Ин иқдом ба ибтикори Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон ва дар толори “Хонаи адибон” баргузор хоҳад шуд. Масъулони Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки “дар ин нишаст аҳли адабу фарҳанг роҷеъ ба осору афкор ва таълимоти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ табодули назар карда ва ҳамчунин маҳфили “Мавлавихонӣ” низ сурат хоҳад гирифт”.
Ин дар ҳолест, ки бархе аз аҳли зиё пешниҳод карда буданд, ки таълимоти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ барои ҷавонони кишвар дар шакли дурусту васеъ омӯзонда шавад. Зеро ба таъкиди Гулназар Келдӣ, шоир ва муаллифи Суруди миллии Тоҷикистон, “ибратомӯзӣ аз Мавлоно ва осораш, ки беш аз ҳар чизи дигар инсонро васф кардааст, ба ҷавонони имрӯзаи тоҷик нафъи зиёд дораду зиён – не”.
Ҷаноби Келдӣ меафзояд, “Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ борҳо ишора кардааст, ки ҳамаи инсонҳо дар назди Худованд баробаранд ва ин аст, ки осораш дар дили намояндагони ҳамаи адён (динҳо) ҷой дорад. Ҳатто дар рӯзи марги Мавлоно, ҳам мусалмону насронӣ, ҳам бутпарасту яҳудӣ ҷамъ шуда, аз паси тобуташ мерафтанд”.
Бо он ки таҷлили Рӯзи Мавлоно аз ҷумлаи барномаҳои давлатӣ барои бузургдошти нобиғаҳои илму адаби тоҷик унвон мешавад, аммо бархе аз соҳибназарон мегӯянд, ҳанӯз ба таври зарурӣ аз Мавлоно Балхӣ ва осораш дар Тоҷикистон қадрдонӣ нашудааст. Ба қавли онҳо, Рӯзи Мавлоно дар Тоҷикистон мисли як рӯзи оддӣ мегузарад ва ба ҳисобашон шояд ҳаштод ё навад дарсад аз аҳолӣ ҳам аз ин рӯз хабар надоранд.
Зимнан, Созмони Милали Муттаҳид соли 2007-умро соли бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ихтисос дода буд ва кишварҳои ҷаҳон мисли Туркия, Эрон, Афғонистон, Тоҷикистон, Фаронса ва дигар кишварҳо барномаҳое барои гиромидошт ва бузургдошти 800-умин солрӯзи мавлуди ин марди бузург баргузор карданд.
Тоҷикистон таърихи "30-юми сентябр"-ро ҳамчун "Рӯзи Ҷалолиддини Балхӣ" эълон кард. Аксари мавлавишиносон мегӯянд, Тоҷикистон обишхӯр ё зодгоҳи Ҷалолиддини Румӣ маҳсуб мешавад ва мебоист аз ин шахси ҷаҳонӣ дар рӯзе, ки ба бузургдошти ӯ ихтисос дода шудааст, бо шукӯҳи хоса ёд мекард.