"Ҳама ҳақиқатро медонад" Маъюбон ба эътирозҳо дар Белорус пайвастанд

Майдони "Истиқлол"-и Минск, 22-юми октябр

Роҳпаймоии шахсони имконияташон маҳдуд. Дар яке аз шиорҳо навишта шудааст: "Ҳама (ту ҳам) ҳақиқатро медонанд"

Рӯзи 22-юми октябр шаҳри Минск шоҳиди намоишҳои нави эътирозӣ шуд ва ин навбат афроди имконияташон маҳдуд баргузории интихоботи навро талаб карданд. Мухолифон маъракаро “Роҳпаймоии шахсони имконияташон бемаҳдуд” ном ниҳоданд.