Дар ҳавопаймои Сургут - Маскав чӣ гузашт? ВИДЕО

Ходимони ҳифзи қонун вориди ҳавопаймои хатсайри Сургут-Маскав шуда, марди муттаҳам дар "ғасб"-и ҳавопайморо боздошт карданд. Масъулони ширкати ҳавопаймоии “Аэрофлот” гуфтанд, ки дар ин ҳодиса касе осеб надид ва марди таҳдидкунанда дастгир шудааст.

Шабакаи “Мэш” навори видеоии лаҳзаҳои амалиёти боздошти марди таҳдидкунандаро нашр кард. Ин шабака менависад: "Ходимони қудратӣ вориди ҳавопаймои ширкати “Аэрофлот” шуданд. Амалиёт оғоз шуд. Ҳамлагар боздошт гардид. Ӯро аз ҳавопаймо берун карданд. Вай шадидан маст буд”.

Дар хабарҳои қаблӣ гуфта шуд, ки ин мард силоҳ дошт, вале дар изҳороти Кумитаи тафтишот гуфта шуд, ки бар асоси санҷиши пешакӣ маълум гардид, ки ин мард бо худ ҳеҷ силоҳе надошт. Дар изҳороти Кумитаи тафтишоти Русия гуфта шуд, ки “мард боздошт шудааст. Ин шахс – як сокини Сургут буда, дар гузашта барои хароб кардани моликият маҳкум шудааст”.

Намояндаи Кумитаи тафтишоти Русия Светлана Петренко гуфт: “Мусофир бо таҳдиди ин ки дар даст силоҳ дорад, талош кард дар ҷараёни парвоз ба утоқи халабонҳо ворид шуда самти парвозро дигар кунад”. Дар идома Петренко гуфт: “Командири экипаж қарор кард, ки дар фурудгоҳи Ханти-Мансийск нишасти иҷборӣ анҷом диҳад”.

Ҳавопаймои ширкати “Аэрофлот”, ки дар дохили он тахминан 70 нафар қарор дошт, аз шаҳри Сургут ба Маскав парвоз мекард. Чанд дақиқа баъди шурӯи парвоз як мусофири 41-сола талаб кард, ки самти парвозро ба Афғонистон тағйир диҳад. РИА Новости навишт, ки ҳайати экипаж тавонист ин мардро бовар кунонад, ки дар фурудгоҳи Ханти-Мансийск барои сӯхтгирӣ нишинанд.

Кормандони Кумитаи тафтишот дар фурудгоҳи Ханти-Мансийск

Шабакаи телевизионии РЕН ТВ гуфт, ки ҳавопайморо “як марди мусаллаҳ” ғасб кардааст. Айни замон, оҷонсии расмии ТАСС бо такя ба хадамоти изтирорӣ навишт, ки ин як “амали авбошона” буд. Фарзияи Интерфакс ин буд, ки ин мард мушкили равонӣ дошт. Манбаи ин оҷонсӣ гуфт, ки ин мард дар гузашта барои содир кардани қонуншиканиҳои маъмурӣ дар ҳолати мастӣ боздошт шудааст.

Баъди фуруд омадани ҳавопаймо ҳам хабарҳои зидду нақиз нашр шуд, ки гӯё мард ҳамон замон боздошт шуд, вале Кумитаи зиддитеррористӣ гуфт, ки ин хабар ҳақиқат надорад ва мард дар дохили ҳавопаймо боқӣ мемонад.

Мақомот ҳамон замон як ситоди изтирорӣ ташкил карданд. Ба фурудгоҳи Ханти-Мансийск кормандони хадамоти изтирорӣ ҷалб шуда, полис фурудгоҳро таҳти назорат қарор дод.

Ба иттилои Телеграм-канали «Мэш», тамоми ин муддат мусофирон бехабар буданд. Ин манбаъ навишт, ки «ба мусофирон касе чизе намегӯяд. Дар бораи ин ки мушкиле пеш омадааст, мардум баъди фуруд омадани ҳавопаймо ва фаъорл шудани телефону интернети худ огоҳ шуданд. Дар дохили ҳавопаймо ҳеҷ воҳимае набуд, вале айни замон, ходимони экипаж наворбардории ҳаводиси дохили ҳавопайморо иҷоза намедоданд».

Дар як эълонаш командири экипаж аз мусофирон хостааст, ки оромиро риоя кунанд ва ҳавопаймо барои сӯхтгирӣ нишасте кардааст.

Кумитаи тафтишоти Русия бар асоси моддаи «ғасби ҳавопаймо» парванда боз кард. Ширкати «Аэрофлот» бо ҳавопаймои дигаре мусофиронро ба Маскав мефиристад.