Макс Малкиел (Муллоқанд) як ошпазест, ки маҳсули эҷоди худро дар барномаҳои вижаи видеоиаш тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ намоиш медиҳад. Дар баробари ғизоҳои байналмилалӣ, ӯ вижагиҳои таҳияи хӯрокҳои тоҷикиро ҳам муаррифӣ мекунад ва аксари тавсия ё ресептҳои ӯ барои онҳое нигаронида шудааст, ки дар шароити хонаи шаҳрӣ ғизо омода мекунанд.
Радиои Озодӣ: Ишқи шумо ба таҳияву тақдими ғизоҳо, аз ҷумла ғизоҳои тоҷикӣ аз куҷо маншаъ мегирад?
Фикр мекунам, ки миллат як чизи тасаввурист ва мардумонро ҷудо мекунад. Ғизо як чизи воқеист ва ишқу муҳаббат меангезад ва одамонро пайванд мекунад
Макс Малкиел: Модари ман аз паноҳҷӯёни укранист ва дар хона ғизоҳои украиниву русӣ зиёд омода мекарданд. Вақте бо падарам, ки як тоҷики яҳудист, издивоҷ карданд, маҷбур буд, ки ғизопазиҳои тоҷикиро ёд гирад. Ва муваффақ ҳам шуд. Ман ҳам таҳияи ғизоҳои тоҷикиро аз модарам ёд гирифтам. Дар хурдӣ ман ба кӯдакистон нарафтам ва дар канори модарбузургам будам ва азбаски ба ҳунари ошпазӣ алоқа доштам, аз ӯ бисёр чиз ёд гирифтам. Ҳамон замон ҳам ба худ гуфтам, ки бояд ошпаз шавам. Аммо зиндагӣ дигар тараф рафт. Муҳоҷир шудам, дар кишварҳои мухталиф бо корҳои гуногун машғул шудам. Вале вақте 40-сола шудам, гуфтам, шояд дигар имкон намешавад. Рафтам ба як ресторани тоҷикӣ бо номи “Самарқанд” дар Лондон ва маро ҳамчун ошпаз пазируфтанд. Аз он вақт то ба имрӯз дар ресторанҳо кор мекунам.
Радиои Озодӣ: Аммо шумо дар сӯҳбати видеоии худ гуфтед, ки танҳо аз роҳи таҳияи ғизои тоҷикӣ намешавад аз назари тиҷоратӣ муваффақ шуд.
Макс Малкиел
Макс Малкиел (Муллоқанд) 46 сол дорад. Дар оилаи омӯзгорони ҳунари мусиқӣ – Фира Рохман ва Бориси Муллоқанд дар Душанбе бузург шудааст. Бобои падарӣ – Нетанели Муллоқанд - тарҷумони русӣ ба форсӣ солҳои 1930 аз Самарқанд ба Сталинобод (Душанбе) омада муқимӣ шуданд. Макс Малкиел таҳсилкардаи мактаби мусиқии Душанбе аст. Соли 1991 ба Исроил кӯч баст. Баъди 12 соли зиндагӣ дар Исроил ба Англия рафт ва соли 2016 дар Олмон зиндагӣ ихтиёр кард. Дар як тарабхонаи шаҳри Дортмунд ба ҳайси ошпаз кор мекунад. Ҳунари ошпазии Макс Малкиел тавассути канали хусусии ӯ дар YouTube ва ҳам дигар шабакаҳои иҷтимоӣ ба забонҳои русиву ибрӣ муаррифӣ мешавад. Оиладор аст, ҳамсараш Меҳрангез Набизода ҳам аз Тоҷикистон мебошад.
Макс Малкиел: Дуруст аст. Бастагӣ дорад, ки дар куҷои ҷаҳон зиндагӣ мекунед. Масалан, дар Русия ингуна ресторанҳо хеле муваффақанд, ё дар Ховари Миёна, масалан дар Исроил. Чунки даҳсолаҳо пеш муҳоҷирони тоҷик ба он ҷо рафтанд. Бахше аз хонаводаи ман ҳам 140 соли пеш ба Фаластин рафтанд. Он ҷо ошпазиҳои тоҷикиро мешиносанду дӯст медоранд. Аммо дар Олмону Инглистон ҳанӯз намешиносанд. Масалан, дар ресторанҳои ҳиндиву чинӣ 40-50 соли пеш вазъ ҳамингуна буд. Яъне ресторанҳо буданд, вале ҳама холӣ аз муштарӣ буданд. Имрӯз дигар хеле маъруфу маҳбуб шуданд. Ғизоҳои тоҷикӣ ҳам дар 20-30 соли дигар ҳам маъруф мешаванд.
Нони тоҷикӣ дар рӯи санги тафдони хона
Радиои Озодӣ: Шумо нони тоҷикиро дар тафдон ё духовкаи хона дар рӯи санг пухтед. Дар таблиғоташ гуфтед, ки аз нони танӯрӣ ҳеҷ фарқе надорад. Воқеан ҳам маззааш ҳамингуна буд?
Макс Малкиел: Як бор бипазед ва мебинед (механдад).
Радиои Озодӣ: Ман ин корро карданӣ ҳастам, вале ҳоло назари шуморо мехостам бидонам.
Макс Малкиел: Хеле хуб омад. Барои ҳамин ҳам дар он видео гуфтам, ки ҳисси бозори “Шоҳмансур”-ро доштам аз хӯрдани он нон.
"Миллат - тасаввурист, ғизо як чизи воқеист"
Радиои Озодӣ: Шумо мегӯед, ки ба ҳангоми баррасии мавзӯи ғизо набояд аз вожаи “миллӣ” истифода кард, балки онро “ғизои суннатӣ” бояд гуфт. Чаро?
Макс Малкиел: На танҳо дар мавзӯи ғизо, балки дар ҳар мавзӯи дигар ҳам назари ман ин аст. Миллат як чизи тасаввурист. Мо сад сол пеш узбаку яҳуду тоҷику... надоштем, мо ҳама як миллат будем дар аморати Бухоро. Пеш аз ин мо ҳама эронӣ будем – чӣ турк, чӣ тоҷик, чӣ зардушту, чӣ яҳуду чӣ мусалмон... Имрӯз, ки миллатпарастии аврупоӣ омад ба минтақаи мо, мардумро ҷудо кардем. Ман аз ин чиз хушам намеояд. Фикр мекунам, ки миллат як чизи тасаввурист ва мардумонро ҷудо мекунад. Ғизо як чизи воқеист ва ишқу муҳаббат меангезад ва одамонро пайванд мекунад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Тарки Иттиҳоди Шӯравӣ
Радиои Озодӣ: Баргардем ба давраи бачагиатон ба Тоҷикистон. Ёд доред, ки чӣ тавр аз Тоҷикистон рафтеду бо ин кишвар хайрбод гуфтед?
Макс Малкиел: Ман навҷавон будам ва хостам ҷаҳонро бубинам. 19 сол доштам. Хостам забонҳоро биомӯзам. Марзҳои Иттиҳоди Шӯравӣ баста буд. Аммо ман, ки як яҳудӣ будам, имкон доштам, ки берун биравам. Аз ҳукумати Шӯравӣ бадам меомад, вале аз Тоҷикистон – на, Тоҷикистон ватани ман аст. Хостам ҷаҳонро бубинам. Ман рафтам ва аз паи ман падару модарам ҳам омаданд. Баъд ҷанг шурӯъ шуд. Фосила меуфтад. Меҳр дар чашм аст, мегӯянд. Ман, ки ҷавон будам, зуд ба шароити нав мутобиқ шудам.
Радиои Озодӣ: Эҳсос мешавад, ки шумо хушбахт ҳастед. Волидонатон ҳам хушбахтанд?
Макс Малкиел: Онҳо ҳам хеле хушбахт ҳастанд. Одами калонсол ҷое хушбахт аст, ки набераҳояш бошанд.
Радиои Озодӣ: Дар хона аз Тоҷикистон сӯҳбат мекунанд?
Макс Малкиел: Албатта. Дар интернет мехонанд, аз YouTube тамошо мекунанд.
Радиои Озодӣ: Ба Тоҷикистон нарафтанд дигар?
Макс Малкиел: На. Вале ман рафтам. Бо як дӯсти эрониау англисам ду сол пеш рафтам. Ҳеҷ кас аз одамҳое, ки мо мешинохтему ҳамроҳ бузург шудем, дигар дар Душанбе намонданд. Дили одам барои хешу табору дӯстон, яъне одамон танг мешавад.
Радиои Озодӣ: Душанберо чӣ гуна дарёфтед? Душанбе хеле тағйир ёфтааст
Макс Малкиел: Хеле дӯст доштам Душанберо, хеле.
Ресторане мехоҳам, ки муштарӣ меҳмон бошад
Радиои Озодӣ: Мардуми тоҷик дар 25 соли охир тоза бо мавзӯи муҳоҷират ва муҳоҷирати корӣ аз наздик ошно шуд. Барои бисёриҳо ин зарурат ба хотири дарёфт худ, пайдо кардани кору даромад бо мушкил пеш меравад, ҳанӯз ҳам бисёриҳо дар ҳолати стресс ҳастанд. Шумо дар масъалаи истодагарӣ ба ҳамин мушкилот ё мутобиқшавӣ ба шароит ва ҷомеаи нав кадом машварате доред?
Макс Малкиел: Мутаассифона ё хушбахтона, “савора аз пиёда хабар надорад”. Ман аз ин таҷрибаи сахте, ки муҳоҷироти тоҷик доранд, надоштам. Ман рафтам Исроил, шаҳрвандии Исроилро гирифтам, кӯмаки пулӣ гирифтам. Барои ман хеле осон буд муҳоҷират. Ва он тоҷикони бечора, ки аз рустоҳо ба Русия забони русиро надониста мераванд, чӣ қадар азоб мекашанд. Мегӯянд, шаҳри якчашма рафтӣ, якчашма шав. Бояд урфу одати одамонро иззат карду эҳтиром гузошт. Ва ҳама чиз хуб мешавад.
Радиои Озодӣ: Ба ҳайси ошпазе чӣ нақшаҳои калоне дар дил доред?
Макс Малкиел: Худо хоҳад, як рӯз мехоҳам, ки як ресторане дошта бошам, вале як ресторани хурд, на ҷои бузург. Ҷое, ки ман бо ҳар як меҳмон битавонам мисли бо як меҳмон рафтор кунам, на муштарӣ.