Дар шаҳри Душанбе маҳфили ёдбуди шодравон маршал Муҳаммадқасими Фаҳим, собиқ муовини аввали раиси ҷумҳури Афғонистон ва аз фармондеҳони саршиноси муҷоҳиддин, баргузор шуд.
Ин маҳфил бо ибтикори Сафорати куброи Давлати исломии Афғонистон доир шуд ва дар он шумораи зиёде аз мақомоти давлатии Тоҷикистон, аҳли адабу фарҳанг ва рӯзноманигорон рӯшанфикрони тоҷик ширкат доранд.
Хабарнигорони «Озодӣ» аз макони баргузории ин нишаст мегӯяд, ки ба иттилои масъулони сафорат ба ин маҳфил ҳудуди 1500 нафар даъват шудаанд. Дар миёни ширкатдорони ин нишаст, аз ҷумла Эркин Раҳматуллоев, ёвари раиси ҷумҳури Тоҷикистон оид ба масоили байналмилалӣ, Саидамир Зуҳуров, собиқ раҳбари Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, устод Мӯъмин Қаноат, шоири саршиноси Тоҷикистон, Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ, Раҳматуллоҳ Зоиров, раиси ҲСДТ ва дигарон ҳузур доранд.
Абдулғафури Орзу, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон аз маршал Фаҳим ба унвони фармондеҳе ёд кард, ки ҳам дар даврони ҷиҳод алайҳи шӯравӣ ва ҳам муқовимат алайҳи Толибон нақши боризе дошт. Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон ҳамчунин аз нақши маршал Фаҳим дар амри мубориза бо терроризм ёд кард.
Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз маршал Фаҳим ба унвони шахсияти озодхоҳ ва истиқлолталаб ёд кард, ки алайҳи касоне, ки мехостанд чеҳраи исломро хатшадор кунанд, пайкор кард. Ба андешаи ҷаноби Кабирӣ, маршал Фаҳим дар канори устод Раббонӣ ва сипаҳсолор Масъуд барои миллат тоҷик ва мардуми онхизматҳои бузургеро анҷом доданд. Ба вижа дар даврони ҳиҷрати тоҷикон ба Афғонистон дар замони кашмакашҳои дохилии Тоҷикистон, онҳо нагузоштанд, ки муҳоҷирони тоҷик дар Афғонистон хорӣ бубинанд. Муҳиддин Кабирӣ афзуд, ки ба ҳамин хотир қарзи ҳар як тоҷик ва тоҷикистонӣ аст, ки дар ин лаҳзаҳо дар ғаму андӯҳи мардуми Афғонистон шарик бошанд.
Муҳаммадқасими Фаҳим, ноиби раисиҷумҳури Афғонистон ва аз фармондеҳони собиқи муҷоҳидини афғон рӯзи 9 март аз олам чашм пӯшид. Мақомоти Афғонистон гуфтанд, ноиби раиси ин ҷумҳурӣ маршал Муҳаммадқасими Фаҳим рӯзи якшанбе, 9 март бо марги табиӣ аз дунё даргузашт. Муҳаммадқасими Фаҳим 56 сол дошт. Ҳукумати Афғонистон ба хотири даргузашти Маршал Фаҳим дар он кишвар се рӯзимотами умумӣ дар саросарӣ эълом карда буд.
Дар Тоҷикистон ҳам даргузашти Муҳаммадқасими Фаҳимро талафоти сангине барои майдони сиёсати Афғонистони кунунӣ ва бахусус барои тоҷикони ин кишвари ҳамсоя ва ҳамзабон мешуморанд. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба дунболи хабари марги маршал Фаҳим дар як барқияи тасалият ба ҳамтои афғонаш Ҳомиди Карзай дар робита ба даргузашти муовини аввали раиси ҷумҳури Афғонистонизҳори ҳамдардӣ кард. Дар ин номаи таслият аз ҷумла омада буд: "Шодравон Фаҳимхон аз шахсиятҳои бузурги таърихи навини Афғонистони мубориз буд ва дар сафҳои аввали ҷиҳод ва муқовимати мардуми қаҳрамони кишвар қарор дошт. Ширкати марҳум дар раванди эҳёи муҷаддади ҳамсоякишвари мо аз саҳми боризи ӯ дар пайкори озодӣ камтар набуд. Дар зеҳни тоҷикистониён ӯ ҳамеша чун дӯсти ҷонӣ, саҳмгузори тақвияти риштаҳои ногусастании дӯстии мардумони ду кишвар нақш бастааст. Ин аст, ки ёди поки ин марди некниҳоду нексиришт аз дилу дидаҳои ҳамаи онҳое, ки ӯро мешинохтанду аз наздик медонистанд, зудуда нахоҳад шуд…"
Қосимшоҳ Искандаров, афғонистоншиноси маъруф ва раҳбари Маркази низоъшиносии Тоҷикистон рӯзи 9 март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ даргузашти маршал Муҳаммадқасими Фаҳимро талафоти сангине барои Афғонистон ва бавижа барои тоҷикони он кишвар унвон карда буд. Генерал Саидамир Зуҳуров, вазири собиқи амнияти Тоҷикистон дар як тамоси кӯтоҳ ба Озодӣ аз даргузашти маршал Фаҳим изҳори андӯҳи амиқ кард: "Сад афсӯс. Сад афсӯс, ки боз як тоҷики дигар дар Афғонистон аз олам гузашт."
Муҳаммадқасими Фаҳим аз ёрони наздики фармондеҳи машҳури Аҳмадшоҳи Масъуд ба шумор мерафт. Баъди кушта шудани Аҳмадшоҳи Масъуд дар як сӯъиқасд дар таърихи 9 сентябри соли 2001 раҳбарии Эътилофи шимол, ки нирӯҳои зидди режими Толибон дар шимоли Афғонистонро муттаҳид мекард, маҳз ба дасти Фаҳим гузашт.
Фаҳим, Муҳаммадюнуси Қонунӣ ва доктор Абдуллоҳи Абдуллоҳ - се раҳбари аршади Эътилофи шимол - дар музокироти поёни соли 2001 дар Бонни Олмон дар амри ба қудрат овардани Ҳомиди Карзай баъди суқути режими Толибон нақши калидӣ бозӣ карданд. Дар ҳукумати аввали Карзай доктор Абдуллоҳ вазири хориҷа, Қонунӣ - вазири умури дохила ва Фаҳим - вазири дифоъ шуданд. Фаҳим аз сӯи Карзай ҳатто унвони маршал - баландтарин унвони низомӣ дар артишро ба даст оввард. Вале баъдан муносиботи онҳо каме ба сардӣ гароид ва ҳарсе намояндаи Эътилофи шимол паиҳам аз ҳукумати Карзай рафтанд.
Дар соли 2009 Ҳомиди Карзай ба хотири ҷалби пуштибонии бештар дар миёни тоҷикҳои Афғонистон дар интихобот Муҳаммадқасими Фаҳимро ноиби худ гирифт. Карзай дар он райъгирӣ, ки ба бовари мунтақидон, пур аз тахаллуф ва дасткорӣ буд, бар доктор Абдуллоҳ, яке аз ёрони пешини Фаҳим, ғолиб омад.