- Як духтари тоҷик, ки чанд моҳ қабл аз урдугоҳи паноҳандагон дар Ироқ ба Тоҷикистон оварда шуд, таҳсилро дар синфи севуми яке аз мактабҳои миёнаи Ҳисор шуруъ кард.
Пас аз интизории зиёд Марям Шоева либоси мактабӣ ба бар кард ва роҳ ба сӯи синфхона гирифт. Наздикони ин духтари 11-сола, ки чанд моҳ қабл аз як урдугоҳи паноҳандагон дар Ироқ ба ноҳияи Ҳисор оварда шуд, барои ба таҳсил фаро гирифтани ӯ талоши зиёд карданд.
Матлабро бо забони русӣ дар инҷо бихонед
Ҳар рӯз бо дугонаҳоям ба мактаб меравем. Чизеро, ки намефаҳмам ба ман мефаҳмонанд, ёрӣ мекунанд. Мехоҳам, таҳсилро идома диҳам ва бештар забон омӯзам
"Алифборо намедонист"
Марям дар мактаби рақами 59-и ноҳияи Ҳисор ба синфи 3-юм пазируфта шуд. Ӯ, ки ҳанӯз “Алифбо”-ро намедонист, баъди бозгашт аз Ироқ бо кумаки бобо худомӯзӣ намуд ва барои таҳсил ҳамроҳи ҳамсолонаш талоши зиёд кард. Вале барои бобову набера ин ба осонӣ даст надод.
Марям Шоева рӯзи 24-уми сентябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “намехостам дар синфи якум ҳамроҳ бо кӯдакони хурдсол таҳсил кунам. Комиссия ташкил карда, бо ман суол ҷавоб намуданд. Аз забон ва ҳисобу китоб пурсиданд. Диданд, ки саводам хуб аст, баъд ба синфи 3-юм қабул карданд.”
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
"Комиссияи иборат аз 5 нафар ӯро санҷиданд"
Наздикони Марям Шоева, аз аввал талош доштанд, ки ӯ дар мактаби президентии ноҳияи Ҳисор таҳсил кунад. Аммо ба онҳо гуфтанд, ки ба даври имтиҳонҳо дер кардааст. Мактабҳои миёнаи дигар ҳам, аввал барои қабули ӯ дар синфи болотар омода набуданд. Пас аз муроҷиати Муҳаммадраҳим Шоев, бобои Марям, ба Вазорати маориф ва илм ва ташкили комиссияи иборат аз 5 нафар ин имкон барояшон даст дод.
Муҳаммадраҳим Шоев бовар дорад, Марям дар як сол ба ҳамсолонаш баробар хоҳад шуд. "Ҳамсолони Марям дар синфи 5-ум мехонанд. Ӯ баъди имтиҳон барои таҳсил дар синфи 3 қабул шуд", - гуфт ӯ.
Мудири маориф: Гуфтем, ки аз гузаштааш парусанд
Масъулони идораи маорифи Ҳисор мегӯянд, баробари қабули ин наврас ба мактаб, ба муаллимону ҳамсинфон таъкид кардаанд, ки ӯро аз гузаштааш зиёд пурсуҷӯ накунанд ва ҳамеша дар дарс барояш кумак расонанд. Ҳамза Қосимов, намояндаи шӯъбаи маорифи Ҳисор ва раҳбари ҳайати комиссия барои қабули Марям ба мактаб рӯзи 24-уми сентябр гуфт, “ба мудири мактаб фаҳмондем, ки назорат барад, то ягон ҳарфи зиёдатӣ ба ӯ гуфта нашавад. Духтарак ба хондан шавқи зиёд дорад. Мегӯяд, ки мехонам ва ба ҳамсолони дигарам баробар мешавам."
Марям Шоева, ки акнун як ҳафта боз ба мактаб меравад, аз он хушҳол аст, ки дӯстони нав пайдо кардааст. Ба дарси забони тоҷикӣ ва русӣ майли бештар доштааст. “Ҳар рӯз бо дугонаҳоям ба мактаб меравем. Чизеро, ки намефаҳмам ба ман мефаҳмонанд, ёрӣ мекунанд. Мехоҳам, таҳсилро идома диҳам ва бештар забон омӯзам”, - мегӯяд ӯ.
Аз Ҳисор то Мисру Ироқ
Ин наврас охири тобистони соли гузашта дар Ироқ пайдо шуд. Барои наҷоти ҷонаш аз даҳшати ҷангу сарсониҳо дар урдугоҳи паноҳандагон бо як муроҷиати видеоӣ аз наздиконаш дар Тоҷикистон кумак хост. Пас аз гуфтугузорҳои яксола, Марям бо кумаки мақомот ба Тоҷикистон оварда шуд.
Ӯ духтари Ҷамолиддин Шоев, сокини ноҳияи Ҳисор аст, ки ҳамроҳи ҳамсараш Садбарг Шомирзоева, сокини Душанбе ва чаҳор тифлаш соли 2016 бо қасди Миср Тоҷикистонро тарк кардааст. Баъд аз бозгашти Марям ба Тоҷикистон маълум шуд, ки волидонаш дар як бомбаафканӣ дар шаҳри Мавсили Ироқ кушта шуданд ва ӯ танҳо мондааст.
То рафтан ба мактаб равоншиносони Кумитаи байналмиллалии Салиби Сурх, ҳамроҳ бо Марям ва чанд наврасе, ки мисли ӯ Ироқу Сурия ба Тоҷикистон баргардонида шуданд, кор бурданд. Равоншиносон талош карданд, барои мутобиқ шудани ин кӯдакон ба зиндагии нав ва аз ёд бурдани даҳшати ҷанг ба онҳо ёрӣ намоянд.
Муҳити ором ва зиндагии муқаррарӣ
Ҳам равоншиносони Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх ва ҳам масъулини Бунёди атфоли Созмони Милали Муттаҳид барои ҳарчӣ зудтар барои ба таҳсил фаро гирифтани Марям ва ҳамтақдирони ӯ таъкид мекарданд. Ба гуфтаи онҳо, вақте ин кӯдакон ба таҳсил фаро гирифта мешаванд, эҳсос мекунанд, ки ба муҳити ором ва ба зиндагии муқаррарӣ баргаштаанд.
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, даҳҳо кӯдаки дигари тоҷик дар Ироқу Сурия ятим мондаанд ва талош барои бозгардонидани онҳо идома дорад. Дар маҷмӯъ, беш аз 1000 шаҳрванди Тоҷикистон ба Ироқу Сурия рафта, ба гурӯҳҳои тундраву террористӣ, ба мисли гурӯҳи “Давлати исломӣ” пайвастаанд. Баъзе аз онҳо, ки кӯдаконашонро бо худ бурдаанд, дар ҷангҳо кушта шудаанд ва маълум нест, чанд ятими дигари тоҷик дар Ироқу Сурия мондаанд.
Марям, ки акнун аз ин ҳама даҳшатҳо раҳо шуда, ҳамроҳ бо ҳамсолон ба таҳсил шурӯъ кардааст, орзу дорад, таҳсилро бо баҳои аъло хатм карда, табиб шавад ва ба дарди беморон шифо бахшад.