Шаҳрвандони Тоҷикистон ба пайвандҳои фарҳангии кишвари худ бо Эрон қоиланд, Амрикоро манбаи фанновариҳои нав мешуморанд, ба тавонмандиҳои молии Чин арҷ мегузоранд, вале мехоҳанд, ки тарҳҳои энержии кишварашонро Русия ба иҷро расонад. Ҳавохоҳони Русия аслан намояндагони насли калонсоланд ва ба эҳтимоли зиёд ҳамин насл то ҳол дар тасмимгириҳо нақши ҳалкунанда дорад. Аз нигоҳи онҳо, Русия як шарики дерина, кишвари озмудашуда ва ошност.
Акобир Давлатов, сокини ноҳияи Рӯдакӣ ва дар гузашта корманди соҳаи саноат, мегӯяд, сифати кори русҳо хуб аст, ҳамчунин бо онҳо мушкили забонӣ ва хат вуҷуд надорад: «Онҳо (кишварҳои дигар) нав технологияашонро ба Тоҷикистон ворид кардаанд. Мо бо онҳо ошно нестем. Дигар ин ки таҷҳизоти онҳо муваққатиянд, дер намепоянд. Бо технологияҳои Русия мо хуб ошно ҳастем, агар зарурати иваз кардани онҳо пеш ояд, ба осонӣ онро иваз мекунем.»
Қаблан зимни як назарпурсӣ, ки бо супориши нирӯгоҳи русии “Сангтӯда-1” аз сӯи маркази таҳқиқотии «Зеркало» дар Душанбе анҷом шуда буд, 93 дарсади пурсидашудагон Русияро ҳамкори асосии Тоҷикистон дар иҷрои тарҳҳои энержӣ ном бурда буданд.
Аммо насли ҷавон бар ин аст, ки Тоҷикистон ба ҷуз Русия бояд бо дигар кишварҳо низ тарҳҳои энержии худро анҷом диҳад. Абӯбакр, як донишҷӯи соли аввали Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон, мехоҳад дар иҷрои тарҳҳои энержӣ Русияву Амрико ва Эрон ҳам ширкат кунанд, аммо такя бар Чин беҳтар аст: «Чин як кишвари аз лиҳози иқтисодӣ ва технологӣ пешрафта аст. Дигар ин ки чиниҳо кори худро дар вақташ иҷро мекунанд. Онҳо дар Тоҷикистон нерӯгоҳҳо месозанд ва тарҳи роҳи оҳанро ҳам рӯи даст гирифтаанд.»
Посухи чанде аз сокинони Душанбе ба ин суолро, ки оё нирӯгоҳҳои Тоҷикистонро бояд кадом кишварҳо бисозанд?, инҷо тамошо кунед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дар ҳамин ҳол, коршиносон мегӯянд, шинохт аз сармоягузор ва иҷрогарони тарҳҳои энержии Тоҷикистон аз сӯи мардум сатҳӣ аст. Ба қавли онҳо, авлавият ба кишварҳо набояд бо далоили сиёсӣ дода шавад, балки нерӯгоҳҳоро ширкатҳои маъруф ва боэътибори ҷаҳонӣ созанд.
Ҳомидҷон Орипов, коршинос дар умури энержӣ, мегӯяд, таҷрибаи кор бо ширкатҳои Русия ва Эрон нишон дод, ки интизоми корӣ ва харҷи маблағҳо муҳимтарин шарти сохтмони нерӯгоҳҳост. Ба қавли ӯ, низоми ширкатҳои русӣ дар қиёс бо ширкати эронӣ дар ин маврид заъф дорад: «Русияе, ки мегӯем, он Русияе нест, ки медонистем дар симои Иттиҳоди Шӯравӣ. Бояд ҳамаи тарҳҳо бар асоси тендери байналмилалӣ иҷро шаванд. Иҷрои тарҳро ҳам бояд як ниҳоди мӯҳтарам, масалан, Бонки ҷаҳонӣ таҳти назорат гирад. Барандаро мебинанд, ки кадр, техника ва пул дорад, ё хайр? Худи мо қувват надорем. Мутахассисонамон рафтаанд. Тарҳҳоямонро бояд хориҷиҳо созанд.»
Русия ду дафъа - дар соли 1994 бо имзои созишномаи байнидавлатӣ ва соли 2004 бо имзои созишнома байни ҳукумати Тоҷикистон ва ширкати ба Кремл наздики РусАл - ваъда дода буд, ки нирӯгоҳи Роғун - умеди асосии Душанбе барои аз байн бурдани лимити барқи фасли зимистонро хоҳад сохт. Аммо ҳарду дафъа ин ваъдааш дар рӯи коғаз монд. То кунун Русия танҳо нирӯгоҳи Сангтӯда-1-ро бо сарфи 250 миллион доллар сармоя ва касби 75 дарсади саҳмияҳояш ба субут расондааст. Аммо ин нирӯгоҳ ба далели аз марзи 400 миллион сомонӣ, ё 80 миллион доллар гузаштани қарзаш дар гардани “Барқи Тоҷик” пайваста аз эҳтимоли қатъи тавлиди барқ ҳушдор медиҳад.
Нерӯгоҳи дигар – Сангтӯда 2, ки ҳамзамон бо дастбакор шудани Русия дар Сангтӯда-1 сохтанашро Эрон бар ӯҳда гирифта буд, то ҳол ба итмом нарасидааст. Бино ба иттилои «Барқи Тоҷик», тайи як барномаи вижаи ҳукумати Тоҷикистон, то имрӯз дар кишвар ва асосан бо кумаи молии созмонҳои молиявии ҷаҳонӣ ҳудуди 300 нерӯгоҳи хурд сохта шудаанд.
Ҳамзамон тарҳи чанд нерӯгоҳи дигар, ки бо ваъдаи кишварҳо бояд сохта мешуданд, умуман амалӣ нагаштанд. Масалан, Эрон ваъда дода буд, ки нерӯгоҳҳои «Айнӣ» рӯи дарёи Зарафшон ва «Шӯроб» дар дарёи Вахшро бисозад. Русия ҳам се тарҳро рӯи рӯдхонаҳои Хингоб ва Ромит ба зимма гирифта буд. Ҳамчунин як ширкати канадагӣ ҳам мехост, дар дарёи Хингоб нерӯгоҳ бунёд кунад, ки то ҳол ба ҷое нарасидааст.
Мақомоти Тоҷикистон ҳам изҳор медоранд, ки дар иҷрои тарҳҳои энержӣ ба ягон кишвар ё ширкат авлавият дода намешавад.
Даврон Исҳоқӣ, муовини раиси ширкати «Барқи тоҷик» мегӯяд, иҷрои тарҳҳо ҳоло тибқи меъёрҳои байналмилалӣ сурат мегиранд: «Ҳоло тарҳҳои мо асосан дар ҳамдастӣ бо Бонки ҷаҳонӣ, Бонки осиёии рушд, Бонки бозсохт ва рушди Аврупо ва дигар созмонҳои молиявии ҷаҳонӣ иҷро мешаванд. Кишварҳо дар ин тарҳҳо метавонанд аз тариқи ин ниҳодҳои молиявӣ ширкат кунанд.»
Бино ба иттилои «Барқи Тоҷик», дар 15 соли охир Тоҷикистон барои иҷрои тарҳҳои энержиаш 1 миллиарду 200 миллион доллар харҷ кардааст. Танҳо соли равон 15 тарҳи энержӣ бо сармоягузории Бонки осиёии рушд, Бонки исломии рушд, Бонки рушди Олмон, ЭксИмБонки Чин ва худи ширкати “Барқи Тоҷик” дар ҳоли иҷро қарор дошта, дар соли ҷорӣ бояд ба андозаи 64 миллион доллари ин сармоягузорӣ корҳо ба анҷом расад.
Бо ин вуҷуд, Тоҷикистон ҳар сол дар мавсими сармо гирифтори лимити шадиди нирӯи барқ мешавад. Дар аксари манотиқи кишвар, ба ҷуз аз пойтахт ва чанд шаҳори маъдуди саноатӣ нирӯи барқ ба аҳолӣ ва корхонаҳо дар шабонарӯз ҳамагӣ чанд соат дода мешавад. Камбуди шадиди нирӯи барқ нафақат гузарони зиндагии мардумро табоҳ мекунад, балки як мониаи бузург дар роҳи рушди иқтисоди Тоҷикистон низ боқӣ мемонад.