Як шаби бехобӣ дар Тоҷикистон барои мушоҳидаи рӯйдоди аср. ВИДЕО

Lunar eclipse in Tajikistan

Барои тамошои гирифтани моҳ, як ҳодисаи нодири кайҳонӣ, дар Тоҷикистон даҳҳо нафар мунаҷҷимон ва дӯстдорони ин илм шабро дар расадхонаи Ҳисор, рӯз карданд.

Гирифти Моҳ ё зери сояи замин рафтани он рӯзи 27 - уми июл ба таври рӯшан соати 23 :24 ба вақти Душанбе сар шуд ва курраи Моҳ зери сояи замин рафт. Ин ҳодисаро, ки ба гуфтаи нуҷумшиносон дар 100 сол як бор сурат мегирад, шавқмандон дар Тоҷикистон аз ду нуқта, расадхонаи Санглох дар Данғара ва расадхонаи Ҳисор бо телескопу дастгоҳҳои аксбардорӣ бодиққат мушоҳида карданд.

Агарчӣ ҳавои абролуд ва баъзан зери абр мондани моҳтоб барои тамошову аксбардории ин ҳодисаи нодир ба дӯстдорони кайҳон, каме мушкил эҷод кард, аммо онҳо тавонистанд, лаҳзаҳои ҷолибу нодири ин ҳодисаро дар дурбинҳои худ сабт кунанду тавассути телескоп аз наздик бубинанд.

Моҳ дар Кӯлоб чунин ба назар мерасид.

Маҳдӣ Самадов, як донишҷӯи тоҷик, ки аз хурдӣ ба илми астрономия таваҷҷуҳи беандоза дорад, шаби гирифтани моҳ аз баҳри хоб гузашт. Зери ҳавои кушод ва бо дастгоҳҳои махсус ӯ гирифтани моҳро тамошо мекард.

“Мо дӯстдорони ситораҳо дар чунин рӯзҳо гирди ҳам меоем, аксбардорӣ мекунем. Барои ман бештар ҳодисаи хунини шудани моҳ ҷолиб буд. Аксбардории кайҳон ин як шуғли дустдоштаи ман аст. Ин барои ман бисёр ҷолиб аст. Ман ситораву моҳ ва ҳодисаҳои нодире мисли гирифтани моҳро ҳамеша аксбардорӣ мекунам” -гуфт, ӯ.

Дарозтарин гирифти моҳ дар 100 сол

Маҳдӣ ва дӯстони кайҳондӯстдори ӯ ин шаб мисли аксар дигар сокинони курраи замин шоҳиди дарозтарин гирифтани Моҳ дар ин қарн шуданд. Ин ҳодиса 103 дақиқа давом кард ва моҳ дар ин муддат зери сояи замин монд.

Ба гуфтаи мунаҷҷимон, гирифтани офтобу моҳтоб соле 7 маротиба ба вуқуъ меояд, вале солҳои пеш дар чунин ҳодисаҳо фосилаи зери соя мондани Моҳтоб камтар мушоҳида мешуд. Ин ҳодиса аз қабл ҳисобу муайян мешавад.

Гирифтани моҳ падидаи нодири кайҳонист ва замоне сурат мегирад, ки Замин аз байни Офтоб ва Моҳ ҳамсафари зебояш ҳаракат мекунад ва инсонҳо сояи курраи азимеро, ки болояш истодаанд, дар рӯи Моҳ мебинанд.

Шонси сокинони Тоҷикистон чун дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ, Африқо ва Ховари миёна имсол барои мушоҳидаи рӯшани пурра гирифтани моҳ бештар буд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

"Моҳ"-и Тоҷикистонро гирифтанд, мардум ором тамошо карданд

Абдуҷалол Сафаров, ходими илмии пажӯҳишгоҳи Астрофизикаи Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо Радииои Озодӣ гуфт, имкони мушоҳидаи зери сояи замин мондани моҳ аз мавқеи ҷуғрофии минтақаҳо вобаста аст. Ба қавли ӯ дар нимкурае, ки он ҷо лаҳзаи вуқӯи ин ҳодиса шаб аст, имкони мушоҳидаи гирифтани пурраи моҳ вуҷуд дошт.

«Ин ҳодиса вобаста ба даври гарди моҳтоб сурат мегирад. Ҳангоми чарх задани моҳтоб дар атрофи замин ва ҳамроҳ бо замин дар гирди офтоб чарх задани онҳо дар як ҳамворӣ ҷойгир нест. Аммо дар муддатҳои муайян вакте онҳо дар як хати рост ҷойгир шаванд боис мешавад, ки ё гирифти пурраи офтоб ё моҳтоб ба амал ояд. Тарзи ҷойгиршавии геомитрии онҳо инро ба амал меорад. Агар моҳтоб дар марказ бошад, пас гирифти Офтоб мешавад агар замин дар марказ бошад, пас гирифти моҳтоб мешавад, ки моҳтоб дар сояи замин мемонад» - гуфт, ӯ ба Радиои Озодӣ.

Гирифтани моҳ ҳеҷ хабари шум надорад

Баъди тақрибан 1 соат курраи моҳ ё моҳи хунин аллакай ба берун шудан аз зери сояи Замин шурӯъ кард ва дар муддати 40 дақиқа ба пуррагӣ дубора озод гашт. Тули ин муддат тавре бархеҳо фикр мекунанд, ягон ҳодисаи ғайриоддӣ ва нохуше рух надод. Муннаҷимон мегӯяд, гирифти моҳтоб як ҳодисаи табии аст, ки беш аз 6 ҳазор сол боз мушоҳида мешавад. Ба таъкиди онҳо дар ин ҳодисаи кайҳонӣ ҳар гуна хосияти бад ҷустан маънӣ наорад.

Ин ягон асос надорад, ки гӯё ин ҳодиса ба мардум зарар оварда бошад. Дар чунин ҳолатҳо баъзан мардуми моро тарсу ваҳм зер мекунад, баъзеҳо хайру саховатро бештар мекунад, ки нодуруст аст. Ин ягон далели илмӣ надорад. Аз ин ҳодиса ягон муҳобот сохтан даркор нест. Мардум бояд хавотир набошанд” - мегӯяд, Абдуҷалол Сафаров

Як ҳодисаи ҷолиби дигари кайҳонӣ, ки имсол дар лаҳзаи гирифти моҳ сокинони Тоҷикистон шоҳид шуданд, ин наздик шудани саёраи Миррих ба курраи Замин буд. Онро мешуд бо чашми оддӣ дид. Масофа байни Миррих ва хонаи умумии инсоният то 70 ҳазор километр мерасид. Ин ҳодиса ба гуфтаи нуҷумшиносон як ҳафта идома мекардааст.

Гирифтани Моҳ дар Тоҷикистон

Алина Нодирова, ки низ яке аз дӯстдорони ҳодисаҳои кайҳонӣ аст, имшаб тавонист, тавассути телескоп Миррих ва ҳамин тавр гирифтани пурраи моҳро мушоҳида кунад. Ӯ аз рӯйи ихтисос табиб аст, аммо сӯҳбатҳояш бештар бо дӯстону фарзандон дар мавзӯи ситораву сайёраҳо ва кайҳон аст.

Ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт: “На ҳамеша дар ҳудуди кишвари мо гирифтани пурраи моҳро мушоҳида кардан мумкин аст. Ё аввал ё охирашро мешуд мушоҳида кард. Аммо ин бор ҳодисаи ҷолиб буд. Мо наметавонистем ин ҳодисаи нодирро аз даст диҳем."

Барои мушоҳидаи зери пардаи сиёҳ мондани моҳ тавассути расадхона, имсол ба масъулини пажӯҳишгоҳи Астрофизикаи Тоҷикистон хоҳишмандони зиёд муроҷиат карданд.

Гулчеҳра Қоҳирова, раҳбари пажӯҳишгоҳ, ки лаҳзаҳои зери сояи замин мондани моҳ ба дӯстдорони илми нуҷумшиносӣ ва хоҳишмандон дар бораи самову ситораҳо ва гирифтани пурраи моҳ маълумот медод гуфт, маъмулан ба ҳодисаҳои кайҳонӣ, онҳое таваҷҷӯҳ доранд, ки каму беш ба ин илм ошно ҳастанд ва ё мушоҳидаи чунин ҳодисаҳо барояшон ҷолиб аст.