Мақомоти Додситонии кулли Тоҷикистон тасдиқ карданд, ки Мақсуд Иброҳимов -- раҳбари созмони ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон дар Русия ва яке аз ёрони Умаралӣ Қувватов ҳоло дар боздоштгоҳе дар Душанбе қарор дорад.
Бино ба иттилои Муҳаммадризо Халифазода, як мақоми Додситонии кулл, алайҳи Иброҳимов ба иттиҳоми ифротгароӣ (экстремистӣ) парванда боз шуда, тафтишашро Вазорати умури дохилӣ идома медиҳад. Оқои Халифазода, ки дар нишасти хабарии 30 январ суҳбат мекард, аммо дар бораи дар куҷо нигаҳдорӣ шудани Мақсуд Иброҳиов ва шеваи интиқоли ӯ аз Маскав ба Душанбе ҳарфе назад. Ӯ гуфт, тафтиш, ки ба анҷом расид, натиҷаҳояшро эълон хоҳанд кард.
Ин дар ҳолест, ки қаблан Шоҳҳусайн Коров, муовини раиси раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ хабарҳои нашршуда дар бораи истирдоди Мақсуд Иброҳимов, раҳбари созмони ҷавонон “Барои эҳёи Тоҷикистон” аз Маскав ба Душанберо рад кард. Ӯ гуфта буд, “тамоми
маводи марбут ба истирдоди афроди гумонбар аз дасти мо мегузарад ва дар рӯйхати истирдодшудаҳо дар рӯзҳои охир аслан нафаре бо номи Мақсуд Иброҳимов нест. Ин хабари матбуоти Русия ягон ҳақиқат надорад.”
Аммо нафароне, ки худро намояндагони созмони ҷавонон “Барои эҳёи Тоҷикистон” меноманд, рӯзи 21 январ ба Радиои Озодӣ хабар доданд, ки бино ба маълумоти дарёфтии онҳо, раҳбари ин созмони мухолифи ҳукумати кунуниро аллакай аз Маскав ба Душанбе бурдаанд. Намояндагони ин созмон, ки ба далелҳои амниятӣ аз овардани номи худ худдорӣ мекунанд, мегӯянд, Мақсуд Иброҳимов баъди ҷавоб шуданаш аз бемористон таҳти назорати мақомоти амниятии Русия қарор дошт ва бо онҳо тавассути Скайп ва Вайбер дар тамос буд. Вале аз рӯзи 19 январ телефони Иброҳимов ба таври ногаҳонӣ хомӯш шуда ва робита бо ӯ комилан қатъ шудааст.
Онҳо мегӯянд, бино ба иттилои, ба ақидаи онҳо, “мӯътамад”-е, ки аз манобеи худашон дар ниҳодҳои амниятии Тоҷикистон ба даст овардаанд, Иброҳимовро шаби 20 ба 21 январ аз тариқи фурудгоҳи низомии Чкаловск, воқеъ дар вилояти Маскав, ба Душанбе бурдаанд. Ба гуфтаи онҳо, Иброҳимовро ҳоло дар боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе нигоҳ медоранд.
Номи Мақсуд Иброҳимов, раҳбари созмони ҷавонон “Барои эҳёи Тоҷикистон” ва узви раёсати эътилофи нирӯҳои мухолифин “Тоҷикистони нав” дар ду моҳи пеш баъди як сӯиқасд ба ҷонаш даор пойтахти Русия вирди забонҳо шуд. Ба қавли наздиконаш, ин ҳамла шаби 26 ба 27 ноябр дар назди манзили иқомати ӯ дар кӯчаи Бокуи шаҳри Маскав сурат гирифта, ӯро бо захмҳои сангин ба бемористон интиқол доданд. Ӯ қариб як моҳро дар бемористон ба сар бурд, вале баъди ҷавоб шуданаш ҳам, ба гуфтаи ёрони ӯ, таҳти назорати мақомоти амниятӣ қарор дошт.
Мақомоти Русия ҳанӯз дар рӯзи нашри хабари сӯиқасд ба ҷони ин сиёсатмадори мухолифи тоҷик гуфта буданд, ки баъди табобаташ Иброҳимов ба ҳабс гирифта хоҳад шуд, чунки аз сӯи мақомоти Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ гузошта шудааст.
Наздикони Иброҳимов мегӯянд, дар Душанбе алайҳи Мақсуд Иброҳимов ва 11 нафари дигар аз аъзои созмони ҷавонон “Барои эҳёи Тоҷикистон” бар асоси моддаи 307-уми Кодекси ҷиноӣ (ташкили иттиҳоди ифротӣ, ташкили фаъолияти чунин созмонҳо ва даъватҳои оммавӣ ба фаъолиятҳои экстремистӣ) парвандаи ҷиноӣ кушодаанд.