Дастаи мунтахаби Узбекистон, ки дар Олимпидаи Порис 13 медал (8 тилло, 2 нуқра ва 3 биринҷӣ) гирифт, дар ҳисоби медалҳо бо назардошти сифати онҳо дар миёни кишварҳои ҷаҳон ҷойи 13-умро соҳиб шуд ва дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ пешқадам гардид.
Мунтахабҳои Қазоқистон бо касби 7 медал (1 тилло, 3 нуқра ва 3 биринҷӣ) дар ҷойи 42-юм, Қирғизистон бо касби 6 медал (2 нишони нуқра ва 4 биринҷӣ) дар ҷойи 68-ум ва Тоҷикистон бо касби 3 медали биринҷӣ дар ҷойи 79-ум ҷойгир шуданд. Варзишгарони Туркманистон медал нагирифтанд.
Медали варзишгарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Олимпиадаи Порис-2024:
УЗБЕКИСТОН - 13 медал (8 тилло, 2 нуқра ва 3 биринҷӣ):
Диёра Келдиёрова - ҷудо, занон, 52 кг, медали тилло;
Ҳасанбой Дӯстматов – бокс, мардон, 51 кг, медали тилло (қаҳрамони дукаратаи олимпӣ);
Улуғбек Рашидов – таэквондо, мардон, 68 кг, медали тилло (қаҳрамони дукаратаи олимпӣ);
Асадхуҷа Муйдинхуҷаев – бокс, мардон, 71 кг, медали тилло;
Лазизбек Муллоҷонов – бокс, мардон, 92 кг, медали тилло;
Разамбек Ҷамолов – гуштии озод, мардон, 74 кг, медали тилло;
Абдумалик Халоков – бокс, мардон, 57 кг, медали тилло;
Баҳодур Ҷалолов – бокс, мардон, +92 кг медали тилло (қаҳрамони дукаратаи олимпӣ);
Светлана Осипова, таэквондо, занон, +67 кг, медали нуқра;
Акбар Ҷӯраев, вазнабардори, мардон, 102 кг, медали нуқра;–
Музаффарбек Тӯрабоев – ҷудо, мардон, 100 кг, медали биринҷӣ;
Алишер Юсупов - ҷудо, мардон, +100 кг, медали биринҷӣ;
Ғуломҷон Абдуллоев – гуштии озод, 57 кг, медали биринҷӣ.
ҚАЗОҚИСТОН – 7 медал (1 тилло, 3 нуқра ва 3 биринҷӣ):
Елдос Сметов - ҷудо, мардон, 60 кг, медали тилло;
Демеу Жадраев – гуштии юнонию румӣ, 77 кг, медали нуқра;
Наримон Қурбонов – гимнастикаи варзишӣ, мардон, медали нуқра;
Нурбек Оралбай - бокс, мардон, 80 кг, медали нуқра;
Назим Кизайбай – бокс, занон, 50 кг, медали биринҷӣ;
Гусман Қирғизбоев - ҷудо, 66 кг, медали биринҷӣ;
Дастаи омехта (Ислом Сатпаев ва Александра Ле), милтиқи пневматикӣ, 10 метр, медали биринҷӣ.
ҚИРҒИЗИСТОН - 6 медал (2 нуқра ва 4 биринҷӣ):
Меерим Жуманазарова - гуштии озод, занон, -68 кг, медали нуқра;
Мунарбек Сеитбек Уулу – бокс, мардон, 57 кг, медали нуқра;
Холаман Шаршенбеков – гуштии юнонию румӣ, 60 кг, медали биринҷӣ;
Акжол Маҳмудов - гуштии юнонию румӣ, 77 кг, медали биринҷӣ;
Узур Джузупбеков - гуштии юнонию румӣ, 97 кг, медали биринҷӣ;
Айсулуу Тинибекова- гуштии озод, занон, 62 кг, медали биринҷӣ.
ТОҶИКИСТОН - 3 медали биринҷӣ:
Сомон Маҳмадбеков - ҷудо, мардон, 81 кг, медали биринҷӣ;
Темур Раҳимов – ҷуло, мардон, +100 кг, медали биринҷӣ;
Давлат Болтаев - бокс, мардон, 92 кг, медали биринҷӣ.
11 варзишгари тоҷик - муштзанҳо Баҳодур Усмонов (63,5 кг) ва Миҷгона Самадова (57 кг); ҷудокорон Эмомалӣ Нуралӣ (66 кг, ҷойи ҳафтум), Беҳрӯзи Хоҷазода (73 кг), Комроншоҳ Устопириён (90 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (100 кг); шиноварон - Фахриддин Мадкамов (тарзи озод ба масофаи 50 метр миёни мардон) ва Екатерина Бордачёва (тарзи озод ба масофаи 50 метр миёни занон); даванда Фаворис Музрапов (дав ба масофаи 100 метр байни мардон); Виктор Рассадин (74 кг, ҷойи панҷум) дар риштаи гуштии озод ва Мунира Абдусаломова (+67 кг) дар риштаи таэквондо - рақобатҳои худро бе медал ба анҷом расониданд.
Дар мусобиқот аз рӯи барномаи Олимпиадаи Порис то ҳоло варзишгарони 91 кишвар медал ба даст овардаанд, аз ҷумла намояндагони 63 кишвар бо медалҳои тилло сарфароз гаштаанд.
Дастаи мунтахаби Чин дар ҳисоби медалҳо бо назардошти сифати онҳо дар ҷойи аввал аст. Варзишгарони ин кишвар 91 медал, аз ҷумла 40 нишони тилло, гирифтаанд.
Мунтахаби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо касби 125 медал, ки 39-тоаш тиллост, дар зинаи дувум мебошад. Мунтахаби Ҷопон бо касби 45 медал, минҷумла 20 нишони тилло, мақоми севумро соҳиб шудааст.
Мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2024 дар Порис шоми якшанбеи 11-уми август бо бозии ниҳоӣ дар риштаи бакетбол миёни занон ба анҷом мерасад. Дар финал дастаҳои мунтахаби олимпии Фаронса ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико соати 18:30 бо вақти Душанбе ба рақобат мепардозанд.
Маросими пӯшидашавии Олимпиадаи Порис-2024 шаби 11-ум ба 12-уми август баргузор хоҳад шуд.