Марги Ҳувайдо дурӯиҳои расонаҳои Русияро ҳувайдо кард

Ҳувайдо Тиллозода

Соҳибёри Толиб, рӯзноманигор

Аз куштори Ҳувайдо Тиллозода дар Серпухово ду сол гузашт ва ин муддат кофист, дида шавад, ки расонаҳои Русия аз оғоз то ҳоло ба қатли ваҳшиёнаи духтараки 5-сола чӣ бархӯрде доштанд.

Хабаргузории “РИА Новости” дар ин бора, на он вақт ва на баъдан чизере мунташир накардааст, вале “Спутник-Таджикистан” бо 33 гузориш дар қиёс ба ҳама расонаҳои Русия бештар ба ин мавзӯъ рӯ овардааст. Шояд сабаб он аст, ки дар “Спутник-Таджикистан” хабарнигорони тоҷик ҳам кор мекунанд. Бо вуҷуди ин охирин гузориши ин хабаргузорӣ аз куштори Ҳувайдо 10 моҳ қабл мунташир гардидааст.

“Коммерсант” танҳо дар як матлаби марбут ба вазъи адвокатҳо ва дастгир шудани Дагир Ҳасанов, вакили дифои хонаводаи Тиллозодаҳо аз фоҷиаи Ҳувайдо ёдовар шуда, аммо ба таҳқиқи он напардохтааст.

“Новая газета” баъди 2 рӯзи куштор дар хабаре навишт, “ҳудуди як сол пеш, ҳамсояҳо ба пулис пеш аз ин муроҷиат карданд, зеро Семин ба духтарони 12-сола узви таносулии худро нишон медод. ...Пулис ба шикояти сокинон посухи босазо надод”. Бо ҳамин давоми 2 сол “Новая газета”, ки як нашрияи озодандеш аст, дигар ба ин мавзӯъ рӯ наовард.

Рӯзномаи “Комсомолская правда” дар пойгоҳи интернетиаш навишт, “Ҳувайдо дар борхалтаи варзишӣ, дар назди истгоҳи роҳи оҳан пайдо шуд. Ташхиси тиббии додгоҳӣ нишон дод, ки духтар таҷовуз, сипас бо корд кушта шудааст. Александр Семини 28-сола бо гумони куштор дастгир гардид”.

Матолибе, ки хабаргузориҳои дар қиёс камнуфузи Русия аз қазияи Ҳувайдо мунташир намудаанд, нисбатан муфассалтар ба назар мерасанд. Хабаргузории маҳаллии “СМИтанка” аз қазияи Ҳувайдо 7 гузориш мунташир намуда, роҷеъ ба вазъи тафтиши он навиштааст, "Елена Самохина, вакили дифои Семин ва ҳамзамон холаи ӯ, хонаводаи Вайдаро (манзур Ҳувайдоро) масхара ва асабонӣ кард. Ба гуфтаи шахсоне, ки дар ҷаласа ҳузур доштанд, дар як гуфтугӯи хусусӣ, ӯ гуфтааст, ки барои ин парванда 6 миллион рубл харҷ кард ва намегузорад, ки ҷиянаш зиндонӣ шавад. Бадтар аз ин, Елена кӯшид, ки падари Вайдаро дар куштор ва таҷовуз ба номуси духтари худаш айбдор кунад».

Сомонаи хабарии “Чехов Вид” аз рафти тафтишоти куштори Ҳувайдо нигаронӣ намуда, меорад: “Александр Сёмин мумкин аст илова ба куштори духтари 5-сола дар Серпухово қурбониёни дигар ҳам дошта бошад. ... Пас аз як сол, тафтишот амалан изҳор дошт, ки на танҳо Ҳувайдои панҷсола қурбонии Сёмин буд»

“Ислам нюс” то ба имрӯз ҳамагӣ як матлабе аз куштори Ҳувайдо мунташир намуд, он ҳам бо табкя ба радиои “Озодӣ”. Дар гузориши ин хабаргузорӣ омадааст, “ҳимоятгари Семин аз додгоҳ хост, Саидовро аз ширкат дар муҳокима маҳрум намояд, зеро ба иддаои ӯ ин мард гӯё падари биологии духтар нест”.

Дар пойгоҳҳои интернетии “Эхо Москвы”, “Аргументи и факти”, “Кавполит”, “Регнум” ва чанд хабаргузории дигари Русия ҷумлае дар мавзӯи куштори Ҳувайдо Тиллозода дар ин ду сол пайдо нашуд. Ин дар ҳолест, ки онҳо ба хабарҳои марбути муҳоҷирони тоҷик дерию дурӣ надоранд.

Гузориши муфассали “Известия” бо унвони “Мубориза бо пасвандҳо: чаро дар Тоҷикистон насабҳои русӣ мамнӯъ шуд”, 2 июли соли 2020 мунташир шуда, иборат аз 1017 калима, пур аз изҳори нигаронӣ аз худшиносии тоҷикон дар тағйири услуби насабсозиии миллист. Аммо ҳамин “Известия” аз ваҳшиёна кушта шудани як тифли тоҷик аз дасти як педофил дар Русия, дар ду соли идома ёфтани тафтишоти пурмуаммо ҳамагӣ як гузориши кӯтоҳ ва беимзо дорад, ки бо 165 калима маҳдуд гаштааст.

Аммо баргардем ба хабаргузории асосӣ ва давлатии Русия, ки расонаҳоро бо мавод таъмин мекунад. "РИА Новости" ҷумлае дар бораи қатли Ҳувайдо нанавишта, аммо баробари дар ҷӯяндаи он вожаи "педофил" навиштан 1203 гузориши он дар бораи озори ҷинсии кӯдакон пайдо гардид. "Регнум" ва "Аргументи и факти" низ мунтазам дар ин мавзӯъ гузориш доранд, аммо аз фоҷиаи Ҳувайдо ҳарфе нанавиштаанд.

Дар қиёс, соли гузашта дастгир шудани 6 муҳоҷири тоҷик бо расонаӣ шудани аксҳои таҳқиромези шимҳои фаровардаи онҳо, бо гумони даст доштан дар қатли варзишгари рус Сергей Чуев сару садое дошт, ки куштори се кӯдаки муҳоҷирони тоҷик ба ин андоза пуровоза набуд.

Воқеан, Ҳувайдо Тиллозода ягона тифли тоҷик нест, ки дар Русия кушта шудааст. 9 феврали соли 2004 Хуршеда Султоноваи 5-сола дар шаҳри Санкт-Петербург аз дасти миллатгароён бо 11 зарби корд кушта шуд, ки ҳукми сабуки судии гурӯҳи ҷиноӣ (авбошӣ) эътирозҳоро бабор овард. 13 октябри соли 2015 дар яке аз идораҳои пулиси Санкт-Петербург Умаралӣ Назарови 6-моҳа аз модар ҷудо карда шуд ва сипас ҳалок гардид. Касе барои ин гунаҳкор эълон нашуд ва ҷазое нагирифт. Куштори муҳоҷирони тоҷике аз дасти нажодпарастон дар Русия ва беҷазо мондани онҳо омори дақиқ ва шумурдашаванда надорад.

Аз Идора. Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.