Соли гузашта дар Тоҷикистон 458 нафар худкушӣ кардаанд. Мушкилоти иҷтимоӣ ва хонаводагӣ аз омилҳои умдаи афзоиши мавридҳои худкушӣ дар Тоҷикистон гуфта мешавад. Аммо олими ҷавон Дидавар Бекзода дар пажӯҳишаш ба омилҳои равонии ин падида пардохтааст.
Эҳсоси гуноҳ ва масъалаи худкушӣ
Худкушӣ аз замонҳои қадим то имрӯз як ҳодисаи даҳшатовар мебошад. Даҳшат дар он аст, ки инсонҳо, мардҳо, занҳо, ҷавононписарону ҷавондухтарон, дар баъзе мавридҳо пиронсолон ва кӯдакони ноболиғ низ, худро ба домани ин гирдоби даҳшатбор меандозанд. Чаро инсонҳо ба худкушӣ даст мезананд? Ин масъала то имрӯз дар илм аз ҷумлаи масъалаҳои баҳс аст. Ба сӯи худкушӣ равона сохтани худ то ҳадде аст, ки инсон дигар ин зиндагиро намехоҳад ва хостори марг ва халосӣ аз азоби дарунии худ мебошад.
Лекин дар баъзе ҳолатҳо ин масъала баръакс аст. Чуноне ки баъзе инсонҳо худкушӣ мекунанд, баъзеи дигари онҳо намехоҳанд худкушӣ кунанд ва худро аз ин зиндагии зебо ба сӯи фано ва нестӣ баранд. Онҳо мехоҳанд, ки зинда бошанд. Зиндагӣ аз ҳама чизи дунё азизу ширинтар аст. Онҳо мехоҳанд, ки зиндагии солим ва саодатмандона дошта бошанд.
Инсонҳои худкуш ба зиндагии гузаштаашон бо ҳасрат нигоҳ мекунанд. Лекин бо зиндагии ҳозираашон, ки муқоиса мекунанд, аслан зиндагиро бемаъно эҳсос мекунанд. Ва гӯё зиндагии ҳозираашон дигар маъное ба онҳо намедиҳад ба ҷуз аз ноумедӣ ва азобу шикасти ботинӣ.
Эҳсоси гуноҳ ва пушаймонӣ
Ҳангоме ки инсон дар фикри аз байн бурдани худ аст, рӯз то рӯз зиндагиаш ба назари худаш такрор ва якрангу якхела менамояд. Ин якнавохтии зиндагӣ ҳолати дохилии ӯст. Инсонҳои солим ҷаҳонро рангоранг ва пурмаъно мебинанд. Аммо инсонҳои гирифтори афсурдагӣ (депрессия)-и шадид ҷаҳонро аслан якранг ва бемаъно мебинанд ва тасаввур мекунанд. Инсонҳои худкуш дилбастаи зиндагии гузаштаашон ҳастанд. Нуқтаи ҳассоси ин масъала фарқ байни ду қисми зиндагиро ташкил мекунад. Зиндагии гузаштаи бемор ва зиндагии ҳозираи ӯ.
Нишонаҳое, ки гуфтем, ба ҳамаи афроди худкуш дахл надоранд. Роҳи дармони ин масъала баргардонидани зиндагии саодатмандонаи пешинаи инсони бемор аст. Онҳо, ҳангоме ки ба зиндагии гузаштаашон нигоҳ мекунанд, хушбахтиро мебинанд. Зебоиро мебинанд. Озодиро мебинанд. Ин озодӣ асосан озодии дарунӣ ва ботинӣ, баъд озодии иҷтимоӣ аст. Яъне озодӣ аз ташвишҳои фикрӣ ва озодӣ аз азобу ранҷҳои рӯҳиро мо дар назар дорем.
Онҳо дар гузаштаи худ маънои аслии зиндагиашонро мебинанд. Ва хушҳол мешаванд. Вақте ба ҳолу аҳволи ҳозираашон нигоҳ мекунанд, ба ҷуз аз ноумедиву ғаму ғуссаву маънобохтагии зиндагониаш чизе дигарро намебинанд.Чизи асосӣ ин аст, ки олами дарунии инсон (тасаввуротҳо, андешаҳои инсон, идрок, эҳсос, ҷаҳонбинӣ, дониш, савод ва ғайраҳо) таъсиргузори асосӣ ва муҳим дар майл ба худкушӣ кардани инсон мебошад. Яъне як андешаи нодуруст ё ин ки як фикри зиёновар метавонад инсонро ба ноумедиҳову хаёлпарастиҳо ва ба бемаъногии зиндагӣ бурда расонад.
Пеш аз ҳама бояд ба ин савол ҷавоб ҷуст: Эҳсоси гуноҳ чист? Ин эҳсос чӣ таъсире ё робитае бо худкушӣ дорад? Ба андешаи мо, эҳсоси гуноҳ яке аз омилҳои асосиии даст задан ба худкушиҳост. Аммо эҳсоси гуноҳ чӣ эҳсосест? Намунае аз эҳсоси гуноҳро дар мисоли зер дида метавонем.
Як ронандаи мошини сабукрав дар роҳе ҳаракат дорад. Дар дохили мошин танҳо ронанда асту халос. Ҳангоми ронандагӣ одамеро зер мекунад ва ӯ ҳалок мешавад. Шояд дар ҳамон лаҳза касе ин ҳодисаро дида бошад ё набошад. Ронанда метавонад аз ҷои ҳодиса ғайб занад. Ё ин ки метавонад мурдаро ба ягонҷои дур бурда партояд. Ва ё ҷасадро пинҳон кунад. Агар ин ронанда хонаводаи мурда ва ё милитсияро хабар кунад, шояд ин қадар азоби виҷдонӣ накашад. Баъзан мешавад, ки ронанда ин ҳодисаро гуфта наметавонад.
Ҳангоме ки ронанда ин ҳодисаро солҳои зиёд пинҳон мекунад, ӯ аз дохил хӯрда ва афсурда мешавад. Оҳиста-оҳиста системаи асаби ронанда аз ин таъсири шадид осеб мебинад. Фикри пинҳон кардани ҷасад ӯро ором намегузорад. Ронанда мехоҳад, ки он ҳодисаро фаромӯш кунад, аммо наметавонад. Сабабаш азоби виҷдон аст. Ва сарчашмаи азоби виҷдон ба тарбияи хонаводагӣ пайвастагӣ дорад. Ин афкор он нафарро оҳиста-оҳиста аз дохил аз байн бурдан мегирад. Мешавад, ки ронанда ба истеъмоли маводи сахттаъсири героин даст бизанад, то ин ки он ҳодисаро фаромӯш кунад. Аммо ин ҳодиса ҳеҷ гоҳ аз ёдаш намеравад. Ин азоби виҷдон аст.
Баъзан инсонҳое низ ҳастанд ки табиатан хирасар ва сангдиланд ва аз дучор омадан бо ин хел ҳодисаҳо парвое намекунанд. Аммо ин ҳақиқати пурра шуда наметавонад. Чаро ки ҳамаи мо новобаста аз падару модарамон, дар оила каме ҳам набошад, тарбияи хонаводагӣ дидаем. Ҳамон одами хирасар ҳам зери таъсири тарбияи оилавӣ аз чунин ҳодисае зарба мехӯрад. Ӯ ҳам ин ҳодисаро ба пуррагӣ аз ёд бурда наметавонад. Ва масъалаи худкушӣ дар ин қабил одамон низ ба назар мерасад.
Ва одамон дар ҳолати азоби виҷдон ба гузаштаашон нигоҳ мекунанду афсӯс мехуранд. Афсӯс аз даврони пеш аз ҳодиса. Ба ёд меоранд, ки чӣ озодӣ доштанд. Озодии фикр, озодии виҷдон, зиндагии бомаъно, зиндагии боҳадаф ва ғайра. Аммо ҳолати имрӯза бо гузаштааш ба куллӣ фарқ дорад. Ҳамин эҳсос ӯро азоб дода, маъюсу афсурда мекунад. Ва дар натиҷа ба фикри даст задан ба амали хатарноктарину даҳшатноктарин, яъне худкушӣ, меафтад.
Натиҷаи як девонагӣ
Равоншиносон худкуширо чунин шарҳ медиҳанд: Худкушӣ дар аксар ҳолатҳо нишонае аз бемории мағзи сар аст, ки то он мавқеъ ношинохта монда будааст. Назарияи дигаре бо номи психоанализ низ вуҷуд дорад. Роҳбари мактаби психоанализ Эскюрол (Esquirol) соли 1838 худкуширо яке аз нишонаҳои бемории равонӣ медонист. Эскюрол мегуфт, ки инсони бемор танҳо дар ҳолати ҳазён худкушӣ мекунад. Ва мегуфт, ҳама афроди худкушикунанда девонаанд.
Мо дар поён 4 нишонаи инсони солимро аз назари равоншиносӣ зикр мекунем. Агар инсони оддӣ ин 4 нишонаро доро бошад, пас мо гуфта метавонем, ки ин инсон инсони комил ё инсони солим мебошад.
1 - Инсоне, ки дорои саломатии ҷисмониву равонӣ бошад. Яъне ин ҷо як навъ пайвастагӣ вуҷуд дорад. Ба ин маъно ки агар аз ягон узви баданашон (пойҳояш, чашмонаш ё дастонаш) маҳрум шуда бошад, дар ин ҳолат ҳатман ин таъсир ба рӯҳу психикаи ӯ мерасад, чунки чунин инсон худро дар назди инсонҳои дигар пасттар ё ноқистар ҳисоб мекунад. Аз нигоҳи равоншиносӣ, бемориҳое ҳаст, ки ба андешаи инсон таъсир расонда, қувваҳо ва ангезаҳои асосии пешбарандаи зиндагонии инсонро аз байн мебаранд. Ин лаҳзаҳоест, ки инсонҳоро ноумед ва афсурда мегардонанд.
2 - Инсоне, ки дорои саодату хушбахтист. Инсони дорои виҷдони пок, ҳалолкор, боинсоф, ботарбия, баномус, ва ғайра.
3 - Инсоне, ки Озод аст. Инсони дорои озодии ботинӣ, озод аз ташвишҳои равонӣ-психологӣ, озод аз эҳсоси гуноҳ ва ғайра.
4 - Инсоне, ки дорои зиндагии бомаъност. Инсоне, ки зиндагиаш ҳадаф дорад, маъно дорад, барнома дорад, оянда дорад, ӯ ба шахсияти худ эътимод дорад ва ба зиндагӣ хушбин аст.
Инсоне, ки дорои чаҳор нишонаи дар боло зикршуда бошад, аз рӯи ҳақиқат инсони солим мебошад. Мо дар ин мақола мехоҳем масъалаеро, ки ба нестӣ ва фано расонидани инсон таъсиргузор аст, нишон диҳем. Ин ҳолатро дармон кардан имкон дорад.
Роҳҳои дармон
Ин мушкил чанд роҳи дармон дорад. Роҳи аз ҳама осонтар ва дурусттар ин аст, ки ҳангоми пайдоиши ягон эҳсоси бад, андеша ё фикри бад он шахс бояд ин фикрро ба ягон каси наздик, аз он ҷумла дӯсташ ё волидайнаш гӯяд. Чунки бо ошкор гуфтани масъалаи озордиҳанда таъсири он камтар мешавад. Инсон ҳангоми ифшои андешаҳои озордиҳанда оромишро эҳсос мекунад.
Ба гуфтаи файласуфи машҳури муосири Ошо Бҳагван Раҷниш, сабаби худкушӣ ин фикри ногуфта аст. Вақте инсон дар ботини худ ягон мушкилии психологӣ ё ягон фикре дораду гуфта наметавонад, ин ӯро ба сӯи худкушӣ водор месозанд. Ҳодисаи ронанда мисол шуда метавонад. Раванди майнаи сари инсон раванди табиист. Агар мо протсеси табииро вайрон накунем, он гоҳ метавонем, ки солим зиндагӣ кунем.
Протсеси табиии солимро мо дар кӯдакони синни 4-5-сола дидан мумкин аст. Мо мебинем, ки кӯдак дар ин синну сол ба ҷуз аз бозиҳои худ дигар ягон афкори озордиҳанда надорад.
Бисёре аз вайрониҳои системаи асаб ба сабаби вуҷуди проблемаҳо ва мушкилиҳои зиндагӣ ба вуҷуд меоянд.Инсоне, ки ба чунин мушкилоти зиндагӣ тоб оварда тавонад, камтар зарар мебинад. Агар мо дар зиндагӣ бо ҳодисаҳои вазнин ҳам дучор оем, бояд ки аз рӯи эҳсос бархӯрд накунем.
Аслан аз рӯи ақл рафтор кардан лозим аст. Эҳсос инсонро дар ҳалли мушкилоти сахти зиндагӣ камтар кумак карда метавонад. Ақл ягона олотест, ки мо метавонем ҳангоми рӯ ба рӯ шудан бо мушкилоти зиндагӣ аз он истифода барем. Агар дидем, ки кумаки волидайн басанда нест ва масъала бисёр ҷиддист, бояд ба равонпизишк муроҷиат намоем.
Дидавар Бекзода, аспиранти соли аввали шӯъбаи ҷомеашиносӣ дар Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи Илмҳои Тоҷикистон.
«Ин аввалин навиштаи шогирдонаамро ба модарам тақдим мекунам. Ба модаре, ки маро ҷону ҳаёт бахшид, аммо ҳоло барои ҳамеша дар оромгоҳаш хобида аст. Рӯҳаш шод бод.»