Китобе наве дар бораи Тоҷикистон, ки аз хонданаш мардуми кишвар хушҳол нахоҳанд шуд, рӯи чоп омадааст.
Пажӯҳишгарони ғарбӣ дар бораи Тоҷикистон, ки онро як “гӯшаи фаромӯшшуда дар Осиёи Марказӣ” хондаанд, бисёр кам китоб менависанд ва агар ҳам навиштаанд, дар бораи ҷанги хунини шаҳрвандӣ ва ё таърихи фоҷиабори тоҷикон аст.
Китоби наве, ки Марта Олкотт, таҳлилгари амрикоӣ дар бораи Тоҷикистон навиштааст, яке дигар аз ин гуна китобҳост ва дар бораи мушкилотест, ки ба назари муаллиф Тоҷикистон пеши рӯ дорад. Муқаддимаи китоби 463 саҳифагии “Роҳи Сахти Рушди Тоҷикистон”, ки рӯзи 5-уми ноябр дар Бунёди Карнегӣ дар Вашингтон муаррифӣ шуд, ин аст, ки Тоҷикистон дар вартаи суқут қарор дорад.
Мардуми ин кишвари кӯҳистонӣ ва фақиртарин дар Осиёи Марказӣ, ранҷи ришвахориро мекашанд ва аз баъзе аз ҳуқуқи бунёдии инсонии худ маҳруманд. Мушкилоти фаровони Тоҷикистон ба гуфтаи Марта Олкотт, баъди хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистони ҷангзада дар соли 2014 бештар мешавад.
Дар расми муаррифии китобаш, дар ҳузури гурӯҳе аз донишмандон, Марта Олкотт гуфт, сарчашмаи бисёре аз дарду мушкилоти Тоҷикистон, сиёсатҳои “бехирадонаи” шӯравӣ будааст, ки ба ҳамин далел шояд, натавонад як кишвари аз назари иқтисодӣ таъмин бошад. Ба гуфтаи Марта Олкотт, яке аз ин сиёсатҳо, сиёсати демографӣ буд, ки ҳоло аҳолии Тоҷикистонро дар ин сарзамини кӯчак ба ҳадде расонд, ки имкони таъмини ҳамаи онҳо бо ҷойи корро надорад.
Ба гуфтаи Марта Олкотт, некӯаҳволии Тоҷикистон дар ояндаи дур ҳам ба муҳоҷират вобаста хоҳад буд: “Вазъи некуаҳволии Тоҷикистон ба имкони мардуми он дар пайдо кардани ҷойи кори хуб дар хориҷ вобаста аст. Тоҷикон дар хориҷ кор пайдо мекунанд ва дар арсаҳои гуногун. Бар асоси як пажӯҳиши дигар, Русия - кишвари муҳоҷирпазир аз Тоҷикистон ҳамеша пойбанди нерӯи кори хориҷӣ хоҳад буд ва наметавонад, пеши роҳи онҳоро бигирад. Бар асоси ин пажӯҳиш, Русия барои рушди иқтисодаш ба нерӯи муҳоҷирони корӣ ниёз хоҳад дошт. “
Марта Олкотт дар китобаш бо тасвири шароити ҷуғрофӣ, имконоти иқтисодӣ мегӯяд, ки Тоҷикистон бо вуҷуди доштани саноати хуби металгудозӣ, бахусус корхонаи тавлиди алюминиум, ки аз тарафи ҳукумат идора мешавад, ҳеҷ гоҳ натавонистааст, суди лозимиро аз ин корхона ба даст биёрад. Аз назари роҳҳои иртиботӣ дар муҳосира аст ва аксари роҳҳои таъминотиаш аз Узбакистон мегузарад, ки тайи чанд соли гузашта ҳар вақт хостанд мебанданд ва ё боз мекунанд.
Барои ҳамин ба гуфтаи Марта Олкотт Тоҷикистон барои ба ҳам пайвастани гӯшаҳои кишвар ва ба хориҷ, роҳҳои нақлиёти заминӣ месозад, вале ҳаракат дар онҳо ҳам осон нест: “Бисёре аз роҳҳои бо кӯмаки Бонки Рушди Осиё ва ҳам сармоягузории Чин бунёд шудаанд. Бисёре аз ин роҳҳо ба зудӣ фурӯ хоҳанд рафт, зеро мо медидем, ки чӣ гуна сохта мешаванд ва возеҳан ришвахорӣ зимни бунёди роҳҳо вуҷуд дошт.”
Бахши дигаре аз китоб дар бораи арсаи энержии Тоҷикистон аст, ки дар он сарнавишти Роғун ва шабҳои сарду торики мардум дар зимистонҳо тасвир шудаанд. Марта Олкотт, ки ба гуфтаи худаш китоби ӯро баъзеҳо бисёр “бадбинона” (пессимистона) ба ояндаи Тоҷикистон хондаанд мегӯяд, ҳатто дар сурати бунёди нерӯгоҳи азими барқи обии Роғун ҳам бисёре аз мушкилоти Тоҷикистон ҳал намешавад:
“Ба мардуми Тоҷикистон гуфтаанд, ки бо бунёди Роғун мушкилоти рушди иқтисодӣ ҳал хоҳад шуд, аммо ба фикри шахсии ман ин стратегияи амалишаванда нест. Нерӯгоҳҳои барқи обӣ ва шабакаҳои тақсими барқ дар Тоҷикистон солҳои 70-ум бунёд шудаанд ва ҳоло кӯҳна шудаанду мешаванд. Бозори воқеъӣ барои фурӯши нерӯи барқи Роғун вуҷуд надорад. Сангтӯда ва дигар нерӯгоҳҳои барқи обӣ ба иқтидори комили хеш кор намекунанд, зеро талабгори кофии нерӯи барқ дар онҷо нест.”
Йоҳаннес Линн, яке аз мудирони минтақавии собиқи Бонки Ҷаҳонӣ, ки борҳо ба Тоҷикистон ҳам сафар кардааст, мегӯяд, агарчӣ дар китоби Марта Олкотт мушкилоту воқеъияти Тоҷикистон ошкору возеҳ тасвир шудааст, аммо бо назардошти ҳамин сахтиҳо пешрафтҳое, ки кишвар тайи 15 соли гузашта ва баъди хатми ҷанги шаҳрвандӣ доштааст, бисёр чашмгиранд:
“Пешрафтҳои муназзам дар 16 соли гузашта, рушди муназзами иқтисодӣ, беҳтар шудани вазъи зиндагии мардум, суботи нисбӣ, воқеан дастовардҳои чашмгире ҳастанд. Ман бо шумо мувофиқ буда наметавонам, зеро шумо вақте ба кишваре чун Тоҷикистон менигаред, дастовардҳояш воқеан такондиҳандаанд.”
Дар китоби “Роҳи Душвори Рушди Тоҷикистон”, ки моҳи январ ба забони русӣ ҳам дар Маскав нашр хоҳад шуд, Марта Олкотт, хулоса мекунад, ки раҳбарияти Тоҷикистон бояд аз ду роҳе якеро интихоб кунад, ки яке ислоҳоти комил дар сиёсату иқтисоди кишвар аст ва интихоби дуввум ҳаракат дар роҳи беҳосили ҳозирааш. Интихоби Тоҷикистон ба гуфтаи таҳлилгари амрикоӣ, на танҳо барои зиндагии мардуми кишвар, балки ба вазъи тамоми Осиёи Марказӣ таъсиргузор хоҳад буд.
Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!