Бори соҳибкорони тоҷик моҳҳо боз дар Чин банд мондааст. Тоҷирон мепурсанд, "роҳ кай боз мешавад?"

Акс аз бойгонӣ

Баъзе аз соҳибкорони тоҷик шикоят доранд, ки молу колои харидаашон моҳҳо боз дар Чин банд монда, тиҷораташонро дар кишвар беравнақ кардааст. Чин яке аз шарикони асосии Тоҷикистон аст ва бештари молҳои ниёзи мардумро аз онҷо меоранд.

Абдулло, соҳибкори тоҷик, чанд сол аст, ки аз Чин мол меорад. Ӯ гуфт, аз моҳи октябри соли гузашта ба ин тараф мунтазири омадани бор аз Чин аст.

"Мавсим гузашту мол наомад"

Дар солҳои қабл дар арафаи Соли нави чиниҳо аз ҳама зиёд якуним моҳ тиҷорат қатъ мешуд, чун онҳо истироҳат мекарданд, аммо ҳоло вазъ фарқ мекунад.

"Мавсими пойафзолҳои зимистона, ки қарор буд тирамоҳ вориди бозор мекардем, алакай гузашт, аммо ҳанӯз аз борҳо дарак нест. Коршарикон аз Чин мегӯянд, ба далели баста будани роҳ наметавонанд борро ба Тоҷикистон фиристанд. Агар бор расад ҳам, мавсим гузашт, шояд соли оянда бо ин нарх фурӯхта натавонем", -- гуфт ӯ рӯзи 18-уми январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Абдулло дар бозори "Корвон"-и шаҳри Душанбе тоҷир аст ва аз сарнавишти норӯшани даҳҳо ҳазор сомонияш, ки барои харидан мол дар Чин сарф кард, нигарон аст. Вай гуфт, ҳоло дар нуқтаи фурӯши ӯ дар бозор қариб моли наву муносиб ба фасли зимистон надорад ва, бино бар ин, чандин харидорашро ҳам аз даст дод.

Фарангис, тоҷири дигар аз Душанбе, низ айни мушкилро дорад. Ӯ чанд моҳи охир рӯ ба бозорҳои Бишкек овардааст, аммо мегӯяд, дар ин самт чандон муваффақ нашуд. Тиҷорати Фарангис онлайн аст ва пештар молу колоро барои занон аз Чин оварда, тавассути Интернет таблиғ мекарду мефурӯхт. Чаҳор моҳ боз аз харидорон фармоиш намегирад ва тиҷораташ ҳам дигар мисли пешина гарм нест.

"Вақте овардани бор мушкил шуд, дигар фармоиш нагирифтам. Яке аз шиносҳоро медонам, ки бояд дар аввали моҳи ноябри соли гузашта аз Чин кӯрпаҳои зимистона ворид мекард. Ҳанӯз ҳам бораш нарасидааст", -- нақл кард ӯ.

"Агар чунин вазъ идома кунад..."

Тоҷирон аз он нигаронанд, ки бо идома ёфтани вазъ тиҷораташон бо хатари муфлисшавӣ мувоҷеҳ мешавад. Дар умум, дар пайи пандемияи коронавирус ва маҳдуд шудани равуо ба хориҷ, зимистони имсол ҳам дар бозорҳои кишвар ба фарқ аз солҳои пеш интихоби молу коло васеъ нест. Бисёре аз тоҷирон имсол маҷбур шуданд, бо моле, ки аз солҳои гузашта дар анбор мондааст, корро идома диҳанд.

Дар гузаргоҳи марзии "Қулма-Қаросу" дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар як тамоси телефонӣ гуфтанд, воридоти мол аз Чин аз тирамоҳи соли гузашта манъ шуда, марз бастааст ва маълум нест, кай кушода мешавад.

Дар ҳамин ҳол, як манбаи огоҳи Радиои Озодӣ гуфт, Чин сарҳадҳояшро бо Тоҷикистон моҳи ноябри соли гузашта пурра баста буд ва ҳоло воридоти молу коло аз ин кишвар манъ аст. Ин ҳамсуҳбати мо гуфт, "ҷониби Чин ваъда додааст, ки моҳи марти имсол сарҳад боз мешавад". Ҳанӯз иттилои расмӣ дар робита ба боз шудани марзҳо нашр нашудааст.

Молу колои Чин ба Тоҷикистон асосан аз се роҳ ворид мешавад:

  • Нахуст бевосита аз Чин ба Тоҷикистон тавассути гузаргоҳи "Қулма-Қаросӯ" дар ноҳияи Мурғоб
  • Дувум аз қаламрави Қирғизистон. Ҳоло марзи Чин бо Қирғизистон ҳам бастааст ва воридот аз ин самт ҳам сурат намегирад
  • Севум аз хоки Қазоқистон. Дар марзи Қазоқистон ва Чин минтақаи озоди иқтисодӣ, бозори марзӣ ва гузаргоҳи Хоргос фаъол аст, ки як нуқтаи муҳими содироти моли Чин ба хориҷ аст. Баъзе аз тоҷирони тоҷик аз ин минтақа низ мол ворид мекунанд, ҳарчанд хароҷоти роҳ дар муқоиса бо самтҳои дигар гаронтар аст.

Ба соли нави чиниҳо рабт дорад ё пешгирӣ аз беморӣ?

Дилшод Қодиров, соҳибкори тоҷик, рӯзи 18-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ӯ бештар аз шаҳри Урумчии Чин молу коло ворид мекард ва аз тобистони соли гузашта муваққатан корашро қатъ кард. Ӯ гуфт, ҳоло барои Чин мушкили пандемия ва сиҳатии аҳолияш муҳим мемонад ва, аз ин рӯ, баста будани марзҳо дуюмдараҷа аст.

"Баъд аз паҳншавии коронавирус дар ин кишвар марзҳо пурра баста шуда буд, аммо як муддат боз воридоти молу коло имконпазир шуд. Ҳоло дубора бастааст ва боз шудани марзҳо ба худи Чин бастагӣ дорад. Ин мисли солҳои пеш нест, ки бигӯем ба Соли Нав рабт дорад. Дар солҳои қабл дар арафаи Соли нави чиниҳо аз ҳама зиёд якуним моҳ тиҷорат қатъ мешуд, чун онҳо истироҳат мекарданд, аммо ҳоло вазъ фарқ мекунад", -- шарҳ дод ӯ.

Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, мушкили ҳамлу нақл эҳтимол дорад, ба коҳиши гардиши молу коло ва воридоти маҳсулот аз Чин боис шуда, ҳамчунин вазъ метавонад ба болоравии нарх дар бозор сабаб шавад.

Дар ниҳодҳои марбутаи Тоҷикистон ин мавзуъро шаҳр надоданд. Аз ҷумла, дар Хадамоти гумрук ба Радиои Озодӣ гуфтанд, дар сурати пешниҳоди номаи расмӣ посух хоҳанд дод.

Тоҷикистон ба ҷуз аз хӯрокворӣ ва маҳсулоти нафтӣ, бештари молҳои ниёзи мардумро аз Чин меорад. Додугирифти ин ду кишвар дар соли 2020 зиёда аз 342 миллион долларро ташкил додааст. Мақомот гуфтанд, ин рақам нисбат ба ҳамин давраи як соли пеш 96 миллион доллар камтар будааст.

Феълан Чин аз лиҳози сармояи гузошта ба иқтисоди Тоҷикистон пешсаф аст. Давоми даҳ соли охир Чин ба иқтисоди Тоҷикистон ба маблағи қариб 1,4 миллиард доллар сармоягузорӣ кардааст. Ин кишвар ба сегонаи шарикони асосии тиҷоратӣ низ шомил буда, аз рӯйи мизони гардиши молу маҳсулот пас аз Русия ва Қазоқистон зинаи сеюмро ишғол мекунад.