Овозхони зодаи Тоҷикистон Манижа Сангин рӯзи 14-уми декабр сафири ҳусни нияти намояндагии Оҷонси Созмони Милал дар умури паноҳандагон ё UNHCR дар Русия эълон шуд.
Овозхони 29-солаи муқими Маскав бо таронаҳо ва фаъолияти иҷтимоиаш машҳур шудааст. Дафтари Комиссариати олии СММ оид ба паноҳандагон дар Русия мегӯяд, дар рӯзи 70-солагии таъсиси ин идора қарор шуд Манижа Сангинро ҳамчун аввалин сафири созмон муаррифӣ бикунанд.
Яке аз таронаҳои маъруфи ӯ дар бораи муҳоҷирон "Недославянка" аст, ки як сол пеш муаррифӣ шуд ва шароиту эҳсосоти пурчолиши як муҳоҷирро дар Русия дар шеваи танзу фоҷеа баён кард.
Динора Галахова, сухангӯи Комиссариати олии СММ оид ба паноҳандагон дар Русия дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, тасмими интихоб шудани номзадии Манижа ба мақоми боифтихори сафири ҳусни ният бесабаб набуд.
“Таҷрибаи ҳиҷрат, ки Манижа онро дар хурдиаш пушти сар кардааст, ӯро як номзади муносиби ин мақом мекунад. Ӯ пеш аз ин бо чанд шарики ҷамъиятии мо, ба монанди созмони “Инҳо ҳам кӯдаканд” ва Кумитаи мусоидати шаҳрвандӣ ҳамкорӣ кардааст ва аз онҳо фаҳмидем, ки Манижа ба паноҳандагон ёрӣ мерасонад”, – шарҳ дод Галахова.
Кори Манижа Сангин ҳамчун сафири иродаи нек аз кумак ба паноҳандагон дар Русия иборат мешавад ва бо назардошти пандемияву маҳдудиятҳо, эҳтимоли сафари ӯ ба хориҷа ҳам фароҳам хоҳад шуд. Ба гуфтаи Галахова, кори Манижа ба ҳайси сафири ҳусни ният аз ёрӣ ба паноҳандагон барои азхудкунии “барномаҳои IT – тарҳҳои рақамӣ, дастгирии таҳсили фарзандони паноҳандагон ва ҳамчунин кӯмак ба паноҳандагон дар омӯзиши забони русӣ” иборат мешавад.
Дар суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ рӯзи 14-уми декабр худи Манижа дар бораи рисолати нави худ ба ҳайси сафири СММ чунин гуфт: “Аз ин ба баъд метавонам ба таври расмӣ бо чунин корҳо машғул шавам: кумак дар таҳсил, ҷустуҷӯи ному ширкатҳои муваффақ барои ҳамкорӣ ва кумак ба муҳоҷирон. Барои ман бисёр муҳим аст, ки дар масъалаҳое ба монанди ҳифзи тозагӣ кор кунам. Яъне ба васоили гигиенӣ ва маҳлулҳои беҳдоштиву дастпӯшҳо дастрасӣ (бепул) дошта бошанд.”
Манижа Сангин мегӯяд, як барномаи дигаре, ки дар доираи СММ ва ҳам ба таври ҷудогона бо модараш Наҷиба Усмонова роҳандозӣ хоҳад кард, ёрии равонпизишкӣ ба занони паноҳандаву муҳоҷир мебошад. Ӯ гуфт, созмоне, ки онҳо ташкил хоҳанд дод, аз ёрӣ ба бонувоне бо “мафкураи шарқӣ дар Русия ва мубориза бо хушунати хонаводагӣ” иборат хоҳад буд.
Вай афзуд, кумак ба паноҳандагону муҳоҷиронро бисёр муҳим медонад, чунки ҳамаи ин масъалаҳо аз сари худаш ҳам гузаштааст. Мегӯяд, вақте дар шурӯи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ҳамроҳи модараш ба Маскав кӯчид, дар ин ҷо марказҳои вижаи кумак ба муҳоҷирон вуҷуд надошт.
“Аз ин рӯ, дар ин кор мехоҳам (барои паноҳандагон) як раҳнамое бишавам (ва бигӯям) “аввал ин ки ҳама чиз имконият дорад, ту дар шаҳри бегона ҳеч чиз надошта ҳам бошӣ, ба ҳама чиз даст ёфта метавонӣ; дуюм ин ки ту як дӯсте дорӣ, ки ҳамеша барои ту такягоҳу ҳомӣ мешавад”, -- афзуд ӯ.
Манижа дар суҳбати қаблиаш бо Радиои Озодӣ гуфт, дар асл миллату қавму мазҳаб барои ӯ муҳим нест, худро як шаҳрванди Сайёра меҳисобад ва ҷомеаи муваффақро дар он мебинад, ки инсонҳои мухталиф битавонанд озод ва бе барчаспҳои милливу нажодӣ ба сар бубаранд.
Навор аз бойгонии Радиои Озодӣ:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Созмони Милал мегӯяд, дар Русия ҳудудан 500 нафар бо мақоми паноҳандагӣ ва 23 ҳазор кас бо санади паноҳандаи муваққатӣ ба сар мебаранд. Аксари ин паноҳандагон фирориёни ҷанг мебошанд.
Нисфи гурӯҳи паноҳандагон шаҳрвандони Афғонистон буда, дар гурӯҳи паноҳандагони муваққатӣ дар навбати аввал украиниҳо қарор доранд. Инчунин, дар миёни онҳое, ки дар талоши дарёфти паноҳандагӣ дар Русия мебошанд, шаҳрвандони Сурияву Яман ҳастанд.
Шумори муҳоҷирони корӣ дар Русия то давраи пандемия 10-15 миллион нафар ҳисоб мешуд ва то 1 миллион нафари онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд, ки бо сабаби бекорӣ дар ватан дар Русия ҷӯёи кору даромад мешаванд ва ҳамарӯза бо мушкилҳои гуногун рӯбарӯ ҳастанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Манижа - худӣ дар миёни бегонаҳо ва бегона дар миёни худиҳо. ВИДЕО