Дар аксу наворҳое, ки рӯзи панҷшанбе ба дасти Радиои Озодӣ расид, чанд нафар боми хонаҳоро мекананд ва техникаву таҷҳизоти дигар омодаи кор истодаанд. Мошини ёрии таъҷилӣ ва оташнишонӣ низ дар маҳалли ҳодиса ҳаст.
Хабарнигори Радиои Озодӣ аз наздикии ҷойи ҳодиса гуфт, ки атрофи бино бо деворҳои оҳанин печонида шудааст ва дар берун маъмурони милиса қарор доранд.
Як сокини бино ба шарти фош нашудани номаш гуфт, манзили онҳоро тахриб мекунанд, вале намегӯянд, ки ба куҷо раванд. "Мо мехоҳем, ба мо хона диҳанд. Гап задан намемонанд. Ҳар касе гап зад, бурда маҳкам мекунанд ва дертар сар медиҳанд. 15 сол пул ҷамъ карда, нав соҳиби хона шуда будам. Ҳанӯз ҳам аз бонк қарздорам," -- шикоят кард ӯ.
Пулиси шаҳри Душанбе рӯзи 13-уми октябр дар саҳифааш дар Фейсбук хабар дод, ки ин ду бино дар хиёбони Рӯдакӣ “худсарона” ва бо таҳияи санадҳои “сохта” бунёд шудаанд. Додситонӣ гуфтааст, ки дар ҷойи онҳо бояд баландошёнаҳои дигаре қомат афрозанд.
Таваккал Нозимов, яке аз сокинон, рӯзи 16-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки хабари тахриби бино ӯро нигарон кардааст, чун ҷойи дигаре барои рафтан надорад. Соҳибони манзилҳои дигар аз он дар ҳайратанд, ки чаро баъди бештар аз як сол масъалаи ғайриқонунӣ бунёд шудани бино ба миён омадааст?
Ба чунин пурсишҳо ниҳодҳои давлатӣ, аз ҷумла ҳукумат ва Додситонии ноҳияи Шоҳмансур ва Додситонии шаҳри Душанбе посух надоданд. Рӯзи 16-уми октябр хабарнигорони Радиои Озодӣ аз намояндагони ин ниҳодҳо хостанд, ки мавзуъро шарҳ диҳанд, аммо ҷавобе нагирифтанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Агар биноро чаппа кунанд, дар кӯча мемонем"Ҷамшед Азизмуҳаммадзода, соҳиби ин ду бинои навсохт, дар боздошт аст ва мавқеаш ба қазия маълум нест. Пулиси шаҳри Душанбе дар баёнияаш рӯзи 13-уми октябр ӯро ба он гумонзад кард, ки ба 16 кас ғайриқонунӣ хона фурӯхтааст.
Сокинон мегӯянд, дар даст санад доранд ва тайи бештар аз як сол пули обу барқ ва хидматрасониҳои дигари иҷтимоиро низ додаанд.
Дар солҳои охир Бунёди биноҳои истиқоматӣ дар Душанбе афзудааст. Баъзе аз сокинон мегӯянд, ба ин восита мушкили камбуди манзил ҷуброн хоҳад шуд. Иддае аз сифати сохтмонҳо розӣ нестанд ва бархеи дигар аз он шикоят мекунанд, ки хонасозон як манзилро ба чанд нафар фурӯхтаанд. Иҷозаи сохтмони хонаҳоро мақомот медиҳанд.