Ҳамсари Путин шавҳар кард?

Бунёди мубориза бо коррупсия тасдиқ кард, ки Людмила Путина расман насаби худро дигар кардааст ва эҳтимолан сабаби он издивоҷ бо марди дигар аст.

Людмила Путина, ҳамсари собиқи президенти Русия Владимир Путин баъди ҷудо шуданаш исми хонаводагиро ба Очеретная тағйир додааст. Тасдиқи инро хабарнигорони нашрия «Собеседник» бар асоси асноди манзиле дар шаҳри Санкт-Петербург дарёфтаанд, ки оилаи Путин ба он дар соли 1995 соҳибӣ кардааст. Ҳафтаи гузашта ин нашрия хулосаҳои таҳқиқоти худро дар бораи Людмила Путина ба нашр расонд.

Ин нашрия мегӯяд, ки тағйири фамилияи ҳамсари собиқи президенти Русия аз он сабаб аст, ки ӯ бо раиси 37-солаи ЦРМК - Маркази рушди мухобироти байниинсонӣ Артур Очеретной оила барпо кардааст. Очертеной дар гузашта дар ширкати "Арт шоу центр" кор мекард ва дар ташкили маъракаҳои мухталифи сиёсӣ, аз ҷумла барои ҳизби «Русияи воҳид» ва ширкати «Газпром» саҳм гузоштааст. Илова ба ин, Очеретной ба матбааи "Литературная учеба" ҳам рабт мегирад ва ин муассиса, ба навиштаи «Собеседник», аз рӯи овозаҳо, зери назари ҳамсари собиқи Владимир Путин қарор дорад.

Хабари тағйири насаби ҳамсари собиқи президенти Русияро масъулини Бунёди Мубориза бо коррупсия ҳам тасдиқ карданд. Георгий Албуров ин хабарро нашр кард ва гуфт, моҳи августи соли 2015 манзиле

дар Петербург, ки дар гузашта хонаи Людмила Александровна Путина буд, моли хусусии Людмила Александрова Очеретная шуд. Рӯзу моҳ ва соли таваллуди ин зан бо тамоми маълумоти ҳамсони ҳамсари собиқи президенти Русия мувофиқат мекунад.

Владимир Путин моҳи июли соли 2013 дар бораи талоқаш бо Людмила Путина хабар дод. Худи хонум Путина он вақт гуфт, ки муносибатҳои онҳо бо сабаби «аз ҳамдигар солҳо дур зистани ҳамсарон» дигар тамом шуд. Вай гуфт, ки ҳамсараш пайваста кор мекунад, фарзандон ба воя расидаанд ва ҳар яки онҳо муддатҳо боз зиндагии хусусии худро дорад. Владимир ва Людмила Путина 30 сол зери як бом зиндагӣ кардаанд.