Волии Лугар дар намози ид кушта шуд

Масҷиди Пули Алам баъди таркиши субҳи 15 октябр таҳти назари нирӯҳои амниятӣ қарор дорад

Дар як таркиши бомба дар Афғонистон Арсало Ҷамол - волии минтақаи шарқии Лугар ба ҳалокат расид.
Дар як таркиши бомба дар Афғонистон волии минтақаи шарқии Лугар ба ҳалокат расид. Хабарнигори радиои Афғонистони Озод мегӯяд, ки волӣ Арсало Ҷамол дар лаҳзаҳое кушта шуд, ки дар маркази вилоят шаҳри Пули Алам намози иди Қурбон ҷараён дошт. Ин шаҳр дар 60-километрии ҷанубушарқи Кобул ҷойгир аст. Сухангӯи волӣ Дин Муҳаммад Дарвеш баъди анҷоми таҳқиқи муқаддамотии ҳодиса дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ки бомба дар наздикии баландгӯяк насб шуда буд:

- Волии Лугар Арсало Ҷамол мехост, ки ба назди баландгӯяк наздик шуда, мардумро бо фаросарсии Иди Қурбон табрик кунад. Вале ҳамин лаҳза бомбае, ки

Арсало Ҷамол дар гузашта аз чандин ҳодисаи сӯиқасд ҷон ба саломат бурдааст

дар назди микрофон насб шуда буд, таркид ва волӣ ба шаҳодат расид. Иқтидори таркиш чандон бузург набуд, вале кофӣ буд, ки ҷони волиро бигирад. 15 нафаре, ки дар сафи аввали намозгузорон қарор доштанд, ҷароҳат бардоштанд, - гуфт ӯ.


Як афсари артиши Афғонистон қаблан гуфт, ки ин таркишро маргталабе анҷом додааст.

Ҳоҷӣ Муҳаммадҷон, раиси идораи мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили полиси Лугар гуфт, ки таркиш ба ҳангоми сари минбар баромадани Ҷамол рух дод. Ба иттилои ӯ, ҷони 15 маҷрӯҳ, ки чор нафарашон дар бемористон мебошанд, дигар дар хатар нест.

Ҳеҷ кас то ҳол масъулияти ин ҳодисаро ба дӯш нагирифтааст. Вале дар гузашта, Арсало Ҷамол таҳдидҳое аз ҷониби ҷангиёни Толибон гирифта, ҳамчунин аз чандин ҳодисаи сӯиқасд ҷон ба саломат бурдааст.

Дар як сӯҳбаташ моҳи маи соли 2013 ӯ гуфта буд, ки ҳодисаҳои марбут ба терроризм бо вазъи сангини иҷтимоиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву сиёсии мардум иртибот мегирад, вагарна Толибон дар ҷомеа ҳеҷ нуфузе надоранд.

Радиои Озодӣ