"Мегӯянд, аз шаҳрвандии Тоҷикистон даст каш, ба шартномаи ҷанг имзо кун"

Яке аз зиндонҳои Русия. Акс аз бойгонӣ

Як гурӯҳ аз муҳоҷирони тоҷик дар зиндони низомаш сахти наздикии Маскав мегӯянд, кормандони маҳбас ба онҳо фишор меоранд, ки аз шаҳрвандии Тоҷикистон даст кашида, шартномаи ширкат дар ҷанги Украинаро имзо кунанд. Аз номи ин зиндониён Ҷовид (ном тағйир дода шуд) бо тарҳи "Мигрант Медиа" суҳбат кард.

"Дар ҳамин ҷо мардум ҳайронанд. Мегӯянд, ки худамонро мекушем, аммо аз шаҳрвандӣ даст намекашем ва ба ҷанг намеравем," – гуфт ӯ.

Ҷовид, муҳоҷири зиндонии тоҷик, чандин бор бо мо тамос гирифт ва гуфт, мехоҳад, аз аҳволи маҳбусон аз Тоҷикистон ва Узбекистон дар зиндони низомаш сахти наздикии Маскав хабар диҳад. Вай дар паёмаш навишт: "Ба танг омадаем, чораи дигаре нест, ба додамон расед."

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Агар ба Тоҷикистон набаред, ба ҷанг мебаранд." Дархости тоҷикони зиндонӣ дар Русия. ВИДЕО

"Тоҷиконро дар маҳбаси Маскав маҷбур карда истодаанд, ки аз шаҳрвандии Тоҷикистон даст кашед. Фаҳмидед? Коғаз оварда дода истодаанд. Дар радиову ахбор бидиҳед, ки ягон кас соҳибӣ кунад тоҷикҳоро, ки маҷбур ба ҷанг бурда истодаанд аз маҳбасҳо. Мегӯянд, даст кашед аз шаҳрвандии Тоҷикистон," – нақл кард ӯ дар суҳбат бо "Мигрант Медиа".

Ӯ афзуд, 32-сола аст, ҳафт сол ҳукми зиндон гирифтаасту 7 моҳаш мондааст. Ба нақли ӯ, кормандони зиндон асосан ба онҳое фишор меоранд, ки ҷавон ҳастанду мӯҳлати ҳабсашон кам мондааст.

Ҷовид мегӯяд, намедонад, ки чанд нафар шартномаро имзо карданд, вале ӯ ва чанд зиндонии дигар гуфтаанд, ки аз шаҳрвандии Тоҷикистон даст намекашанд:

"Агар имзо накунӣ, мебарад дар изоляторҳо маҳкам мекунад. Хайр, намедонам, чӣ кор мекунад, мумкин аз номи худамон имзо кунад ё ҳар чиз шуданаш мумкин аст. Вақте ин ҷо аз ватан даст кашем, ин коғазро ба Тоҷикистон мефиристанд, ки ҳамин одамон аз ватан даст кашидаанд. Ана баъд шаҳрванди худ мекунанду рост ба ҷанг мебаранд. Ҳозир ба ҷанг рафтагиҳо ду рӯз, се рӯз зинда намонда истодаанд. Ҳамаи ҳамон ҷанг мерафтагиҳо мурда истодаанд."

Навор дар Инстаграм:

Як гурӯҳ аз муҳоҷирони зиндонӣ аз ҳамин маҳбас дар номае ба мо навиштаанд, ки дар ин ҷо наздик ба 400 муҳоҷири тоҷику узбек зиндонӣ буда, нозирон ба онҳо бадрафторӣ мекунанду азоб медиҳанд ва русҳоро ташвиқ мекунанд, ки онҳоро латукӯб кунанд.

Ба қавли ин муҳоҷирон, кормандони зиндон ба дину мазҳаби онҳо беэҳтиромӣ карда, муҳоҷирони мусалмонро таҳқир мекардаанд, либоси бо иҷозати калони муассиса додаро гирифта месӯзондаанд, то зарар расонанд.

Дар номаи онҳо ҳамчунин омадааст: “Боз ба наздикӣ рӯйхат карданд, ки ба ҷанги Украина мебарем, касе шаҳрванди Русия набошад ҳам. Мумкин, ки ҳамаи шиканҷаву азоб барои ба ҷанг бурдан бошад, то ба ҷонат сер мекунанд, ки ба ҷанг равию ҳамонҷо мурӣ. Боз мегӯянд, ки киро хоҳем ба ҷанг мебарем, худатон хоҳишмандона равед, ба ҷойҳои хуб меравед, вақте мо барем дар сафи аввал мемонем ва зинда монданатон ба гумон аст.”

Тарҳи "Мигрант Медиа" ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон нома навишт ва мақомотро аз вазъи муҳоҷирони зиндонии тоҷики ин муассиса огоҳ кард.

Евгений Пригожин, раҳбари пешини "Вагнер"

Таҷрибаи маҷбуран ба ҷанги Украина кашодани маҳбусон аз аввали ҳамлаи Русия ба Украина сар шуд. Он вақт ширкати хусусии ҳарбии “Вагнер” ин таҷрибаро ба роҳ монд. Ба маҳбусон ваъда дода мешуд, ки пас аз шаш моҳ ҷанг аз адои ҷазо дар маҳбас озод карда мешаванд. Ба навиштаи расонаҳо, ҳазорон зиндонӣ, ки он вақт сафарбар шуданд, дар сафи пеши ҷабҳаи Бахмут кушта шуданд.

Ҷасади чанд зиндонии собиқро дар ин солҳо дар Тоҷикистон ба хок супурданд. Шумораи умумии маҳбусони тоҷик дар зиндонҳои Русия маълум нест. Мақомоти ин кишвар сарнавишти онҳоро шарҳ намедиҳанд. Ҳукумати Тоҷикистон ширкати шаҳрвандони худро дар ҷанги кишвари савум ҷиноят эълон кардааст.

Навор дар Фейсбук: