Бозор Собир, шоири маъруфи тоҷик, ки баъд аз тақрибан як соли иқоматаш дар Амрико боз ба Тоҷикистон омадааст, дар Театри опера ва балети Душанбе маҳфили шеърашро баргузор хоҳад кард. Масъулони Иттиҳодияи адибони Тоҷикистон гуфтанд, ки ин маҳфил соати панҷи бегоҳи 18 март бо иштироки ҳаводорони Бозор Собир баргузор мешавад.
Як манбаи Озодӣ гуфт, Бозор Собир асосан шеърҳои тозаашро хонда, дар бораи вазъи шеъру шоирӣ суҳбат хоҳад кард ва аммо ба сиёсат дахл намекунад.
Саидқул Билолов, овозхони тоҷик ва аз дӯстони наздики Бозор Собир низ дар сӯҳбати кӯтоҳ бо Озодӣ гуфт, ин шоири тоҷик барои баргузории маҳфилаш омодагии ҷиддӣ дидааст ва сӯҳбати ӯ бо мухлисон пуршӯр хоҳад гузашт. Билолов гуфт, ки дар маҳфили шеъри Бозор ӯ ва овозхонҳои дигари ансамбли “Дарё” чанде аз таронаҳои ин шоири маъруфи тоҷикро иҷро мекунанд.
Бозор Собир дар айни интихоботи президентии се соли пеш дар Тоҷикистон бо даъвати раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба кишвар омад ва гуфт, ки дар инҷо иқомат хоҳад кард. Вале, баъдан, дар тобистони соли 2014 ба Амрико рафт ва ахиран дар маҳфили шеъри Гулрухсори Сафӣ, ки ҳафтуми марти соли ҷорӣ баргузор шуд, ҳузур пайдо намуд.
Ӯ аз аввалин нафароне буд, ки мавзӯи бастани ҳизби ҳоло мамнӯи наҳзати исломиро дар миён гузошта, ҳузури онҳоро хатарбор дониста буд. Вале баъд аз мамнӯъ шудани фаъолияти ин ҳизб ва боздошти бархе аз аъзояш то ҳол дар ин бора изҳори назар накардааст.
Бозор Собири 78-сола дар ноҳияи Файзобод ба дунё омада, дар солҳои 1970-80-ум дар саргаҳи ҷунбиши бедории мардуми тоҷик қарор дошт ва бо шеърҳое, чун "Забони модарӣ", "Девори Бухоро", "Ватан" ва "Тоҷикистон" дар радифи Мӯъмин Қаноату Лоиқ ва Гулрухсор аз маҳбубтарин шоирони тоҷики замони Шӯравӣ ба ҳисоб мерафт. Ӯ дар поёни солҳои 1980-ум ба Ҳизби демократи Тоҷикистон пайваста, соли 1990 аз зодгоҳаш Файзобод вакили Шӯрои олӣ - парлумони вақти Тоҷикистон - интихоб шуд.
Баъд аз пирӯзии Фронти халқӣ ва ба қудрат омадани ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон Бозор Собирро дар оғози соли 1993 барои 9 моҳ ба зиндон кашонданд ва ӯ дар поёни ҳамон сол бо мусоидати созмонҳои ҳомии ҳуқуқ раҳо ёфта, ба Маскав ва аз онҷо соле баъд ба Амрико кӯчид. Дар Амрико Бозори Собир бисёре аз ақидаҳои қаблиашро дигар ва шеърҳои пешинашро аз нав таҳрир кард. Дар ашъори солҳои охири ӯ бештар ҳасрат аз хубиҳои даврони Шӯравӣ эҳсос мешавад.
Бозор Собир дар оғози тобистони соли 2013, баъд аз 19 соли зиндагӣ аз ғурбат бо даъвати Эмомалӣ Раҳмон ба Тоҷикистон баргашт. Вақте Бозори Собир аз мусофирати тӯлониаш дар Амрико баргашт, ин бозгашт дар ҷомиа вокунишҳои мухталиферо ба бор овард. Як гурӯҳ аз бозгашти шоир истиқбол мекарданд, гурӯҳе ӯро интиқод мекарданд, ки аз ақидааш ба хотири шояд манофеи молӣ пас гашт. Бисёриҳо ҳамин тавр, ҳадс мезаданд, ки мақомот шояд ӯро ба хотири истифода дар таблиғу ташвиқи раисиҷумҳур, бахусус дар маъракаи пешазинтихоботии ӯ даъват карда бошанд.
Эмомалӣ Раҳмон Бозор Собирро баъди баргаштанаш дар Қасри Миллат пазируфт ва тамоми ин қасрро барои шоир тамошо ҳам дод. Ба дунбол, мақомот эълон карданд, ки барои Бозор Собир дар Душанбе як манзил низ ҷудо кардаанд.Дар арафаи ҷашни истиқлол ба Бозор Собир ордени "Ситораи президент" низ доданд ва дар як сафари Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ваҳдат ва шаҳри Хуҷанд низ ин шоири маъруф зоҳир шуд.