Ҳар субҳ дар яке аз бозори мардикорҳои Душанбе даҳҳо мардони синну соли мухталиф ҷамъ мешаванд. Дар байни онҳо афроде низ ҳастанд, ки маълумоти олӣ доранд.
Феълан маоше, ки аз сӯи кордиҳандагон пешниҳод мешавад, онҳоро қонеъ намекунад. Барои ҳамин ҳам онҳо ба мардикорбозор рӯй меоранд
Ҳамаи онҳо бо ҳадафи пайдо кардани коре ба ин макон меоянд. Онҳо омода нестанд пешниҳоди корхонаву ширкатҳоеро бипазиранд, ки барои як рӯзи дарози корӣ музди андаке пешниҳод мекунанд ва ба умеди ин, ки аз кори кироя дар манзили нафаре пули бештаре ба даст меоранд, худро ба мардикорбозор мерасонанд.
Мардуми дар ҷустуҷӯи кор мегӯянд, маоше, ки дар бархе корхонаҳои давлатӣ пешниҳод мешавад, баробари пулест, ки онҳо дар ду рӯз дар бозори мардикорҳо ба даст меоранд. Ин ҳамон бахши корҷӯён аст, ки аз муҳоҷирати корӣ ба Русия парҳез ва талош мекунад дар дохили кишвар маблағе барои зиндагӣ ба даст оварад.
Дар вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ҳам эътироф мекунанд, ки ҳаҷми маош дар кишвар зиёд нест. Аз ин хотир бештари ҷойҳои корӣ довталаб надоранд. Ярмаркаҳои ҷойҳои холии кор низ чандон муваффақ нестанд ва пешниҳоди ҷойҳои холӣ бо тақозову интизороти корҷӯён мувофиқат намекунад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Сумангул Тағойзода, вазири меҳнати Тоҷикистон мегӯяд, мардуми зиёд ба онҳо муроҷиат ва дар ярмаракаҳо ҳам ширкат мекунанд. “Феълан маоше, ки аз сӯи кордиҳандагон пешниҳод мешавад, онҳоро қонеъ намекунад. Барои ҳамин ҳам онҳо ба мардикорбозор рӯй меоранд”, гуфт ӯ. Ба гуфтаи мақомот, ягона кӯмаке, ки ҳоло аз дасташон меояд, каме беҳтар кардани шароити кор барои мардикорҳост.
Сумангул Тағойзода мегӯяд: “Тарҳеро, ки мо омода кардаем, дар назар мегирад, ки ҳамаи маълумот дар махзани ягона гирд оварда мешавад. Яъне, ҳар мардикор сабтином мешавад, суроғаи худро мегузорад. Барои ӯ оддитарин шароит фароҳам оварда мешавад, масалан, ҷои махсуси нишаст, ки ӯ ҳамонҷо мунтазири гирифтани фармоиши кордиҳанда мешавад”.
Аммо худи мардикорон чунин иқдомро кифоя намедонанд. Бархе аз онҳо, ки аз манотиқи дурдаст дар ҷустуҷӯи кор ба Душанбе меоянд, мегӯянд, барои онҳо макони хуфтухоби дастрас хеле зарур аст. Бархе ба зарурати хобгоҳҳои арзон таъкид мекунанд, то дар макони амн ва зери боме шабро рӯз карда, субҳ дубора дунболи кор шаванд.
Дар Тоҷикистон феҳристи корхонаҳои саноатие тартиб дода шудааст, ки бояд солҳои наздик ҳатман дар минтақаҳои аҳолинишин бунёд гарданд. Ба бовари мақомот ин тарҳ метавонад, ҷойҳои кории бештаре фароҳам оварард. Аммо таҳлилгарон бар инанд, ки чунин ташаббус ба кам кардани мизони бекорӣ таъсири чандоне нахоҳад дошт, зеро нерӯи корӣ дар кишвар бештар аз пешниҳоди макону ҷои кор аст.
Бо сабаби бекории зиёд ҳудудан як миллион аҳолии Тоҷикистон ҳар сол дар ҷустуҷӯи кор ба Русия меравад, аксари онҳо мардон мебошанд ва аз ҳисоби даромадҳои фиристодаашон ба Тоҷикистон, хонаводаҳои онҳо харҷи рӯзу рӯзғорро пеш мебаранд.
Ахиран мақомот гуфтанд, ки дар кишвар дар ду соли охир даҳҳо корхонаҳои саноативу ширкатҳо баста шуданд. Кори ин корхонаҳо ҷавобгӯи талаботи бозор набудааст ва аз 88 ҳазор корхона дар соли 2016 ҳоло 32 ҳазораш боқӣ мондаасту халос.