Маккейн: "Путин таҳдиди бузургтар аз ДИИШ барои амнияти ҷаҳонӣ аст"

Cенатор Ҷон Маккейн, раиси Кумитаи нерӯҳои мусаллаҳи Маҷлиси Сенати Амрико рӯзи душанбе изҳор дошт, ки таҳдиди Владимир Путин, президенти Русия, барои амнияти ҷаҳонӣ чанд маротиба бештар аз таҳдиди гурӯҳи "Давлати исломӣ" аст.

Ҷон Маккейн рӯзи душанбе дар мусоҳиба бо як шабакаи телевизионии Австралия таъкид кардааст, ки аз таҳримҳо алайҳи Маскав бинобар талош барои мудохила дар интихоботи президениии Амрико, ҳимоят мекунад. Ин сенатори ҷумҳурихоҳ гуфтааст, "фикр мекунам ӯ (Путин) таҳдиде умдатар ва муҳимтар аз ДИИШ аст."

Ҷон Маккейн, раиси Кумитаи нерӯҳои мусаллаҳи Маҷлиси Сенати Амрико Русияро муттаҳам кардааст, ки талош дорад пояҳои демократия дар ҷаҳонро аз байн бибарад.

Ба таъкиди Ҷон Меккейн, бо вуҷуди ин, ки санаде дар бораи муваффақияти Русия дар тағйири натиҷаҳои интихоботи президентии Амрико дар соли 2016 дар даст нест, вале Маскав кӯшид то бар интихобот дар Амрико таъсир бигузорад. Вай ҳамчунин ба талошҳои Русия ба дахолат дар интихоботи ахири президентии Фаронса, ишора кардааст.

Раиси Кумитаи нерӯҳои мусаллаҳи Маҷлиси Сенати Амрико Русияро муттаҳам кардааст, ки талош дорад пояҳои демократия дар ҷаҳонро аз байн бибарад. Оқои Маккейн гуфтааст, "аз назари ман Владимир Путин боиси тақсимшавии Украина - як кишвари мустақил шуд ва ба кишварҳои назди соҳили Балтика фишор ворид мекунад. Ҳамчунин Русия бузургтарин чолише аст, ки акнун мо бо он рӯбарӯ ҳастем."

Сенатори амрикоӣ Ҷон Маккейн.

Ин сенатори ҷумҳурихоҳ таъкид кардааст, ки "бинобар ин, мо бояд таҳримҳоро (алаҳйи Русия) афзоиш диҳем ва умедворем баъд аз таътили сенат, мо таҳримҳои алайҳи Русияро ба пеш бибарем ва муҷозоти дигаре низ алайҳи Маскав, ҷорӣ кунем."

Ниҳодҳои амниятии Амрико дар поёни таҳқиқоти худ дар январи соли 2017 ба ин натиҷа расиданд, ки Владимир Путин шахсан дастури анҷом додани талошҳо барои халал ворид кардан дар интихоботи президентии Амрико, аз ҷумла ҳакк ё рахна кардани сомонаи интихоботии Ҳизби демократ ва интишори емейлҳои онҳоро ба ҳадафи кӯмак ба пирӯзии Доналд Трамп, содир кардааст.

Ҳукумати Русия борҳо дахолат дар интихоботи президентии Амрикоро рад карда ва ҳукумати Доналд Трамп низ ҳаргуна ҳамкории байни корзори ӯ бо Русияро такзиб мекунад.