Ҳеҷ созишнома дар чаҳорчӯби музокироти байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон, аз ҷумла дар бораи ба ихтиёри Қирғизистон гузаштани 14 кони нафту газ дар мавзеи “Ниёзбек” дар марзи ноҳияҳои Конибодому Лайлак имзо нашудааст. Дар ин бора дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо радиои Озодӣ муовини нахуствазири Қирғизистон ва ҳамраиси Комиссиюни байниҳукуматии Қирғизистону Тоҷикистон Абдураҳмон Маматалиев хабар дод. Вай гуфт, “ман дар бораи изҳороти як мақоми қирғиз хабар надорам. Ҳаминро метавонам гӯям, ки музокироти мо бо ҳамкорони тоҷикистониамон хеле хуб идома дорад. Музокироти навбатии мо бояд моҳи август – эҳтимолан 11 август дар шаҳри Душанбе бо иштироки ҳама раҳбарони сохторҳои дахлдор дар ин баҳсҳои марзӣ баргузор шаванд”, гуфт ӯ. Ба иттилои ӯ, дар ин музокирот ҳама масъалаҳо, аз ҷумла мавзӯи марбут ба обу энержӣ, содироту воридоти энержӣ ва мушкилоти иҷтимоӣ баррасӣ мешаванд.
Маматалиев гуфт, ҳоло ҷонибҳо бар сари “Созишномаи марзи давлатии Қирғизистону Тоҷикистон” кор мекунанд. Ҳанӯз соли гузашта Қирғизистон тарҳи хати марзи давлатии ин кишвар бо Тоҷикистонро ба Душанбе супурда буд ва аз рӯи ин пешниҳодҳо ҳанӯз баҳсу баррасиҳо идома дорад, гуфт ӯ. Яке аз дигар санадҳо марбут ба эҷоди ҳусни тафоҳум ва эътимод дар миёни марзбонҳои ҳарду кишвар аст, гуфт ӯ. Ин мавзӯъ қарор аст дар ҷараёни боздиди президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев бо раиси ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе ҳам баррасӣ шавад. Ин сафар қарор аст пеш аз интихоботи парлумонии Қирғизистон баргузор шавад, ки тирамоҳ дар назар гирифта шудааст.
Тоҷикистон мегӯяд, 14 чоҳи "Ниёзбек"-ро ба Қирғизистон надодааст
Рустами Шоҳмурод, вазири адлияи Тоҷикистон гуфт, ки ҳанӯз дар бораи ба ихтиёри Қирғизистон гузаштани 14 чоҳи газ дар мавзеи Ниёзбек миёни Душанбе ва Бишкек қарордод имзо нашудааст. Вазорати адлияи Тоҷикистон мегӯяд, ҳанӯз барои ба ихтиёри Қирғизистон гузаштани 14 чоҳи газ дар мавзеи Ниёзбек миёни Душанбе ва Бишкек созишнома имзо нашудааст. Рустами Шоҳмурод, вазири адлияи Тоҷикистон, 22 июл дар ин бора сӯҳбат карда гуфт, "бинобар ин, хабарҳои дар мавриди ба Қирғизистон тааллуқ гирифтани 14 чоҳи газ асос надорад". Ба қавли Шоҳмурод, ин созишнома бояд миёни Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон ба имзо бирасад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Уланбек Рискулов, муовини мудири Оҷонси давлатии захираҳои минералӣ ва геологии Қирғизистон 21 июл дар сӯҳбат бо расонаҳои он кишвар гуфтааст, маҳалле, ки "чоҳҳои Ниёзбек" ном дошта, дар миёни ноҳияҳои Конибодоми Тоҷикистон ва Лайлаки Қирғизистон воқеъ аст, ба ихтиёри дуввумӣ гузаштааст. Қаблан гуфта мешуд, дар ин минтақа ҳашт чоҳи газ вуҷуд дорад, вале мақомоти Қирғизистон теъдоди ин чоҳҳоро 14 адад эълон карданд. Ин иттилоъро дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ як мақоми наздик ба Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба тақсими марз низ тасдиқ кард. Мақоми наздик ба Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба тақсими марз, ки ба шарти ифшо нашудани номаш сӯҳбат мекард, 22 июл гуфт, ин минтақа дар музокироти ахири ҳайатҳои Комиссияи муштарак ба Қирғизистон тааллуқ гирифтааст.
Ба қавли ӯ, "солҳои пеш баъзе аз ин чоҳҳо аз ҷониби Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор доштанд ва бо шурӯи баҳси марзӣ, ҷониби Қирғизистон даъво кард, ки ин чоҳҳо дар ҳудуди ноҳияи Лайлаканд." Уланбек Рисқулов гуфтааст, дар натиҷаи мушаххас кардани хатти марз, чоҳҳои нафте, ки ба қавли ӯ, дар қаламрави Қирғизистон буданду Тоҷикистон аз онҳо баҳрабардорӣ мекард, ба моликияти Қирғизистон табдил шуданд. Ӯ гуфтааст, дар ибтидо онҳо тахмин мезаданд, ки ҳудуди 8 чоҳ дар онҷо вуҷуд дорад, "аммо вақте комиссияи таъсисдода ин мавзеъро санҷид, шумораи чоҳҳоро 14-то ҳисоб кард".
Рисқулов афзудааст, ҳоло масъалаи ба тавозуни Фонди идоракунии моликияти давлатӣ гузарондани чоҳҳо дар ҳоли анҷомёбӣ аст ва қарор аст ин чоҳҳо ба ихтиёри ширкати "Қирғизнефтегаз" дода шаванд. Таърихи роҳандозии корҳои иктишофию геологиии чоҳҳои Ниёзбек ва Қарақчикуми шимолӣ, ки дар ҳудуди ноҳияи Конибодоми Тоҷикистон ҷойгиранд, ба солҳои 1955-1961 рост меояд. Баҳрбардорӣ аз ин конҳо дар миёнаҳои солҳои 1970-ум оғоз ёфта, дар маҷмӯъ, аз 89 чоҳ танҳо чоҳи рақами 2 ба тавозуни Қирғизистон дода шуда буд.
Икромхон Ҳалимов, сардори бахши иқтисод ва дурнамои ҷамъияти ширкати “Суғд Петролеум”, ки аз ин чоҳҳо то тирамоҳи соли 2013 баҳрабардорӣ мекард, дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, “борҳо ҷониби Қирғизистон даъво кардааст, ки ин чоҳҳо ба онҳо тааллуқ дорад. Вале дар асл онҳоро дар замони Шӯравии собиқ Тоҷикистон канда, мавриди баҳрабардорӣ қарор додааст ва онҳо чун моликияти давлатӣ дар баланси Тоҷикистон қарор доранд.” Мавзеи Ниёзбек дар тақрибан 10-километрии ҷанубу шарқи шоҳроҳи Хуҷанд-Конибодом воқеъ аст.
Ҳайати комисияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон ҳанӯз ду сол пеш дар атрофи чоҳи рақами 205-и Ниёзбек, ки дар ҳудуди ноҳияи Конибодом ҷойгир мебошад, баҳс карда буд. Ҷониби Қирғизистон даъво дошт, ки ин чоҳ дар мавзеи Каттатуз, дар ҳудуди ноҳияи Лайлаки ин кишвар ҷойгир аст ва баргардонда шавад. Икромхон Ҳалимов мегӯяд, вале охири моҳи октябри соли 2013 сарҳадбонҳои қирғиз дар пайи муноқиша сари ин баҳс коргарони ин ширкатро аз сари чоҳҳои мавзеи Ниёзбек ронда ва роҳи онҳоро бастанд. Ба гуфтаи ӯ, ширкати муштараки Тоҷикистону Австрия - "Суғд Петролеум" ҳудуди 20 дарсад аз маҷмӯи умумии нафту гази тавлидотиашро аз чоҳҳои ҳамин минтақа, ки дорои захираҳо арзёбӣ мешавад, истихроҷ мекард, ки аз даст дод.
“Аз онҳо ҳар моҳ ҳудуди 300 тонна нафти хом истеҳсол карда, солона ҳудуди 1 миллион сомонӣ ба буҷаи Тоҷикистон андоз месупурдем. Ҳоло ҳамаи ин корҳо қатъ шуда, сарҳадбонҳои қирғиз роҳи моро ба сӯи чоҳҳо бастаанд. Чоҳи 205 - ро мо нав барои баҳрабардорӣ омода карда будем ва умеди зиёд кардани истихроҷро доштем,” – афзуд ҳамсӯҳбати мо. Бо ин вуҷуд, ин масъули ширкати “Суғд Петролеум” бовар надорад, ки Тоҷикистон мавзеи Ниёзбекро бо чоҳҳояш ба ихтиёри Қирғизистон гузошта бошад. Баҳодур Саидов, раиси ҷамоати Эргаш Шарифови ноҳияи Конибодом, ки деҳаву мавзеи Ниёзбек, маҳалли ҷойгиршави ҷоҳҳои нафту гази баҳснок дар онҳо ҷойгир аст, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, сарҳадбонҳои тоҷику қирғиз роҳи рафтуомад ба мавзеи чоҳҳои Ниёзбекро бастаанд ва онҳо намедонанд дар он ҷо чӣ мегузарад. Бахтиёр Аҳмадов, муовини аввали раиси ноҳияи Конибодом низ мегӯяд, вай дар бораи ба Қирғизистон додани чоҳҳои нафту гази мавзеи Ниёзбек ҳанӯз хабар надорад.