"Маҷнун"-и як духтари бадахшӣ

Валерий Анатолев

Ишқи як духтари бадахшонӣ, як ҷавони украиниро ба маънии томаш маҷнун карда ва ба кӯҳу саҳроҳои Тоҷикистон андохтааст.
Валерий Анатолев, ки ҳоло 43 сол дорад, 10 сол боз дар Тоҷикистон аст ва ҳоло маҷнунвор дар хаймае дар соҳили рӯдхонаи Душанбе зиндагӣ мекунад.

Валерий 10 сол пеш дар Маскав шефтаи Лутфия ном як духтари бадахшонӣ шуда ва барои хостгории ӯ ба Бадахшон рафтааст, вале аз падару модари Лутфия ҷавоби рад гирифтааст. Валерий Анатолев аз Лутфия дил канда натавониста, бо ёди ӯ ва дар ватани ӯ зиндагӣ мекунад. Вақте, ки мо ба назди хаймаи ин марди ба истлилоҳ ошиқ омадем, вай бо риши расида ва муйи ҷӯлида ба истиқболи мо омад. Сарфи назар аз шароити ногувор Валерий хушҳол ва ором ба назар мерасид ва аввалин сухане, ки бо мо кард, гуфт, ба хотири ишқи ҳақиқӣ тарки ватану пайвандон кардааст. Валерий мегӯяд, агарчӣ Лутфияро соли 2003-юм вохӯрд, аммо ин арӯси орзӯҳояшро аз ин пештар дар хобаш дида буд.

Валерий Анатолев зимни сӯҳбат бо хабарнигори "Озодӣ".

Вай қисса мекунад, «ман дар Маскав дар хонаи як сарватманде боғбон будам, ҳамроҳи ман ду нафар ҷавони бадахшонӣ низ кор мекард. Яке аз онҳо Саид ном дошт ва ин духтар рӯзе ба аёдати ӯ омада буд. Вақте бори аввал дар рӯ ба рӯям омад, тамоми вуҷудамро ларза фаро гирифт ва лаҳзае карахт шудам. Чун маҳз чеҳраи ҳамин духтарро дар хоб дида будам. Ин ҳаяҷони ман Лутфияро дар шигифт андохт ва ӯ ҳайрон-ҳайрон ба ман менигарист. Ман кӯшиш мекардам, бо ӯ сӯҳбат кунам вале вай аз ман дурӣ меҷуст. Ман он вақт хислати духтарони шарқиро хуб намедонистам ва ин рафторашро намефаҳмидам. Аммо баъдан ҳис кардам, ки ӯ низ дар нисбати ман меҳр пайдо кардааст. Аммо вай баъди чанде Лутфия ба ватан баргашт ва гуфт, ки ӯро ба шавҳар медиҳанд.»

Валерий чунин қисса мекунад, «падараш маро ба наздаш даъват кард ва гуфт, чӣ магар дар Украина духтар кам аст? Дигар аз пайи духтари ман нагард." Баъдан маро мақомот боздошт карданд ва зиёд пурсупос намуданд, ки чаро ман ба Бадахшон омадам? Шояд мақсадам маводи мухаддир ва ё сангҳои қимматбаҳо бошад. Ман ҳарчанд ба онҳо мефаҳмондам, ки ҳадафам ба ҷуз аз издивоҷ бо дӯстоштаам чизе нест, бовар накарданд ва маро ихроҷ намуданд.»

Ҳамин тавр Валерий ба Украина баргашт ва як сол баъд аз дӯстони бадахшонияш шунид, ки Лутфия то ҳанӯз ҳам шавҳар накардааст. Бо шунидани ин хабар Валерий боз ба Тоҷикистон омад ва пойи пиёда ба Хоруғ рафт. Аммо ин дафъа низ пайвандон барои дидани дӯстдоштааш монеъ шуданд ва Лутфияро ба шавҳар доданд.

Валерий, ки қиссаи ишқи нокоми "Лайлӣ ва Маҷнун"-и Абдураҳмони Ҷомиро хондааст, ҳаёти худро шабеҳи зиндагии Маҷнун медонанд, ки дар пайи муҳаббат сарсону саргардон шудааст. Аммо бо он, ки зиндагияшро бидуни маҳбубааш тасаввур карда наметавонад, қарор дод дар Тоҷикистон бимонад.

Валерий мегӯяд, «ҳарчанд Лутфия ҳамроҳи ман нест, аммо ҳамеша дар хаёлам боқӣ мондааст. Ман ғоибона бо арӯси орзӯҳоям сӯҳбат ва ҳастияшро эҳсос мекунам. Ман аз қувваи ғайбие, ки дорам, ҳамеша аз ҳоли ӯ бохабарам. Ва ҳатто ҳис мекунам, ки ӯ соҳиби фарзанд аст».

Акнун Валерий хуб медонад, ки Лайлии сонияш феълан дар канори ӯ буда наметавонад ва мегӯяд, дигар ишқ неву дардаш боқӣ мондааст. Ҳоло ӯ дуо мекунад, ки ин дард ӯро раҳо кунаду ба зиндагии инсонӣ баргардад. Аммо то он дам Валерий дар хаймаи худсохтааш, ки сарпаноҳе надорад, ба сар мебарад. Ӯ мегӯяд машғулияти ҳаррӯзааш дигар гузаронидани рӯзгори худ ва хондани китоб иборат аст. Ӯ аз ҷаҳони иттилоъ дур мондаву намедонад, ки чи ояндае ӯро дар пеш интизор аст.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

"Маҷнун"-и як духтари бадахшӣ