Раҳоии як узви боздоштшудаи "Гурӯҳи 24" дар Финландия

Сулаймон Давлатов. Акс аз Фейсбук

Як шаҳрванди 31-солаи Тоҷикистон, ки ба иттиҳоми узвият дар "Гурӯҳи 24" аз сӯи Интерпол боздошт шуда буд, озод гардидааст. Аммо мақомоти расмии Тоҷикистон дар ин бора ҳарфе нагуфтаанд.

Сулаймон Давлатов, як шаҳрванди Тоҷикистон, ки моҳи гузашта ба иттиҳоми узвият дар "Гурӯҳи 24" ва ҷалби шаҳрвандон ба ҳаракатҳои мусаллаҳонаи террористию экстремистӣ бо дархости Душанбе аз сӯи Интерпол боздошт шуда буд, раҳо гардидааст. Дар ин бора тарафдорони "Гурӯҳи 24" хабар доданд.

Оқои Давлатов 31 сол дошта, зодаи шаҳри Ваҳдат будааст. Ҳаммаслакони ӯ мегӯянд, Сулаймон дар пайи таъқиби аъзои ин гурӯҳ аз шаҳри Санкт-Петербурги Русия ба Финландия рафта буд, аммо 20 феврали соли ҷорӣ аз сӯи пулиси байналмилалӣ боздошт шуд.

Ба қавли онҳо, дар дархости ҷониби Тоҷикистон ба Интерпол таъкид шудааст, Сулаймон Давлатов гӯиё барои ҷалби ҷавонон барои иштирок дар ҷангҳои Сурия даст дорад. Иттилое, ки ба қавли тарафдорони "Гурӯҳи 24" тасдиқи худро наёфтааст. То кунун мақомоти Тоҷикистон дар бораи боздошт ва раҳоии Сулаймон Давлатов ҳарфе нагуфта ва шарҳ надодаанд, ки раҳоии ин узви "Гурӯҳи 24" далели чист.

Аммо додгоҳҳои кишвар дар як ду моҳи охир се узви ин гурӯҳро аз 16.5 то 17.5 соли зиндон маҳкум карданд. Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе рӯзи 13 март Фирдавс Муҳиддинов ва Фарҳод Каримов ва як ҳафта пештар аз он Умедҷон Салиҳовро ба иттиҳоми узвият дар созмони мамнӯи "Гурӯҳи 24" ва ҳифзи як акси таҳқиркунандаи раисиҷумҳури Тоҷикистон дар компютер аз озодӣ маҳрум кард.

“Гурӯҳи 24”, ки раҳбарияшро Умаралӣ Қувватов соҳибкори фирорӣ бар ӯҳда дошт ва шаби 5 ба 6 март дар Истамбул кушта шуд, дар моҳҳои август ва сентябри соли 2014 дар чандин шаҳри Русия, аз ҷумла дар Новосибирск, Екатеринбург, Самара, Саратов ва Маскав силсилаи гирдиҳамоиҳои муҳоҷирони тоҷикро бо талаби истеъфои ҳукумати кунунии Тоҷикистон баргузор карда буд. Гуфта мешавад, нақши калидиро дар ташкили ин гирдиҳамоиҳо маҳз созмони “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон” бозӣ кардааст.

“Гурӯҳи 24” рӯзи 10 октябри соли 2014 дар маркази Душанбе низ як гирдиҳамоӣ алайҳи сиёсати ҳукумати Тоҷикистонро даъват кард. Аммо мақомоти Тоҷикистон аз чанд рӯзи пеш тадобири амниятиро дар атрофи пойтахт афзоиш дода, худи “Гурӯҳи 24”-ро бо қарори Додгоҳи олӣ экстремистӣ ва мамнӯъ эълон карданд. Дар натиҷа, рӯзи 10 октябр дар соате ки “Гурӯҳи 24” даъват карда буд, касе ба гирдиҳамоӣ дар майдони марказии Душанбе ҳозир нашуд.

“Гурӯҳи 24”-ро Умаралӣ Қувватов ва Шарофиддин Гадоев, ду соҳибкори фирорӣ, дар соли 2012 ташкил дода буданд. Ҳоло бо кушта шудани Умаралӣ Қувватов дар Истамбул, Шарофиддин Гадоев раҳбари нави ин созмони сиёсии мамнӯъ дар Тоҷикистон интихоб шудааст.