Мавзуна Чориева дар Чин дувум шуд

Мавзуна Чориева

Мавзуна Чориева, муштзани машҳури тоҷик, дар мусобиқаи кушодаи қаҳрамонии Чин медали нуқра ба даст овард.

Дар мусобиқа кушодаи қаҳрамонии Чин, ки дар шаҳри Гуяни он кишвар бо ширкати 139 варзишгар (112 мард ва 27 зан) аз ҳабдаҳ кишвар аз 13-ум то 20-уми июл баргузор шуд, се муштзани тоҷик - Мавзуна Чориева, Анвар Юнусов ва Светлана Веглина - бо раҳбарии Мирзо Шамсиев, сармураббии мунтахаби бокси Тоҷикистон, ширкат доштанд.

Мирзо Шамсиев баъди бозгашт аз Чин рӯзи 23-юми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, «Мавзуна Чориева дар сабқати занон дар вазни то 60 килограмм бар рақибонаш аз Муғулистон, Чин ва Тайланд ғолиб омада, ба финал баромад. Вале дар қувваозмоии ниҳоӣ аз Янг Чун Хуа аз Чин аз рӯи имтиёз бо ҳисоби 0-3 мағлуб шуд ва мақоми дувумро касб кард.»

Ба иттилои сармураббӣ дар сабқати занон намояндаи дигари Тоҷикистон Светлана Веглина дар рақобатҳо дар вазни 51 кг дар даври аввал аз муштзани Кореяи Шимолӣ, ки ғолиби ин мусобиқа шуд, шикаст хӯрд.

Дар сабқати мардон дар вазни то 60 кг кори Анвар Юнусов, муштзани маъруфи тоҷик, омад накард. Дар даври муқаддамотӣ бар асари зарбаи сахти рақиби қазоқаш сари ӯ шадидан осеб ёфт ва бо тасмими пизишкон сабқат қатъ шуд. Анвар аз идомаи мубориза маҳрум гашт.

Ба гуфтаи Мирзо Шамсиев акнун муштзанҳои тоҷик дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба мусобиқаи бокс аз рӯи барномаи Бозиҳои XVII осиёӣ, ки моҳи сентябр дар шаҳри Инчони Кореяи Ҷанубӣ баргузор мешавад, омодагӣ мебинанд.