“Шимок” - як доруи нав барои ҷилавгирӣ аз хунравии дарунии ҷонварон аст, ки мутахассисони тоҷик онро аз алафи ҳамномаш таҳия мекунанд. Ин алаф, ки дар бархе манотиқ бо шаклҳои дигаршудаи мисли “шамак” ё “шумок” ҳам ном бурда мешавад, дар кӯҳдоманҳои Тоҷикистон мерӯяд, таҳия намуда мавриди баҳрабардорӣ қарор додаанд.
То кунун доруҳои чорво ба Тоҷикистон аз Русия, Чин, Эрон ва Украина ворид мешуд.
Бо назардошти ин, ки дар солҳои охир ҳодисаҳои маргу мири чорвоҳои хонагӣ бар асари гирифторӣ ба бемориҳои хатарноки мисли хунравӣ зиёд шудааст, як ширкати дорусозӣ дар Тоҷикистон тасмим гирифтааст барои табобати саривақтии ҷонварон, доруи махсус таҳия кунад. Тоҷикистон як кишвари кишоварзӣ аст ва мушкили дастрасӣ ба маводи дорувори чорво, ки дар гузашта аз хориҷа ворид мешуд, ҳамеша доғ боқӣ мемонад.
Ин даво аз ҷумлаи 14 навъи доруҳоест, ки дар қаламрави Тоҷикистон аз тарафи мутахасисони ширкати хусусии «Агроветсервис» омода карда шудаанд ва аллакай вориди бозор шудаанд. «Агроветсервис» нахустин ширкати дорусозии хусусӣ соҳаи байтории Тоҷикистон буда, дар муддати фаъолияти кӯтоҳи худ 14 навъи даво барои ҳайвонотро истеҳсол намуда дар бозори дохилӣ тоза ҷойгоҳи худро касб кардааст.
Муллоҷон Амирбеков, сардори ширкати «Агроветсервис» дар сӯҳбати ихтисосӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, доруҳое, ки истеҳсол карда шудаанд дар шароити Тоҷикистон таҳия шудаанд. Вай гуфт, “аз ҷумла, “Ивормек Т”, “Шимок”,”Албендозол”,”Чемёритса”, “Левомстрасулфин”,”Мастисон”, “Новокаин”, ”Натри хлорида”, ”Калтси хлорида”, ”Албендозол”, ”Доксиветин”, ”Оксиветин” ва навъҳои дигар аз навъҳои дар ин ширкат истеҳсолшавандаи доруҳои чорво будааст.
Амирбеков гуфт, баъди санҷиши мувофиқати ин доруҳо ба меъёрҳои тиббӣ, ки дар асоси лабараторияи бо 100 ҳазор доллар бунёдшудаи ҳамин ширкат таҳия шудааст, ин доруҳо ба истеҳсол ва фурӯш пешниҳод шудаанд. Вай гуфт, доруҳои мазкур аз ҷониби хоҷагиҳои човодории кишвар ҳам ҷудогона санҷида шудаанд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Исмоил Андамов, сардори Шуъбаи Хадамоти байтории Тоҷикистон дар робита ба кайфияти доруҳои ин ширкати хусусӣ ва зарурати онҳо барои хоҷагиҳои чорвордории маҳаллӣ гуфт, истеҳсоли чунин доруҳои дар шароити ҳолии кишвар саривақтӣ буда аз нигоҳи талаботи ба бозори доруи маҳаллӣ муҳим мебошад:
Ба гуфтаи Исмоил Андамов,“анвои доруе, ки ҳоло аз тарафи ин ширкат истеҳсол карда мешаванд, то кунун аз хориҷи кишвар дохил карда мешуданд ва масъалаи ворид кардани доруҳо ба кишвар беҳад мушкил буд. Мо доруҳоро бо пули нақд ворид мекардем, ҳоло ин доруҳои истеҳсолкарда бо назардошти шароити Тоҷикистон таҳия шудаанд.”
Ҷаноби Андамов таъкид кард, ки муассиси ширкат ҳам мутахассиси соҳа буда, корро аз рӯи талабот ба роҳ мондааст. Тавре масъулони ин ширкат мегӯянд, дар ҳафтаи гузашта як ҳайат аз ниҳодҳои байтории Афғонистон омада, ба доруҳои ин ширкат ошно шуда хоҳиш карданд, ки навиштаҷоти рӯи шишаҳои доруҳоро бо алифбои форсӣ ё бо забони англисӣ омода кунанд.
Ширкати «Агроветсервис» мегӯяд, доруҳои истеҳсолкардаи худро дар чорвои фермаи худ мавриди санҷиш қарор дода сипас дар бозор пешниҳод мекунад. Ба гуфтаи Муллоҷон Амирбеков, барои мисол, доруи “Шимок” махсус дар Тоҷикистон истеҳсол шуда ва давои монанди ҳамин дору дар Чин бо номи дигар таҳия мешавад ва ба Тоҷикистон 1 килои он дар ивази 2000 сомонӣ ворид карда мешавад. Вале як килои “Шимок”-и сохти тоҷик 350 сомонӣ ва 100 грамми он ба 35 сомонӣ баробар аст.
Вай мегӯяд ҳамаи 14 навъи давоҳое, ки дар ин ширкат истеҳсол мешаванд, бо назардошти тавони ҷайби мардум нархгузорӣ шудаанд.
“Мо қабл аз он ки доруҳоро вориди бозор кунем, тақрибан як сол қимати доруҳои ҳайвонотро дар ҳамаи вилоятҳо омӯхтем, баъд бо назардошти он баҳои доруҳоро мушаххас кардем. Ҳамаи ин доруҳо дар қайди давлатӣ ҳастанд ва санҷида шудаанд ва аз тарафи Хадамоти байторӣ сертификати мутобиқат дода шудааст.”
То кунун доруҳои чорво ба Тоҷикистон аз Русия, Чин, Эрон ва Украина ворид мешуд. Ҳоло як ҳадафи дигари ширкат – истеҳсоли доруҳои махсуси воксинзании чорво аст, ки барои ҷилавгирии бемориҳои махсус таҳия хоҳанд шуд.