"Идеяи асосӣ эҷоди суруде буд, ки барои сулҳ дар Украина мусоидат кунад. Сулҳ дар Русия. Сулҳ дар Исроил. Сулҳ дар Фаластин. Сарчашмаи илҳом ҳамин сулҳ аст," – нақл кард ӯ ба хабаргузории "Рейтерс".
Манижа аз зодгоҳаш, Тоҷикистон, натанҳо бо сабти суруди нав, балки бо як хушхабари дигар ба Русия баргашт. Вай мунтазири фарзанди дувумаш аст, ки ба гуфтаи овозхон ба зиндагияш нафасу маънии дигар мебахшад: "Дар батнам духтар дорам. Бисёр дар ҳаяҷон ҳастам. Маҳз ҳоло бояд тасмим бигирам, ки барои духтарам чӣ гуна ояндаро нишон додан мехоҳам. Барои ҳамин, ин таронаро дар кӯҳҳои Тоҷикистон сабт кардам."
Ин овозхони тоҷики шаҳрванди Русия ба мисли баъзе аз ҳунармандони дигари рус барои мухолифат ба ҷанги Украина дар "рӯйхати сиёҳ" ҷой гирифт ва аз ташкили консерту иштирок дар озмунҳои мусиқӣ маҳрум гашт. Маҷбур шуд, ки муддате ба хориҷа биравад.
Пас аз ҳамлаи маргбор ба “Крокус”, Манижа барои пуштибонӣ аз муҳоҷирони тоҷик мавриди ҳамлаҳои интернетӣ, бастани саҳифаҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва таҳқиру тавҳин қарор гирифт. Ҳоло боз ба Русия баргаштааст.
"Кори маро ба сабаби мавқеи сулҳҷӯёна ва зиддиҷангиям манъ карданд. Дидгоҳи маро манъ карданд. Ман дар рӯйхати сиёҳ ҳастам. Ҳунарнамоӣ карда наметавонам. Мусиқии ман бояд дар ягон гӯшаи кишварам набошад. Бале, ман Русияро ватани худ меномам, зеро ин кишварро бисёр дӯст медорам ва ҳоло ҳам дар ин ҷо ҳастам. Он хонаи ман аст. Ин маҳдудият бештар аз се сол боз идома дорад. Ман дурӯғ гуфтанӣ нестам. Медонам, ки душвор аст, аммо то ҳол ба роҳам идома медиҳам," – гуфт ӯ.
Вай афзуд, ки худро миёни ду девор эҳсос мекунад: "Медонед, дар ин бора тарона ҳам доштам, ки маро ҳам дар кишварам ва ҳам дар дунё манъ карданд. Ин як девонагист ва дуруст нест."
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Манижа Сангин хушбин аст, ки рӯзҳои сахт ба зудӣ пушти сар шудаву сулҳу субот пойдор мешавад. Вай рисолати худро ҳамчун овозхон дар тақдими оҳангҳое медонад, ки дилҳоро ба зиндагӣ гарм ва ба ояндаи хуб умедвор кунад.
''Ман дигар наметарсам, зеро ба мавқеи худ бовар дорам. Ман ба корам, ба он чизе, ки мебинам, бовар дорам. Ман медонам, ки ҳар ҷанг тамом мешавад. Ҳар ҷанг интиҳо дорад, зеро ман инро дар ватанам, дар Тоҷикистон, аз сар гузарондам. Ин як бахши хеле торики замони мост. Ман бовар дорам, ки рӯзе ин масъаларо ҳал мекунем. Ман ба ин умед дорам,” – баён дошт овозхон.
Ин овозхон дар хурдсолӣ ҳамроҳи аъзои оилааш дар Русия муҳоҷир шуд ва соли 2020 сафири ҳусни нияти Созмони Милал дар умури паноҳандагон интихоб гашт. Ширкатдори озмуни бонуфузи мусиқии Eurovision аз Русия дар соли 2021-ум.
Орзу дорад, ки рӯзе боз имкони ҳунарнамоӣ рӯйи саҳнаҳои бузургро соҳиб мешавад: "Бале, мехоҳам Грэмми дошта бошам. Мехоҳам муваффақ шавам ва таронаҳоямро дар варзишгоҳу майдонҳои калон иҷро кунам, аммо ҳамзамон мехоҳам Манижа бимонам. Худамро гум кардан намехоҳам."