Ҳамсари Марат Орипов: Ҳеҷ васияте ҳам накард... ВИДЕО

Тобути Марат Орифов, ҳунарманди маъруфи тоҷик дар нимаи аввали рӯзи 30 октябр аз манзили зисташ ба Масҷиди марказӣ оварда шуд ва пас аз адои ҷаноза дар оромгоҳи “Лучоб” ба хок супурда шуд.

Марат Орифов, ҳунарманди маъруфи тоҷик ва офарандаи нақши Рӯдакиву Сино, пас аз бемории тӯлоние, ки дар паи сактаи мағзӣ азияташ мекард, дар сини 83-солагӣ даргузашт.

Мо баъди иҷрои нақши Рудакӣ аз тарафи Марат Орифов як бори дигар аз зинда шудани ин шоири бузург огоҳ шудем ва дарк кардем. Ман хеле андуҳгинам

Барои видоъ бо ҳунарманди маъруф ҳамкасбони ӯ - аҳли театр ва кинои тоҷик, шоиру овозхонҳои маъруф ва алоқамандони ҳунари Марат Орипоф дар саҳни ҳавлии бисёртабақа ҷамъ омаданд. Тахминан ним соли пеш баъди тахриби хонаи пешинааш дар доираи навсозии шаҳри Душанбе, Марат Орипову оилааш ба манзиле дар ошёнаи 16-уми ҳамин бинои бисёртабақа дар маркази Душанбе кӯч дода шуд. Ба хонаи нав ҳунарпешаи маъруф аллакай бемори рӯиҷогаҳ кӯч дода шуд ва зодрӯзи охирини 83-юми худро ҳам дар ҳамин хонаи наздик ба Кумитаи гумрук таҷлил кард.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Убайдуллои Раҷаб: "Мо Рӯдакиро аз нав гӯр кардем"

Абдуҷаббор Раҳмонзода, мушовири президент оид ба робита ба ҷомеа, Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанг, Нуриддин Саид, вазири маориф, Фарҳод Раҳимов, раиси Академияи улуми Тоҷикистон дар канори ҳамкасбону наздикони ҳунарпеша барои ширкат дар маросими дафни актери маъруф омада буданд. Абдуҷаббор Раҳмонзода гуфт, ки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита бо даргузашти ҳунарпеша ба наздикони ӯ изҳори ҳамдардӣ кардааст.

Баъди сактаи мағзӣ дигар ба худ наомад

Геновайте Орифова, ҳамсари ҳунарпешаи маъруф, ки то охир дар канори бистари бемории шавҳараш буд, гуфт, азизтарин шахси ӯ бо ин ҷаҳон падруд гуфт:

“Зиндагии беш аз 30-солаи мо бо вуҷуди тафовути характерҳои мо хеле ширин гузашт. Вай бештар бо дӯстонаш буд, ман бо дугонаҳоям... Вале дар маҷмуъ якдигарро хуб дарк мекардем. Ҳафтаҳову рузҳои ахир бар асари сактаи мағзӣ гоҳ ба худ буд ва гоҳ аз ҳуш мерафт. Ман худам ба ӯ ғизо медодам ва ҳатто ришашро мегирифтам. Дар охирин нафаси умраш, ки ҷон медод, ҳеҷ васияте накард ва ҷон дод. Ман аз зиндагӣ бо ин марди бузург як зиндагии хеле ширин доштам”.

Марат Орипов дар зиндагиаш чандин бор оиладор шуда, соҳиби панҷ фарзанд мебошад. Се фарзандаш - Анӯшервон Орипов, Марианна Орипова ва Андрей Бабитский ба ҳайси журналист ном бароварданд.

И.Машрабов: Орзу дорам, писарам мисли Марат як ҳунарманди номӣ шавад

Ибодулло Машрабов, муовини аввали вазири фарҳанги Тоҷикистон ва ҳунарпешаи маъруфи тоҷик бо андуҳи гарон марги Марат Орифовро як талафоти бузург барои саҳнаи ҳунари тоҷик номид.

Вай гуфт: “Марат ҳанӯз дар овони ҷавонӣ ба нақшоварӣ ҷалб шуд ва бо як салиқаи хос нақши худро иҷро мекард. Агар аз як тараф симои ҷаззобаш ӯро маҳбуб карда буд, аз тарафи дигар маҳораташ ролҳояшро дилчасп карда буд. Ман бо Марат чандин нақшҳои якҷоя доштем ва аз бозиҳои ӯ қонеъ мешудам. Бубинед, дар айёми солхӯрдагиаш дар филми "Тоҷикфилм" бо номи "Муаллим" дар нақши омӯзгор бозӣ кард ва писари ман ҳунарманди театр нақши писари муаллимро адо кард. Марат Орифов бо он масъулияте, ки дар ҷавониаш нақш меофарид, айнан роли муаллимро бо тамоми вуҷудаш иҷро кардааст. Орзу мекунам, ки писарам мисли падари маънавиаш як ҳунарманди номӣ шавад”.

Марат Орипов дар канори модараш Тӯҳфа Фозилова ба хок супурда шуд

«Рӯдакиро дубора ба хок месупорем»

Убайдулло Раҷабов, ҳунарпешаи тоҷик, гуфт, даргузашти Марат Орифов ин ба маъноест, ки мо Рӯдакиро дубора ба хок месупорем. “Мо баъди иҷрои нақши Рудакӣ аз тарафи Марат Орифов як бори дигар аз зинда шудани ин шоири бузург огоҳ шудем ва дарк кардем. Ман хеле андуҳгинам”.

Исфандиёр Ғуломов, ҳунарпешаи маъруфи кино ва театри тоҷик бо ёдоварӣ аз як нақше, ки дар филме ҳамроҳи Марат Орифов бозидааст, гуфт, вақте Марат вориди нақш мешуду бозиро шуруъ мекард, ҳамчун Марат дигар вуҷуд надошт ва саропо ғарқи ҳамон нақш мешуд. Ӯ гуфт, Марат Орипов даҳҳо нақши калидӣ бозидааст ва дар ҳар нақш шахсияти дигаргуна буд: дар нақши шахси ҷиддӣ - ҷиддӣ буду, дар нақши Хоҷа Насриддин - сабуку шӯхтабиаст. "Яъне аз уҳдаи ҳам нақши фоҷеа ва ҳам мазҳака ба ҳадди устодӣ мебаромад. Руҳашон шод бод!", гуфт Ғуломов.

Майрам Исоева, ки бо хонаводаи Марат Орифов яъне бо модари ӯ Туҳфа Фозилова робитаи наздик доштааст,, мегӯяд: “Маратро ҳануз аз даврони мактабхониаш мешиносам. Вай як бачаи хушсимо, беҳад шух ва хушрафтор буд.Аҷибтар ин буд, ки бо вуҷуди ситора буданаш ва соҳиби ҷоизаҳову вазифаҳо шуданаш, ӯ дигар нашуд ва як инсони якрӯ боқӣ монд. Туҳфааппа - модарашон маро духтархонд гирифта буданд ва мегуфтанд,ки ин Марат як фарзанду лекин ҷои сеторо мегирад, ин қадар серҳаракат буд. Модарашон мегуфтанд, ки гапро руйрост дар руи одам мезанад ва барои ҳамин шатта мехӯрад. Ман мегуфтам, ки Марат масали "бо дӯстон муруват, бо душманон мадоро”- ро қабул надорад ва инсони якрӯ аст”.

Марат Орифов фарзанди ягонаи ҳунарпешаи халқии шуравии Тоҷикистон Тӯҳфа Фозилова аст. Аз хурдӣ ҳамроҳи модараш аз шаҳри Конибодом ба Сталинобод - шаҳри Душанбе омад. Мегӯянд, он замон дар идораи сабти аснод кормандони рустабор исмашро дар шаҳодатномаи таваллуд на Мурод, балки Марат навиштанд.

Ӯ баъди хатми мактаби миёна дар соли 1956 факултаи забон ва адабиёти Институти омӯзгории Сталинобод ба номи Шевченко, соли 1960 - Институти театрию рассомии шаҳри Тошканд ва соли 1964 факултаи режиссёрии филмҳои бадеии ба номи Герасимов дар Маскавро хатм кардааст.

Фаъолияти эҷодии ҳунарии ӯ давра ба давра сурат гирифта, аввалин нақши асосӣ - Синоро дар филми «Абӯалӣ ибни Сино» соли 1956 бозидааст. Соли 1959 таҳия ва ба наворгирии филми «Қисмати шоир» ба охир мерасад, ки дар он нақши асосӣ Рӯдакиро Марат Орифов мебозад. Марат Орифов барои нақши беҳтарини мардона, дорандаи мукофоти Кинофестивали мамолики Осиё ва Африқо дар шаҳри Қоҳира гардидааст. То имрӯз ин нақш ӯро дар миёни мардум ҷовид гардонидааст.

Ҳамчун актёр минбаъд дар нақшҳои Сайф аз филми «Вақти зангирии писар расид» (1959), нақши Насриддин дар Хуҷанд дар филми «Дузди Бағдод» (1959), нақши Ширинкор дар филми «Коваи оҳангар» (1961), нақши Аҳмад аз филми «То пагоҳ» (1964), нақши Комил дар филми «Замони осоишта» ҳунарнамоӣ кардааст. Охирин нақши бозидааш «Муаллим» аст, ки соли 2014 аз ҷониби Носир Саидов бардошта шудааст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Марат Орифов, офарандаи нақши Рӯдакиву Сино даргузашт. ВИДЕО