Тааҷҷуби Медведев аз шумораи номзадҳои илм дар Тоҷикистон

Дмитрий Медведев

Дмитрий Медведев, нахуствазири Русия, аз теъдоди зиёди номзадҳо ва докторҳои илм дар Тоҷикистон тааҷҷуб карда ва гуфтааст, ки бояд ин рақамҳо санҷида шаванд. Медведев, ки дар ҳамоише дар шаҳри Санкт-Петербург суҳбат мекард, гуфт, танҳо дар соли гузашта дар Донишгоҳи миллӣ ва Академияи таҳсилоти Тоҷикистон 80 рисолаи номзадӣ ва докторӣ ҳимоя шудааст

“Ҳеҷ чизи бад гуфтанӣ нестам, вале ҳамчун факт баён мекунам. Аз рӯи шумораи додани унвонҳои илмӣ Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Академияи таҳсилоти Тоҷикистон дар ҷои аввал ва дуввум ҳастанд. Дар соли 2015 дар ҳар яке аз ин донишгоҳҳо 40 рисолаи номзадӣ ва докторӣ ҳимоя шудааст. Сари ин масъала фикр бояд кард,” - иброз доштааст Медведев дар Санкт-Петербург рӯзи 27 август дар ҳамоиши вобаста ба ояндаи таҳсилоти олӣ дар Русия.

«Ҳамаи корҳои илмии унвонҷӯён (дар Тоҷикистон), ки дар Шӯрои илмии мо тасдиқ шудааст, то ба ҳол нагаштааст (манзур ВАК-и Русия онро тасдиқ кардааст). Ягон кори мо барнагаштааст ва барои ҳамин бисёр хурсанд ҳастем. Туф-туф, чашм нарасаду лекин мо дар оянда ҳам тамоми чораҳоро меандешем, ки сифати корҳои илмӣ баланд бошад».

Раҳбарони Донишгоҳи давлатии Маскав ва Санкт-Петербург дар ин ҳамоиш аз нахуствазири Русия дархост кардаанд, ки ба ин ду донишгоҳ иҷозат диҳад, то як соли дигар мустақилона ба унвонҷӯён дипломи номзади илм ва докторро бидиҳанд. То як соли қабл дипломҳои номзадиву доктории ин ду донишгоҳро Комиссияи олии аттестатсионии Академияи илмҳои Русия (ВАК) медод.

Дмитрий Медведев бо таъкиди ин ки пешниҳодро ба инобат мегирад, гуфтааст, “мо шумораи донишгоҳоеро, ки дар тасдиқи унвонҳои илмӣ мухторият доранд аз ин зиёд карда наметавонем, вагарна худи унвони илмӣ беқурб хоҳад шуд”.

Ирина Каримова, раиси Шӯрои илмии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, яке аз ниҳодҳое, ки Дмитрий Медведев рӯи он таъкид кардааст, рӯзи 1-уми сентябр дар суҳбат бо Озодӣ дар ин робита гуфт:

«Ҳамаи корҳои илмии унвонҷӯён, ки дар Шӯрои илмии мо тасдиқ шудааст, то ба ҳол нагаштааст (манзур ВАК-и Русия онро тасдиқ кардааст). Ягон кори мо барнагаштааст ва барои ҳамин бисёр хурсанд ҳастем. Туф-туф, чашм нарасаду лекин мо дар оянда ҳам тамоми чораҳоро меандешем, ки сифати корҳои илмӣ баланд бошад».

Дипломи унвонҳои илмӣ дар Тоҷикистонро низ Комиссияи олии аттестатсионии Академияи илмҳои Русия медиҳад. Ҳарчанд дар чанде аз арсаҳои илм шӯроҳои илмӣ дар назди донишгоҳу пажӯҳишгоҳҳои Тоҷикистон фаъолият мекунанд, аммо Комиссияи олии аттестатсионии Академияи илмҳои Русия танҳо пас аз ошно шудан бо муҳтавои рисолаҳо ба унвонҷӯён дипломи номзадӣ ва ё докториро тақдим мекунад.

Маҳмадшо Илолов

Мамадшо Илолов, президенти собиқи Академияи илмҳои Тоҷикистон рӯзи 1-уми сентябр дар суҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, унвони илмӣ гирифтани 80 нафар дар як кишвар дар сол бисёр нест ва набояд мавриди таваҷҷуҳ ва ё шакку шубҳаи Медведевро ба бор орад. Вай гуфт:

“Албатта барои як ихтисос, барои мисол, педагогика ҳимоя кардани 40 нафар дар як сол зиёд аст. Лекин Медведев бояд дар бораи донишгоҳҳои Русия гап занад. Чӣ кор дорад ба кишвари мо? Мо танҳо ба хотири аттестатсия ба ВАК-и Русия муроҷиат мекунем”.

Давлати Тоҷикистон ду сол қабл тасмим гирифта буд, ки дар назди Вазорати илм ва маорифи Тоҷикистон Комиссияи олии аттестатсионӣ таъсис дода, мустақилона ба олимон унвони PhD-ро бидиҳад. Аммо то ба ҳол ин комиссия фаъол нашудааст ва ҳамоно унвони олимони тоҷик дар Русия тасдиқ мешавад.

“Воқеан, чунин хавф вуҷуд дорад. Ин хавф воқеӣ аст. Бинобар ин, мо барои гузаштан ба ВАК-и миллии хеш набояд шитоб кунем. Ин кор тадриҷан бояд сурат гирад, дар муддати 5-6 ва ё ҳатто 10 сол”.

Зимнан дар Тоҷикистон солҳост баҳси қатъ карадни вобастагӣ аз ВАК-и Русия ва ташкили ҳамин гуна комиссия дар Тоҷикистон идома дорад. Тарафдорони ин иқдом мегӯянд, дар сурати таъсиси ВАК дар Тоҷикистон, вобастагии кишвар аз Русия дар ин робита рафъ мешавад ва унвонҷӯёни ҷавон солҳо мунтазири ҷавоби ВАК-и Русия намешаванд. Аммо мунтақидон мегӯянд, дар ин сурат риски хариду фурӯши унвонҳо ва ба дасти афроди ношоиста уфтодани унвонҳои илмӣ меафзояд.

Мамадшо Илолов дар ин робита гуфт, "воқеан, чунин хавф вуҷуд дорад. Ин хавф воқеӣ аст. Бинобар ин, мо барои гузаштан ба ВАК-и миллии хеш набояд шитоб кунем. Ин кор тадриҷан бояд сурат гирад, дар муддати 5-6 ва ё ҳатто 10 сол".

Илолов гуфт, таҷрибаи кишварҳои ҳамсоя ҳокист, ки таъсиси ВАК ва ё Комиссияи олии аттестатсионии миллӣ ҳам мушкилоти зиёдро метавонад ба вуҷуд орад. Ӯ бо ёдоварӣ аз таҷрибаи Қазоқистон, ки ин гуна комиссияро комилан барҳам зада салоҳияти додани унвонҳои илмиро ба донишгоҳҳои пешбар дод гуфт, барои Тоҷикистон ҳам шояд ин таҷрибаи Қазоқистон коромад шавад.