Хабари хуш барои “морхӯр”-ҳои Тоҷикистон

marco polo

Иттиҳодияи Байналмилалии Муҳофизати Табиат морхӯр -- як ҷонвари зебои кӯҳистони Тоҷикистонро аз феҳрасти ҳайвоноти дар вартаи нобудӣ берун кардааст. Аммо ин созмон мегӯяд, дар сурати беаҳамиятӣ мумкин аст, шумораи онҳо дигарбора кам шавад.

Дар феҳрасти нави Иттиҳодияи Байналмилалии Муҳофизати Табита, ки рӯзи 23-уми июн нашр шуд, омадааст, бо назардошти афзоиши саршумори морхӯрҳо дар маконҳои сукунаташон дар Тоҷикистон, Покистону Афғонистон ва Туркманистону Узбакистон, морхӯрро ба феҳрасти ҷонвароне шомил карданд, ки осебпазир ҳастанд, вале хатари аз байн рафтанашон камтар шудааст. То соли 2010 морхӯр дар феҳрасти ҳайвоноти наздик ба вартаи нобудӣ қарор дошт.

Крейг Ҳилтон Тейлор, намояндаи Иттиҳодияи Байналмилалии Муҳофизати Табиат рӯзи 24-уми июн дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Берун кардани морхӯр аз феҳрасти ҷонварони дар вартаи хатари нобудӣ, хабари хуб барои ин ҷонварон аст, зеро саршуморашон афзоиш меёбад. Ҳоло саршумори ин ҷонварон дар маконҳои зисташон дар Афғонистон, Ҳинду Покистон, Тоҷикистон ва Туркманистону Узбакистон ба 9700 адад мерасад. “

Аз ҷумла дар Тоҷикистон бино ба арзёбиҳои табиатшиносон, то соли 1990 фақат 300 морхӯр боқӣ монда буд ва хатари нобудии комил ба онҳо таҳдид мекард, вале саршуморашон дар соли 2014 ба 1300 расидааст. Афзудани саршумори ин ҷонвар, ба афзоиши паланги барфӣ дар кӯҳистони Тоҷикистон мусоидат кардааст, ки ин ҷонвар ҳам дар вартаи нобудист. Морхӯр яке аз тӯъмаҳои асосӣ ва эмин мондани паланги барфист, ки Тоҷикистон аз ин ҷонвар фақат 400 сар дорад.

Крейг Ҳилтон Тейлор гуфт, ба шарофати чораҳои қонунии муҳофизат, ин морхӯрҳову бачаҳояшон аз шикор эмин мондаанд ва дар тамоми кишварҳои минтақа зиёд шудаанд: “Андешидани чораҳои қонунӣ барои муҳофизати морхӯр, бахусус назорати шикор дар воқеъ кӯмак кардаанд, саршумори морхӯрҳо зиёд шаванд. Манзур ин нест, ки шикор комилан қатъ карда шавад, балки шикори ин ҷонварон дар ҳадде ва зери назорат бошад, ки монеъи афзоиши муназзами ҷонварон нашавад.”

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Морхӯрҳои Тоҷикистон бештар шудаанд

Морхӯр, ки шохҳои зебои печида дорад, дар кӯҳсори Дарвоз ва Ҳазратишоҳ зиндагӣ мекунад ва наринаи он то 109 кило вазн мегирад ва “риши” дарози то 30 сантиметрӣ дорад. Ин ҷонвари зебо дар Китоби сурхи байналмилалӣ ва ҳам Китоби сурхи Тоҷикистон шомил карда шудааст ва шикори он дар кишвар аз соли 1956 инҷониб мамнӯъ аст. Ба гуфтаи табиатшиносони тоҷик ва ҳам Иттиҳодияи Байналмилалии Муҳофизати Табиат, хатари аслӣ ба ҷони морхӯрҳо дар Тоҷикистон, шикори ғайриқонунист.

Дар Тоҷикистон онро асосан барои гӯшташ шикор мекунанд. Бинобар гузоришҳо, сайёдони афғон низ ғайриқонунӣ ба қаламрави Тоҷикистон ворид шуда ва ин ҷонваронро шикор мекунанд ва соли 2010 дар яке аз нишеманҳои сайёдони афғон 100 шох ва пӯсти морхӯрҳоро пайдо кардаанд. Марзи ду кишвар дар ин минтақа низ дуруст посбонӣ намешавад ва аз ин рӯ кори пажӯҳишгарон, шикори қонунии хориҷиён ва муҳофизати ҷонварон дар ин минтақаро сахт мекунад.

Дар мамнӯъгоҳи Даштиҷум, ки онҷо низ морхӯрҳоро мепарваранд, шикорчиён асосан морхӯрҳои наринаро шикор кардаанд ва соли 2014 саршумори морхӯрҳои нарина дар ин минтақа фақат 4 ва ё 5 дар сади саршумори умумиро ташкил додааст, агарчӣ дар дигар минтақаҳо саршумори наринаҳо ба 20 дар сад мерасидааст.

Давлати Тоҷикистон дар мавсими шикори соли 2014-2015 фақат иҷозаи шикори 6 морхӯрро додааст ва бино ба гузоришҳо як иҷозатнома на камтар аз 60 ҳазор доллар аст.