Малика Қаландарова: "Самира гуноҳ надошт, ки зан таваллуд шудааст"

Малика Қаландарова ва духтараш Самира Мазол дар барномаи “Пусть говорят” дар шабакаи ОРТ.

Ҳунарпешаи маъруф мегӯяд, баъд аз намоиши телевизионии Русия дар бораи табдили ҷинс ва ном кардани писараш Артур зиндагиаш ба самти муқобил иваз шудааст.

Ҳунарманди шинохтаи Тоҷикистон Малика Қаландарова, ки 25 соли ахир дар Амрико зиндагӣ мекунад, дар як сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ аз Ню-Йорк гуфт, ки баъд аз пахши барномаи “Пусть говорят” дар шабакаи ОРТ моҳе пеш, зиндагии ӯ ва духтараш Самира комилан дигар шуд:

“Мо инро аслан интизор надоштем, вале баъди ин барнома муносибати ҷомеа, бахусус онҳое, ки ба мо бо чашми бад нигоҳ мекарданд, комилан дигар шуд. Бисёриҳо дар мулоқоти рӯбарӯ ва дар тамосҳои телефониву интернетӣ мегӯянд, ки дарди моро дарк ва аз мо пуштибонӣ мекунанд”, -- гуфт Малика Қаландарова.

Писари дуюми ин ҳунарпешаи маъруфи тоҷик – Артур Гулкорови 35-сола баъди азиятҳои рӯҳии зиёд ду соли пеш ҷинсашро табдил кард ва исми Самира Мазолро гирифт (Мазол – исми хонаводагии Малика Қаландарова буда, маънояш ба забони яҳудӣ “хушбахт” аст).

ПАС АЗ НАМОИШИ ТЕЛЕВИЗИОНӢ

Ин тасмими писарро дар оғоз на модар на падару бародараш напазируфтанд, вале баъдан модари Самира – Малика Қаландарова дарк кард, ки агар дар канори фарзандаш набошад, ӯро комилан аз даст медиҳад. Малика мегӯяд, ки баъд аз пахши ин барнома, ки миллионҳо онро тамошо карданд, наздикону дӯстонаш аз шаҳри Ню Йорк бардоштҳои аввалияи худро иштибоҳ хонданд.

Самира Мазол

“Ҳоло муносибатҳои Самира бо падараш хеле наздиктар шудааст, онҳо бо ҳам мулоқот мекунанд, аз ҳоли ҳамдигар пурсон мешаванд, баъзан ҳамроҳ дар ягон тарабхона барои хӯроки шом мулоқот мекунем. Барои наздикӣ бо бародараш бошад, як қадами кучаки дигар мондааст – ҳанӯз онҳо бо Марк, писари калонӣ баъди он барнома телефонӣ ва ё рӯбарӯ сӯҳбат накардаанд, вале дар гуфтугӯҳо бо ман Марк аллакай бо як дилгармиву муҳаббат аз хоҳараш пурсон мешавад. Муҳим ин ки ӯро аллакай на ҳамчун додар, балки ҳамчун хоҳар қабул мекунад. Як рӯз ҳатто гуфт, як дӯсти наздикаш ба вай гуфтааст, “хоҳарат чунон зебо будааст, ки ман омодаам, зани худро партофта, ӯро ба занӣ бигирам”. Бовар дорам, ки барои як таҳаввулот дар равобити онҳо як фосилаи дигар мондааст,”- гуфт Малика Қаландарова.

ЧУ ОШКОР ГАШТ РОЗИ НИҲОН

Малика Қаландарова гуфт, вақте ӯ дар мазҳари ом парда аз рӯи ин рози хонаводагӣ бардошт, аз дуру наздик садҳо номаву занги телефонӣ гирифт, ки ҳар кадоме ба шеваи худ аз хонаводаи Малика пуштибонӣ мекарданд ва ба иродаи он таҳсин мегуфтанд, аз Тоҷикистон ҳам. “Онҳое, ки аз Тоҷикистон занг мезананд, тамоман одамони ношиносанд. Мегӯянд, ки ман ва ҳунари маро ёд доранд, вале акнун маро ҳамчун модар шинохтанд. Бисёр суханҳои неку самимӣ мешунавам ва аз ин дили мо гарм мешавад, чунки мо ҳамеша Тоҷикистонро дӯст медоштем ва умедворам, ки ҳатман бо Самира барои намоиши ҳунарӣ ба Душанбе биравем.”

Ҳоло Малика Қаландарова дар Ню Йорк мактаби рақс дорад ва мегӯяд, ки дигар шудани назари мардум нисбат ба хонаводаи ӯ ба кораш низ таъсири мусбат гузоштааст. Зеро баъди ошкор шудани рози Самира теъдоди хоҳишмандони таҳсил дар мактаби Малика ду баробар бештар шуд. Қаблан, ки дар паси хонаводаи ӯ гапу ғайбати зиёд гуфта мешуд, хоҳишмандони таҳсил дар мактабаш зиёд набуданд. Малика мегӯяд, то ин таҳаввулот ҳамагӣ 10 шогирд дошт. Вале аз 1 май 13 шогирди нав, ҳамакнун аз хонаводаи миллатҳои дигар, аз ҷумла тоҷику ӯзбаку яҳудиҳо барои омӯхтани ҳунари рақси шарқӣ муроҷиат карданд. “Бисёри онҳо гуфтанд, ки ба хотири дарс гирифтан аз Самира мехоҳанд, ба ин мактаб биёянд”, --гуфт ӯ.

"БОЯД ҲАҚИҚАТРО ДАРК КАРД"

Худи Самира баъди барнома аз се мактаби нави рақси дар Ню-Йорк пешниҳоди кор гирифт – дар Манҳеттен, Бруклин ва ҳам Квинс. Ба гуфтаи модар, Самира ҳарчанд наметавонад фарзанд ба дунё биёрад, вале бисёр мехоҳад, оила барпо кунад. Ӯ ҳанӯз дӯстписаре надорад, мегӯяд Малика Қаландарова.

Самира Мазол

“Ин барнома фикри бисёриҳоро ба масъалаи табдили ҷинс дигар кард. Гап дар ин ки ман худам аз тоифаи одамони суннатӣ ва хеле муҳофизакорам, чунки дар чунин як муҳит ба воя расидаам ва бо чунин тафаккур ҳам бузург шудаам, ки агар Худо инсонро мард офарида бошад, ӯ бояд мард бошад, агар зан офарида бошад – зан. Вақте бори аввал Артур ба хоҳари ман гуфт, ки аз газета хондааст, ки дар Ҳинд амалиёти ҷарроҳии табдили ҷинсро анҷом додаанд ва ӯ ҳам мехоҳад, духтар шавад, ман ва дигар хешовандон, бахусус мардҳо гуфтем, ки дубора ин гапро нагӯяд, вагарна зада мекушем. Ӯ тарсид, ба худ фурӯ рафт ва як рӯз моро тарк кард. Агар мо сари вақт мушкили ӯро дарк мекардем, шояд духтарам хеле пештар хушбахт мешуд,”- мегӯяд Малика Қаландарова. Ӯ мегӯяд, барои наҷоти ҷони фарзандаш аз фаросат кор гирифт, вагарна ба гуфтаи ӯ, “ҳеҷ як психолог барояш кӯмак карда натавонист”.

"МАН ХУДАМ МИСЛИ "ОНҲО" БУДАМ"

Малика Қаландарова мегӯяд, бо ин ҳама вокуниши хубе, ки гирифтааст, агар ҳам нафароне пайдо шаванд, ки ӯву духтарашро маҳкум кунанд, ба ҳеҷ сурат аз онҳо намеранҷад ва вокунишҳои манфиро низ табиӣ мешуморад.

“Ман худам ҳам мисли онҳо будам. Вале сарнавишт ин гуна тоб хӯрд ва ман бояд ин воқеиятро ба хотири фарзандам қабул мекардам. Вай чӣ гуноҳ дорад, ки дар бадани писар таваллуд шуда, тамоми умр худро духтар ҳис мекардааст? Ин як иштибоҳи табиат буд, ки ислоҳ шуд. Ҳоло ба ман бисёр волидоне занг мезананд, ки айнан дар чунин ҳолат ҳастанд ва онҳо ҳам бояд ба фарзандонашон кӯмак кунанд.

Шумо бояд бифаҳмед, ки ин қабил инсонҳо, мисли Самира, ҳамҷинсгаро нестанд, онҳо нарумода ба дунё меоянд ва бар хилофи ҷинсияти табииашон, дар замир зан ҳастанд. Мо, одамон бошем, қолабӣ фикр мекунем ва ҳарфи дили онҳоро гӯш кардан намехоҳему бештар саркӯбашон мекунем, аммо намефаҳмем, ки чӣ қадар азияташон медиҳем. Агар дар миёни миллионҳо нафароне ҳам бошанд, ки фикрашонро дигар накарданд, боке нест. Ман онҳоро маҳкум намекунам,” -- гуфт ӯ.

Самира-Ситора (Артур Гулкоров) ҳунармандест, ки дар Тоҷикистон таваллуд ва дар Амрико бузург шудааст. Бори охир ӯ дар Душанбе дар соли 2009 ҳунарнамоӣ карда буд. Чанде баъд аз сафари Тоҷикистон Артур Гулкоров дар мусоҳиба бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ҳанӯз ҳам издивоҷ накардааст ва ҳаёти худро пурра ба рақс бахшидааст. Модари ӯ, Малика Қаландарова баъд аз кӯч бастан ба Ню Йорк дар соли 1993 дар ин ҷо мактаби рақс ва ансамбли худро таъсис дод, ки барномааш асосан аз рақсҳои тоҷикӣ ва мардумони Иттиҳоди Шӯравӣ иборат аст. Дар мусоҳибааш бо Радиои Озодӣ Артур Гулкоров гуфта буд, ки асосан дар тарабхонаву марказҳои дилхушии Маскав кор мекард ва маблағи даромадашро барои сабти суруд ва дӯхтани либосҳои саҳнавӣ сарф мекард.