо силоҳ таъмин кардани нирӯҳои Украинаро, ки дар Донетску Луҳанск алайҳи ҷудоиталабони тарафдори Русия меҷанганд, изҳор бидорад. Меркел ахиран дар анҷумани амнияти ҷаҳонӣ дар Мюнхен гуфт, “ман мутмаинам, ки ин низоъ бо роҳҳои низомӣ ҳал нахоҳад шуд.”
Баъди мулоқот бо Обама, садри аъзами Олмон барои музокирот бо сарвазири Канада Стивен Ҳарпер ба Оттава сафар мекунад.
Сухангӯи ҳукумати Олмон рӯзи 8 феврал гуфт, масъалаи нишасти Минск дар як гуфтугӯи телефонӣ байни садри аъзами Олмон Ангела Меркел ва руасои ҷумҳуриҳои Фаронсаву Украина ва Русия Франсуа Ҳолланд, Петро Порошенко ва Владимир Путин баҳс шудааст.
Интизор меравад, мушовираи тарафҳо дар сатҳи коршиносон рӯзи 9 феврал доир шуда, асноди лозим барои нишасти Минскро омода кунанд.
Изҳори умедворӣ мешавад, ки нишасти рӯзи 11 феврал тавофуқи ҷадид дар масъалаи оташбасро ба бор хоҳад овард. Қарордоди қаблии оташбас дар низоъи шарқи Украина низ моҳи сентябри соли 2014 дар Минск имзо шуда буд, вале чандон риоят намешавад.
Петро Порошенко дар як баёния изҳори итминон кард, ки нишасти Минск ба як “оташбаси зуду бидуни қайду шарт” байни нирӯҳои Украина ва ҷудоиталабони рӯ ба Русия хоҳад расонд. Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров гуфт, ӯ интизор дорад, ки дар нишасти Минск тарафҳо ба “қарорҳои муҳим” даст хоҳанд ёфт.
Аммо Кремл гуфтааст, дар масъалаи Украина лаҳни ултиматумро қабул надорад. Владимир Путин ҳам дар бораи нишасти Минск бо эҳтиёт сӯҳбат мекунад ва мегӯяд, ин танҳо як тавофуқи пешакист. Ӯ баъди мулоқоташ бо раисиҷумҳури Беларус Аляксандр Лукашенка дар Сочи гуфт, агар 4 роҳбар бар сари “як силсила масоил” аз пеш ба тавофуқ нарасанд, ин мулоқот метавонад ҳатто доир нашавад.
Путин, ки рӯзи 9 феврал бо як сафари дурӯза вориди Қоҳира, пойтахти Миср, мешавад, дар мусоҳиба бо рӯзномаи давлатии “Ал-Аҳром”-и ин кишвари арабӣ гуфт, ҳукумати Украина бояд амалиёти низомӣ дар шарқи он кишварро қатъ ва фишори иқтисодӣ ба вилоятҳои таҳти назорати ҷудоиталабонро бас кунад. Путин ҳушдор дод, ки Киев дар роҳ ба сӯи “масири ҳалокатборе қарор дорад, ки метавонад барояшон бо як фалокати бузург анҷом ёбад.”
Бино ба матни ин мусоҳиба, ки Кремл нашр кардааст, Путин гуфтааст, “рӯшан аст, ки ин низоъ то замони бо якдигар забон ёфтани худи украиниҳо давом хоҳад кард. Шарти аз ҳама муҳим барои оддӣ сохтани вазъ оташбаси билофосила ва қатъи амалиёти муҷозотӣ дар ҷанубушарқи Украина мебошад.”
Ин изҳороти Путин дар пайи радубадалҳои шадиди лафзӣ байни роҳбарони ҷаҳон дар масъалаи Украина дар анҷумани Мюнхен аст.
Ноиби раисиҷумҳури Амрико Ҷо Байден дар Мюнхен Русияро ба ирсоли нирӯ ба Украина ва нақши мустақими низомӣ доштанаш дар ҷанги шаҳрвандии он кишвар айбдор кард. Байден рӯзи 7 феврал гуфт, Путин дар рӯбарӯи интихобе қарор дорад, ки ё аз Украина дасти худро пас мекашад ваё ба инзивои боз ҳам бештари байналмилалӣ ва мушкилоти иқтисодӣ дар дохили кишвари худ рӯбарӯ мешавад.
Вазири хориҷаи Олмон Франк-Валтер Штейнмейер аммо гуфт, ба назари аврупоиҳо, ба роҳи ҳалли бӯҳрони Украина метавон танҳо аз тариқи ҳамкорӣ бо Русия даст ёфт.
Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама дар ҳоли ҳозир пешниҳоди таъмини нирӯҳои Украина бо силоҳҳои муосири дифоиро меомӯзад. Ангеле Меркел рӯзи 7 феврал дар анҷумани Мюнхен аз ин пешниҳод интиқод кард ва гуфт, “наметавон бо силоҳи бештар ба пешрафт дар Украина даст ёфт.”
Аммо вазири хориҷаи Амрико Ҷон Керри рӯзи 8 феврал гуфт, “ягон ихтилоф” байни Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо дар масъалаи Украина вуҷуд надорад.
Ҷангҳо байни нирӯҳои давлатии Украина ва ҷудоиталабони тарафдори Русия дар вилоятҳои Донетску Луҳански Украина аз апрели соли 2014 ба ин тараф, ба ҳисоби СММ, мунҷар ба ҳалокати 5358 нафар шудааст. Аммо СММ мегӯяд, шумори воқеии қурбониёни ин низоъ метавонад хеле бештар ҳам бошад.
Тақрибан нисфи аҳолии вилоятҳои Луҳанск ва Донетскро русзабонҳо ташкил медиҳанд. Онҳо дар моҳи апрели соли 2014, бо илҳом аз тасарруфи вилояти низ аксаран русзабони Қрими Украина аз сӯи артиши Русия бо талаби истиқлол зидди Киев исён бардоштанд. Дар моҳи май дар ҳарду вилоят ба ном “Ҷумҳурии мардумии Донетск” ва “Ҷумҳурии мардумии Луҳанск” ташкил шуд.
Аммо дар Ғарб ва дар Киев мӯътақиданд, ки ҷунбишҳои ҷудоиталабӣ дар ин ду вилоят ва гӯшаҳои дигари Украинаро Русия ташвиқу таҳрик медиҳад ва бо пулу нирӯву силоҳ таъмин мекунад. Маскав даст доштанаш дар ин низоъро ҳамеша рад кардааст, вале Амрикову Аврупо ва муттаҳидинаш бо талаби қатъи дахолатҳои Русия дар бӯҳрони Украина алайҳи Маскав аллакай 4 баста таҳримот ҷорӣ кардаанд. Иттиҳодияи Аврупо рӯзи 5 феврал ҷиҳати ҷорӣ кардани таҳримоти боз ҳам бештар алайҳи Русия тавофуқ кард ва гуфт, агар маъмурияти сулҳи Меркел ва Ҳолланд натиҷа надиҳанд, ин таҳримот ба иҷро дароварда мешаванд.