137 издивоҷи шаҳрвандони тоҷик бо хориҷиҳо: Кам аст ё зиёд?

Соли гузашта дар Тоҷикистон ҳамагӣ 137 мавриди никоҳи шаҳрвандони ин кишвар бо хориҷиҳо, аз ҷумла як мавриди издивоҷ бо шаҳрванди Чин сабт шудааст. И, ба гуфтаи мақомот, назар ба 5 соли пеш 5 маротиба камтар аст.
Малика Каримова, як зани 35-солаи сокини Душанбе мегӯяд, агар қонуни издивоҷ бо шаҳрвандони хориҷӣ пеш аз арӯсии ӯ қабул мешуд, ҳоло вай мумкин соҳиби манзили зист мебуду бо духтарчааш саргардон намешуд.
Малика ҳамагӣ се сол пеш аз ислоҳи Қонуни оила бо як шаҳрванди Эрон ақди никоҳ баст ва вақте ки шавҳараш ба Эрон баргашту оилаи онҳо фурӯ рехт, ӯ бо як фарзанд дар кӯча монд.

Таҳрири нави қонун хориҷиёнро вазифадор мекунад, ки пеш аз издивоҷ бо шаҳрванди Тоҷикистон, ҳамсари ояндаи худро бо манзили зист таъмин кунанд. Шарти дигар ин аст, ки шаҳрванди хориҷӣ бояд як соли охир дар Тоҷикистон зиста бошад. Малика Каримова мегӯяд: "Ба назари ман, имрӯз беҳтар шудааст, ки шаҳрвандони хориҷӣ дигар наметавонанд шаҳрвандони моро барои издивоҷи як моҳу як сол интихоб кунанд, чунки онҳо тибқи қонуни нав ӯҳдадориҳои зиёд доранд.»

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Кам шудани никоҳҳо бо хориҷиён


Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, шартҳои қонуни нав издивоҷи хориҷиёнро бо шаҳрвандони кишвар шаш баробар кам кардааст.

Рустам Менглиев

Рустам Менглиев, вазири адлияи Тоҷикистон рӯзи 30 январ дар нишасти хабарии ин вазорат гуфт, чунин издивоҷҳо дар соли 2013 ҳамагӣ 137 адад будаанд, дар ҳоле ки панҷ сол пеш дар як сол дар Тоҷикистон беш аз 720 мавриди ақди никоҳи шаҳрвандони маҳаллӣ бо хориҷиҳо сабт мешуд: «Издивоҷ бо хориҷиҳо дар соли гузашта бештар бо шаҳрвандони Русияву Узбакистон, Афғонистону, Қирғизистон сабт шудааст. Ақди никоҳи шаҳрвандони мо бо атбоъи чинӣ ҳамагӣ дар як ҳолат сабт шудааст. Дар мавриди он ки занҳо бештар шавҳар карданд, ё мардҳо ҳамсар гирифтанд, ин оморро надорем.»

Муовини сардори раёсати сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ дар вазорати адлия Ҷалолиддин Раҳимов мегӯяд: «Қонун тағийр дода шуд ва тибқи он, хориҷие, ки мехоҳанд зани тоҷик гиранд, барои ҳамсари худ бояд шароит муҳайё кунад, хона харад ва тайи як соли ахир дар Тоҷикистон ба сар бурда бошад. Ин қонун онҳоро ӯҳдадори сарнавишти занон ва фарзандони оянда кард.»

Аммо коршиносон мегӯянд, тағйири қонун танҳо шумораи издивоҷҳо дар дохили кишварро кам кард ва ба эҳтимоли зиёд, ин ақдҳои никоҳ дар берун аз кишвар баста мешаванд ва дар натиҷа занони тоҷик аз ҳама гуна ҳимояи қонунгузории Тоҷикистон маҳрум мегарданд. Бархе аз ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, тағйири қонун сабаби афзоиши амалҳои ғайриқонунӣ шудааст.

Шӯҳрат Қудратов - ҳуқуқшиноси тоҷик мегӯяд, маҳдудият ва ӯҳдадориҳо сабаб мешавад, ки арӯсҳои тоҷику домодҳои хориҷӣ имрӯз аз роҳҳои дигар ва ғайриқонунӣ истифода кунанд ё танҳо бо издивоҷи ғайрирасмӣ иктифо намоянд. Ба гуфтаи ин ҳуқуқшиноси тоҷик: “Вақте ки ҷавондухтар як шаҳрванди хориҷиро дӯст медорад, шояд ӯ барои пулу молаш дӯст надорад. Аз сӯи дигар, агар давлати Тоҷикистон чунин талабро аз атбоъи хориҷӣ мекунад, оё он ҷавонписари тоҷике, ки мехоҳад бо духтари хориҷӣ оила бунёд кунад, ӯ ҳам бояд хона харад? Дар ин ҷо бояд барои риоя шудани баланс дар қонунгузории кишвар, чунин ӯҳдадориҳо пеши шавҳарони тоҷики занҳои Тоҷикистон низ гузошта шавад.”

Акс аз бойгонӣ

Таҳлилгарон мегӯянд, ин тақозоҳое, ки қонунгузории Тоҷикистон дар роҳи ақди никоҳи шаҳрвандонаш бо хориҷиҳо гузоштааст, дар асл марбут ба қарордоди никоҳ аст. Чунин шартнома бояд миёни ду ҳамсар баста шавад ва набояд давлат ба ин ҳарим дахолат кунад. Аз сӯи дигар, ба гуфтаи Шӯҳрат Қудратов, бояд мақомоти Тоҷикистон бештар фикри онҳоеро кунанд, ки аз шавҳарони тоҷики худ талоқ гирифтаву бо чанд фарзанд дар дуроҳа мемонанд.

Бино бар омори расмӣ, шумораи оилаҳое ки аз ҳам мепошанд, дар Тоҷикистон солтосол бештар мешавад. Дар соли 2012 дар ин кишвар 7608 мавриди ҷудо шудани зану шавҳар ва дар соли гузашта 8194 мавриди талоқ сабт шудааст.