Як корхонаи маҳаллӣ дар шимоли кишвар бо маблағгузории созмони швейтсарӣ атрофи як партовгоҳи радиатсиониро девор бардоштаанд, аммо безарар кардани боқӣ чунин мавзъҳо миллионҳо долларро талаб мекардааст.
Корхонаи “Востокредмет” – "Фулузоти нодири Шарқ" дар шаҳри Чкалови шимоли Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Бунёди швейтсарии безараргардонии минаҳо дар атрофи партовгоҳеро, ки коршиносон “1 - 9” номгузорӣ кардаанд, девори баланде хоҳанд сохт, ки беш аз ду километр дарозӣ дошта, аз ворид шудани одамон ва чорпо ба ин мавзеъ пешгирӣ хоҳад кард.
Мирзошокир Ҳоҷиён, муовини сардори корхонаи "Фулузоти нодири Шарқ"-и шаҳри Чкалов рӯзи 5-уми июн, ки ҳамасола Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи муҳити зист таҷлил мешавад, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дар ин бора чунин гуфт: “Гирди он мавзеъ, ки маҳкам набуд, сокинони маҳалҳои наздик пиёдаву бо нақлиёти худ гузар мекарданд. Мувофиқи қоидаҳои махсуси безараргардонии партовгоҳҳои дорои моддаҳои радиоактив бояд атрофи онҳо маҳкам бошад. Бунёди мазкур барои анҷоми ин кор ҳудуди 80 дарсади маблағгузорӣ кард ва “Востокредмет” 20 дарсад ва гирди мавзеъ аз хишти сементӣ девори баланд бардоштем.”
Ба иттилои хамин манбаъ, дар вилояти Суғди Тоҷикистон даҳ партовгоҳи маводди родиоактив вуҷуд дорад, ки ҳаштои он дар замони шӯравӣ рӯпӯш шуда ва дуи дигар – дар минтақаи Истиқлол (Табошари собиқ) ва Деҳмой ҳанӯз бозанд. Аммо ба гуфтаи мутахассисон, партовгоҳҳои дар замони шӯравӣ рӯпӯшгашта ба меъёрҳои байналмиллалӣ ҷавобгӯ нестанд. Тибқи меъёрҳои байналмилаллӣ, болои партовгоҳҳо бояд ҳадди ақал бо ду метр хок пӯшонда шавад, аммо рӯпӯши ин партовгоҳҳо дар шимоли Тоҷикистон аз 70 сантиметр то яку ним метр будааст.
Тоҷикистон дар замони шӯравӣ макони тавлиди урани хом барои сохтани нахустин бомбаи атомии шӯравӣ буд. То охирҳои солҳои навади асри гузашта дар ин ҷо на танҳо урани истихроҷгашта дар Тоҷикистон, балки маъдани урани воридотӣ аз ҷамоҳири ҳамсояи Узбакистону Казокистон низ коркард мешуд. Комиссияи иқтисодии СММ дар умури Аврупо мегӯяд, ба партовгоҳҳои дорои ҳудуди 55 миллион тон зуболаи радиоактив дар шимоли Тоҷикистон, ки аз замони шӯравӣ ба мерос мондааст, то ҳанӯз аз нигоҳи амниятӣ ба таври комил расидагӣ нашудааст.
Муовини сардори корхонаи “Востокредмет” мегӯяд, мутобиқи як барномаи мутахассисони тоҷик аз ҳозир то соли 2018 партовгоҳи бози канори шаҳри Табошар, 30 киламетрии Хуҷанд мутобиқи меъёрҳои ҷаҳонӣ рупӯш карда мешавад: “Ҳоло дар он ҷо корҳои иктишофию геологӣ ҷиҳати омӯзиши он мавзеъ сар шудааст. Тибқи тавофуқи байнидавлатӣ сармоягузорӣ барои иҷрои ин барномаро Русия бар ӯҳда дорад.”
Бино ба иттилоъи Ожонси амнияти ҳастаӣ ва маводи радиоактиви Тоҷикистон, барои рупӯш ва безараргардонии партовгоҳҳо дар шимоли кишвар ҳудуди 70 миллион евро зарур аст ва ин кор бо ёрии созмонҳои байналмилалӣ имконпазир аст.
Ахиран коршиносони Ожонси байналмилалии энергияи атомӣ барои бозомӯзии вазъи радиатсионӣ, машварат ва ироаи ёриҳои техникӣ ба мутахассисони тоҷик ҷиҳати безарарсозии партовгоҳҳои дорои маводи радиоактив ба Суғд омада, ба озмоишгоҳи корхонаи “Востокредмет” дастгоҳи ченкунандаи мизони нурафкании радиатсионӣ эҳдо кардаанд.
Ба гуфтаи Рассел Эдж, яке аз бозрасонҳои Ожонси мазкур, аз ҷониби ин ожонсӣ барои таҳти назорат гирифтану безарар гардонидани партовгоҳҳои радиатсионӣ дар кишварҳои собиқи Шӯравӣ як гурӯҳи ҳамоҳангсоз таъсис дода шудаааст ва дар ҳоли кунунӣ аз ҷониби ин гурӯҳ партовгоҳҳои радиатсионии Чкалов, Хуҷанд, Деҳмой, Табошар ва Адрасмон дар шимоли Тоҷикистон мавриди омӯзиш карор доранд.